Пайвандҳои дастрасӣ

Тифлони "дерпазак"-и бобои Қаюмшои 90-сола ва ҳамсари 33-солаи ӯ (ВИДЕО)


Як мӯсафеди 90-сола аз ноҳияи Вахш, ки дар 3 соли охир соҳиби ду фарзанди дигар шудааст, аз раисиҷумҳур хостааст, ки давлат барои ӯву фарзандони "дерпазак"-аш хона бисозад.

Як пирамарди 90-сола, ки аз ҳамсараш 57 сол (!) калонтар асту дар пиронсолӣ соҳиби ду фарзанд (!!!) шудааст, аз раисиҷумҳурии Тоҷикистон хостори сарпаноҳ шуд, то дилпур бошад, ки баъд аз сари ӯ ин фарзандони “дерпазак”-аш хор намешаванд.

Қаюмшо Ҳалимов, сокини 90-солаи ноҳияи Вахш, бовар дорад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба доди ӯ мерасад ва агар дар ивази хидматҳояш ба кишвар барои ӯ манзиле диҳанд, ӯ натанҳо кӯдакони феълиашро саробонӣ мекунад, балки боз як фарзанди дигар ҳам ба дунё хоҳад овард.

Бобои Қаюмшо рӯзи 18 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар соли 2010, пас аз вафоти ҳамсари якумаш бо Зӯҳро Ҳалимоваи он замон ҳамагӣ 29-сола дубора издивоҷ кард ва аз ин издивоҷ дар 87-солагӣ соҳиби як духтар бо номи Фотима ва баъдан писаре бо номи Абдураҳим шуд.

​Ин мард, ки дар зодрӯзи духтараш Фотима сӯҳбат мекард, гуфт, давлату ҳукумат набояд хизматҳои ӯро нодида гиранд: «Барои ояндаи фарзандонам, ки дар дашт намонанд, аз давлат хоҳиш ва умед дорам, ки бароям як хона бисозанд. Охир ман умре кор кардам ва хидматам ба давлат расидааст, бояд моро қадр кунанд ва кумакамон намоянд.»

Ба гуфтаи Бобои Қаюмшо, писаронаш зани ҷавонро бо ваъдаҳои зиёд ба никоҳаш дароварданд, вале ҳоло ӯ бо аҳли оилаи наваш – ӯ, ҳамсараш, ду фарзанди муштаракашон ва писари Зӯҳро Ҳалимова аз шавҳари қаблиаш - дар як ошхона зиндагӣ доранд: «Писарам ба ин зан пеш аз онки дар никоҳи ман медарояд, мегӯяд, ки хона мехарем ва занам бо вуҷуди пиронсол будани ман розӣ мешавад. Вале ҳозир 5 нафар дар ошхона зиндагӣ мекунем, ки ҷои танг аст ва зиндагӣ душвор аст. Ҳамсарам мегӯяд, ки агар ту бимирӣ, баъди сари ту мо чӣ кор мекунем? Дар гузашта хонаамро ба писари дигарам дода будам ва инҷо омадам, ки боз фарзанддор шудам.»

Бобои Қаюмшо мегӯяд, ки як моҳи ахир дар пойҳояш дард эҳсос мекунад, аммо бештар фикри ҳамсару фарзандонаш ӯро азият медиҳад, ки ояндаи хубе дошта бошанд. Ӯ мегӯяд, борҳо ба ҳукуматҳои ноҳияҳои Вахш ва Ҳамадонӣ муроҷиат кардааст, вале касе ба доди ӯ нарасидааст.

Аммо Зӯҳро Ҳалимова, ҳамсари бобои Қаюмшо дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ки аз шавҳари пешинаш бо як писар ҷудо шуда ва баъди 8 сол дар хонаи падар мондан ба умеди сарпаноҳ ба бобои Қаюмшо издивоҷ намуд. Ҳарчанд ба гуфтаи Зӯҳро, пайвандонаш мухолифи издивоҷи ӯ бо бобои Қаюмшо буданд ва бо гузашти солҳо низ ин издивоҷро напазируфтанд, аммо вай худро бо ин мӯйсафед хушбахт мепиндорад.

Бобоҷон Ҳалимов, набераи бобои Қаюмшо мегӯяд, ки мардум нисбат ба зиндагии бобои 90-сола ва ҳамсари ҷавонаш назарҳои мухталиф доранд, ки гоҳо онҳоро нороҳат месозад. Вай афзуд: «Мардум ҳар чиз мегӯяд, вале мо ба гуфти мардум аҳамият намедиҳем, мо хушҳолем, ки бобои мо дар ин синну сол соҳиби фарзанд шуд. Ман ки аммаи яксола ва амаки дусола дорам, аз диданашон хушҳол мешавам.»

Қаюмшо Ҳалимов баъди бозгашт аз Ҷанги бузурги ватанӣ дар зодгоҳаш - ҷамоати Сари Хосор котиби ҳизби коммунист буд. Баъдан вай ба ноҳияи Маскав ( ҳоло - Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) кӯчида, дар вазифаҳои мухталиф кор кардааст. Ва ӯ ҳоло бо дарназардошти ҳамин хидматҳояш дар ободии диёр дар овони пирӣ аз роҳбари давлат кумак хостааст.

Ҳоло Бобои Қаюм дар хонаи писаронаш зиндагӣ дорад ва фарзандонаш мегӯянд, ҳадафи падари мӯйсафедашон аз муроҷиат ба раисиҷумҳур барои дарёфти манзил соҳиби боз як фарзанд шудан аст. Чун ба таъкиди писарони бобои Қаюмшо, падарашон гоҳ-гоҳе ин орзуяшро ба фарзандон ҳам баён мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG