Пайвандҳои дастрасӣ

Ду сокини деҳаи Гулисойи ноҳияи Восеъ, ки бо гумони узвият ба ҳаркати салафия чаҳор моҳи пеш боздошт шуда буданд, раҳо гардиданд.

Ин нафарон дар ҳоле озод шудаанд, ки дар як барномаи телевизионӣ «ба гуноҳи худ иқро шуда буданд» ва дар охирин мурофиа аз ҳимояи вакили дифоъ даст кашиданд.

Шералӣ Холов ва Ҷӯрахон Шарипов авали моҳи майи соли равон пас аз як баҳс бо имомхатиби деҳа аз ҷониби кормандони Раёсати умури дохила дар минтақаи Кӯлоб боздошт шуданд ва нисбати онҳо додситонӣ бо гумони шомил будан ба ҳаракати мамнӯи салафия айб эълон кард.

Аммо Раҳмоналӣ Раҷабов, ки вакили дифои ин ду нафарро бар дӯш дошт, мегӯяд, қабл аз муроифаи охирин нафарони зери ҳимояташ аз вакилии ӯ даст кашиданд: «Боздоштгоҳ рафтам, ки онҳо аллакай озод шуданд. Қаблан наздиконаш гуфтанд, ки дигар дар мурофиа иштирок накунам. Дигар аз ҷузъиёт хабардор нестам, аммо аниқ онҳо раҳо шудаанд.»

Шералӣ Холов

Шералӣ Холов

Наздиконаш дар ин маврид аз сӯҳбат парҳез мекунанд, аммо Раҳмоналӣ Раҷабов мегӯяд, касе аз шоҳидон алайҳи ин ду нафар шоҳидm надоданд ва мантиқан онҳо гуноҳе надоштанд. Аммо ин вакили дифоъ мегӯяд, эътимол онҳоро ҷазои сабуктаре дода раҳо карда бошанд.

Раҳоии онҳо дар ҳолест, ки ҳудуди 50 сокини Гулисой бо нишони эътироз назди додситонии минтақаи Кӯлоб ҷамъ омада, ба бегуноҳии ҳамдеҳаашон таъкид карда буданд. Акобир Изатуллоев, додситони минтақаи Кӯлоб ба эътирозгарон ваъда дода буд, ки парванда дар доираи қонунҳои ҷорӣ ва бидуни ғараз тафтиш мешавад.

Салафия аз соли 2008 дар Тоҷикистон ҷараёни мамнӯъ шинохта шуда, аз он замон то кунун даҳҳо нафар аз пайравони он ба зиндон маҳкум шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG