Пайвандҳои дастрасӣ

60 рӯз боз дар хайма. Додхоҳии сокинони Қумсангир (7 АКС)


Сокинони аз офати табиӣ осебдидаи шаҳраки Дӯстии ноҳияи Қумсангир, ки бехона мондаанд, ҳоло дар гармои беш аз 40 дараҷа дар зери хаймаҳо зиндагӣ мекунанд ва аз мақомот кумак мехоҳанд.

Сокинони шаҳраки Дӯстии ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон мегӯянд, ҳукумати маҳаллӣ, ки гуфта буд ба зарардидагон кӯмак мекунад, аммо ба ғайр аз кӯмаки каме аз маҳсулоти сохтмонӣ дигар суроғи онҳо намеояд ва дар гармои тобистон дар зери хаймаҳо зиндагӣ доранд. Ба гуфтаи сокинон, хаймаҳое, ки ба онҳо додаанд, дар чунин гармӣ муносиб нест ва дар он зиндагӣ кардан хеле мушкил аст.

Муҳаммад, сокини шаҳраки Дӯстӣ ва яке аз онҳое, ки манзили зисташ зимни омадани сел вайрон шудааст мегӯяд, ҳукумати ноҳия баъд аз офати табиӣ як миқдор маҳсулоти сохтмонӣ доданд, аммо худи сокинон хонаҳои худро месозанд. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи вай, сокинон барои сохтмони манзилҳои худ аз маҳсулоти сохтмонӣ танқисӣ мекашанд. Муҳаммад гуфт, мақомоти ноҳия гуфтааст, корро шурӯъ кунанд, боз кӯмак хоҳанд кард, аммо дигар касе ба суроғи онҳо нарафтааст.

Як сокини дигари ин шаҳрак дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо низ дар гармии тоқатфарсо дар зери хайма зиндагӣ доранд ва барои сохтмони манзили вайроншудааш мушкили маҳсулоти сохтмонӣ пеш омадааст. Вай афзуд, аз ҳукумати ноҳия як миқдор маҳсулоти сохтмонӣ аз қабили санг, семент кӯмак расондаанд, аммо ин хеле ночиз мебошад:

«Ҳамон вақт каме маҳсулоти сохтмонӣ оварданд, дигар ҳеҷ кас сурағамон намеояд. Ин кӯмаке, ки кардаанд ночиз аст, дар умум маблағи маҳсулоти овардаашон тахминан 5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Аммо барои сохтани хона маҳсулоти бештар лозим аст. Чанд маротиба ба мақомот муроҷиат кардам, ки ақалан каме хок лозим шудааст ба мо диҳанд, аммо то ҳол хабаре нест.»

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, бинобар гармии аз ҳад зиёд, кӯдаконашро аз зери хаймаҳо ба хонаҳои дигар наздиконашон бурдаанд то дар гармои зери хайма бемор нашаванд.

Аммо Тағоймурод Ҳасанов, як масъули ҳукумати ноҳияи Қумсангир гуфт, ки ба ҳамаи зарардидагон ба қадри имкон кӯмак кардаанд ва "бо фароҳам шудани имкон" боз кӯмак хоҳанд кард. "Чӣ қадаре ки ноҳия имкон дошт, ба онҳо кӯмак кард. Кӯмакҳо ба ҳамаи ин сокинон баробар тақсим карда шуд," - гуфт Ҳасанов. Аммо ин ҳамсӯҳбати мо дар бораи ҳаҷми ин кӯмакҳо рақами мушаххасе нагуфт.

Шаби 12 май дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон нерӯи барқ қатъ гардид ва дастгоҳи обкашонии дарёчаи канори ин маҳал аз кор монд. Дарёчае, ки аз канори шаҳраки Дустӣ мегузашт, аз об пур шуда ва дастгоҳи обкашониаш ба сабаби бебарқӣ аз кор монд, то обро берун партояд. Ҳамин тавр оби ин дарёча ба манзилҳои сокинон даромада, даҳҳо манзилро хароб кард. Ба гуфтаи сокинон, дар натиҷаи ин фалокат 15 хона пурра ва даҳҳо хона қисман хароб шуда.

Ҳоло сокинони ин маҳал дар гармои шадид дар зери хаймаҳо зиндагӣ мекунанд ва аз ҳукумати ноҳия барои сохтмони хона кӯмак мехоҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG