Пайвандҳои дастрасӣ

Ин ду аксро як хонандаи Озодӣ бо номи мустаори Ронанда фиристодааст, ки мегӯяд, ин аксҳоро рӯзи 11 январ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ гирифтааст.

Ин ду акс, ки як хонандаи Озодӣ бо номи мустаори ронанда фиристодааст, дар яке аз рӯзҳои пурбарф дар роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ гирифта шудааст. Ин шоҳроҳи муҳимтарини Тоҷикистон, ки шимоли кишварро бо марказ ва ҷануби он мепайвандад, аксаран аз манотиқи кӯҳистонӣ мегузарад ва ба ин далел дар фасли сармо аксари рӯзҳо пур аз барф аст.

Хонандаи Озодӣ, ки ин аксҳоро рӯзи 11 январ бардоштааст, "набард"-и мошинҳо бо кӯҳҳои барф дар шоҳроҳро бо филми "Форсаж" ташбеҳ дода ва ба ин далел ин аксҳоро "Форсажи тоҷикӣ" ном кардааст.

Душанбе-Чаноқ 11.01.2015

Душанбе-Чаноқ 11.01.2015

Шумо низ агар акс ё навори зебое дидед, ҳатман ба Озодӣ бифиристед ва он дар гӯшаи "Саҳифаи хонандагон" нашр хоҳад шуд. Мунтазири аксҳову наворҳои зебои Шумоем!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG