Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги ду сокини Бохтар аз таби хунин


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Фотима Қосимова ва Сафархон Шарифов – ду сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон – баъди газидани канаи гов ба бемории таби хунин (лихорадка) гирифтор шуда ва дар бемористон ҷон додаанд. Мақомоти Бохтар 14 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки Фотима Қосимова 48 сол дошта, Сафархон Шарифов ҳамагӣ 17-сола буд ва дар синфи даҳум мехонд.

Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Бохтар ба Озодӣ гуфт, Сафархон Шарифов ҳамроҳи модараш Гулчеҳра Шарифова ба бемористон интиқол ёфта, вале табибон тавонистаанд танҳо дувумиро наҷот диҳанд.

Аз даргузашти ин ду нафар бар асари таби хунин ба камияш чор рӯз гузаштааст, аммо мақомот тоза ин хабарро дар суҳбат бо Озодӣ тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, дар ҳоли ҳозир боз се сокини минтақа аз таби хунин ранҷ мекашанд ва пизишкон барои ҷилавгирӣ аз паҳн шудани ин беморӣ тамоми чораҳоро андешидаанд. "Ин се нафар бо Фотима Қосимова ва Сафархон Шарифов ҳеҷ пайванди хешутаборӣ надоранд. Ҳоло онҳо таҳти назорати табибон ҳастанд," - гуфтанд дар ҳукумати ноҳияи Бохтар.

Сайдулло Маллазода

Сайдулло Маллазода

Сайдулло Маллазода, сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Хатлон низ дар суҳбат бо Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Вай гуфт, бемории хатарбори таби хунин рӯзи 5 июл дар ноҳияи Бохтар сабт шуда, то кунун тамоми талошро кардаанд, ки миқёси ин беморӣ васеътар нашавад.

Ӯ афзуд, "ҳоло дар ҳама шаҳру навоҳии минтақа бо мардум кор мекунем. Мардумро аз хатари ин беморӣ огоҳ карда ва ба онҳо мефаҳмонем, ки чигуна бояд худро эмин доранд ва ё дар ҳолати гирифторӣ зуд ба пизишкон муроҷиат кунанд."

Дар ҳамин ҳол, Раҷабалӣ Юлдошев, муовини додситони вилояти Хатлон гуфт, сабти бемории сироятии таби хунин дар ноҳияи Бохтар онҳоро низ нигарон кардааст. Вай гуфт, ин беморӣ вазъи начандони хуби санитарию эпидемиогоиро бозгӯ мекунад, ки ҳоло мавриди санҷиш қарор гирифта, хулосааш дертар эълон хоҳад шуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ним соли гузашта панҷ ҳолати гирифторӣ ба таби хунин дар кишвар ошкор шудааст.

Пизишкон бемории таби хунинро аз қабили бемориҳои хатарноки сироятӣ унвон мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳангоми гирифтор шудани инсон ба ин беморӣ агар нафари сироятёфта дар муддати 3-5 рӯз зери назорат гирифта нашавад, бемор ба марг рӯ ба рӯ хоҳад гашт.

XS
SM
MD
LG