Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии ду хирси нохунсафед дар Мурғоб (ВИДЕО)


Хирсҳои нохунсафед қабл аз раҳоӣ
Хирсҳои нохунсафед қабл аз раҳоӣ

Дӯстдорони табиат дар Бадахшон раҳоии ду бачаи хирси нодири нохунсафедрo дар минтақаи Аличӯри ноҳияи Мурғоб ташаббусе қобили дастгирӣ медонанд.

Дар шабакаи “Youtube” рӯзи 14-уми феврал наворе нашр шуд, ки дар он раҳоии ду хирсбачаи нодири нохунсафед аз ҷониби намояндагони созмони байналмиллалии ҳифзмуҳитзистии мавсум ба «Panthera» дар Тоҷикистон дар минтақаи Аличӯр раҳо карда мешаванд.

Кормандони ин созмон, ки дар навор сӯҳбат мекунанд, мегӯянд, ин корро ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта ба хотири ҳифз ва афзоиши ин ҳайвони нодир анҷом додаанд. Ин ду хирсбачаи ятимро як сол пеш аз кӯҳистон пайдо карда буданд ва баъди як соли парвариш ҳомиёни муҳити зистт тасмим гирифтанд, то онҳоро ба лонаи табиияшон сар бидиҳанд.

Абдулназар Абдулназаров, мудири собиқи Боғи миллии Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан хирсҳои нохунсафед дар ноҳияи Мурғоб дар арафаи нобудшавӣ қарор доранд ва чунин иқдомҳо барои ҳифзу афзоиши онҳо саривақтист.

Хирсбачае бо номи Миша дар Мурғоб
Хирсбачае бо номи Миша дар Мурғоб

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ҳоло дар ноҳияи Мурғоб на бештар аз 20 сар хирси нодири нохунсафед боқӣ мондааст: “Ин хирси нодир аст, ки хӯрокашон ҳам ҳоло кам шудааст. Онҳо аслан харгӯш ва суғур мехӯранд. Инҳо танҳо мегарданд ва бар асоси охирин ҳисобҳ, шумораашон хеле кам боқӣ мондааст. Дар ноҳияи Ванҷ ва Дарвоз ҳам хирс ҳаст, вале онҳо дигар навъи хирсанд. Хирси нохунсафед фақат дар Мурғоб ҳаст.”

Талоши намояндагони созмонҳои ҳифзи муҳити зист барои наҷоти навъҳои нодири хирс дар ҳолест, ки аз шикори пайвастаи онҳо дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон хабар нашр мешавад.

Абдулқодир Маскаев, сардори шӯъбаи ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти Кумитаи бозрасии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, охири соли гузашта се сокини ноҳияи Рашт барои шикори хирси малламӯй 43 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд: “Хирси малламӯй ҳам нодир аст. Кормандони мо ин се сокини Раштро ҳангоми пӯст кардани хирси малламӯй боздошт карданд. Онҳо мехостанд, пӯст ва равғанашро бо худ бигиранд. Ҳадафи шикорашон ҳам пӯсту равғани хирс будааст.”

Бо вуҷуди шикори бераҳмона мавориди кам аст, ки шикорчиёнро ҳангоми шикори хирс боздошт ва ҷарима кунанд. Соли гузашта дар мавзеи Сарихосори ноҳияи Балҷувон ҷасади ду хирсро пайдо карданд. Зимни таҳқиқ маълум шудааст, ки ин хирсҳои вайшӣ бо чанде аз паррандаҳои лошахӯр ба иллати заҳролуд шудан ба ҳалокат расидаанд.

Мираҳмад Давлатов, мудири хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб мегӯяд, чорводорон ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаи гургу хирс дар бадани ҳайвоноти хонагияшон маводи заҳрогин пошида, ба саҳро партофтаанд ва ҳайвоноти ваҳшӣ ҳангоми истеъмол ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи Давлатов, чорводорон ба олами ҳайвонот бо ин амали худ зарари ҷиддӣ расонидаанд.

Ӯ гуфт, "онҳо мехостанд танҳо аз гургу хирс халос шаванд, вале дар ин ҷо каргасҳо, рӯбоҳҳо ва дигар ҷонварҳои гӯштхӯр ҳам ба ҳалокат расиданд. Ин амал чандтарафа зарар расонд. Мутаассифона, мо дар ҷангалҳои калон ва деҳоти атроф натавонистем, онҳоеро, ки чунин амал кардаанд, пайдо карда ҷазо диҳем."

Дар Тоҷикистон беш аз 5 намуди хирс зиндагӣ мекунад, ки бар асоси охирин ҳисобҳо, шумораашон ҳудуди 2 ҳазор сарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG