Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин дидори Содиқов бо ҳамсараш дар боздоштгоҳ


Содиқов бо аҳли хонаводааш. Акс аз саҳифаи Мушарраф Содиқова дар Фейсбук

Содиқов бо аҳли хонаводааш. Акс аз саҳифаи Мушарраф Содиқова дар Фейсбук

Ҳамсари Александр Содиқов мегӯяд, ҳафтаи гузашта тавонистааст бо шавҳараш дар боздоштгоҳи мулоқот кунад.

Мушарраф Содиқова, ҳамсари Александр Содиқов, як пажӯҳишгари ҷавон, ки аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон бо гумони ҷосусӣ боздошт шудааст, дар саҳифааш дар Фейсбук хабар додааст, ки тавонистааст рӯзи 27 июн билохира ба дидори шавҳараш дар боздоштгоҳ бирасад.

Мушарраф Содиқова дар Фейсбук аз ҷумла навиштааст: "Хушбахтона, имрӯз мо имконияте пайдо кардем, ки ҳамдигарро ба оғӯш кашем. Оҷонсӣ (КДАМ) меҳрубонӣ кард ва ба ман иҷозат дод, ки шавҳарам Александрро барои нахустин бор дар шароити боздоштгоҳ бубинам. Барои онҳое, ки аз сарнавишти ӯ нигарон ҳастанд, мегӯям, ки ҳоли Алекс хуб аст. Ӯро шиканҷа ё лату кӯб накардаанд. Вай гуфт, ки рафторашон одилона аст. Мо ҳарду умедворем, ки ҳамаи ин чизҳо базудӣ анҷом меёбад ва гурӯҳи тафтишотӣ хулосаҳои дуруст бароварда ӯро озод хоҳанд кард."

Унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада Александр Содиқови 31-сола зодаи ноҳияи Панҷакент буда, дар Душанбе дар Донишгоҳи славянӣ таҳсил кардааст ва аз соли 2011 дар Канада ба сар мебурд. Ӯ дар аввалҳои моҳи июн ба Тоҷикистон омад ва рӯзи 16 июн дар маркази Бадахшон боздошт шуд.

Даъвати 10 анҷумани илмӣ ба раҳоии Содиқов

Боз 10 анҷумани илмӣ, ки мегӯянд, 30 000 донишманду муҳаққиқро муттаҳид мекунанд, рӯзи 30 июн муроҷиатномаи муштаракеро нашр карданд, ки дар он ба раҳоии пажӯҳишгари тоҷик Александр Содиқов даъват мешавад.

Зери ин муроҷиатнома Шӯрои мудирони 10 анҷуман -

Анҷумани амрикоии антропологҳо,

Анҷумани амрикоии устодони забонҳои славяниву Аврупои шарқӣ, Анҷумани таҳқиқоти Аврупои шарқӣ ва АвроОсиё,

Анҷумани таҳқиқи миллатҳо,

Ҷамъияти бритониёии омӯзиши кишварҳои славянӣ ва Аврупои шарқӣ, Ҷамъияти бритониёии сотсиологҳо,

Ҷамъияти бритониёии таҳқиқи динҳо,

Ҷамъияти таҳқиқоти АвроОсиёи Марказӣ ва

Ҷамъияти аврупоии таҳқиқи Осиёи Марказӣ - имзо кардаанд.

Дар ин муроҷиатнома ин анҷуманҳои илмӣ бо изҳори нигаронӣ аз боздошти Александр Содиқов аз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов тақозо мекунанд, то ин муҳаққиқи ҷавонро ҳарчӣ зудтар раҳо кунанд.

Наздикони Содиқов барои ӯ 2 вакил гирифтаанд

Александр Содиқов

Александр Содиқов

Дар ҳамин ҳол, наздикони Александр Содиқов, ки аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ҷосусӣ гумонбар дониста мешавад, барои ҳимояи ӯ ду вакили мудофеъ гирифтаанд. Наздикони Александр Содиқов рӯзи 30 июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои ҳимояи ӯ ду адвокат - Абдуқаюм Юсуфӣ ва Ҳасан Кавраковро интихоб кардаанд ва феълан онҳо барои ошно шудан ба парванда омодагӣ доранд.

Вакилони мудофеъе, ки аз тарафи хонаводаи Содиқов интихоб шудаанд, феълан бо Зафар Расулов - адвокати аз тарафи давлат таъиншуда дар ин парванда - ҳамкорӣ доранд ва гуфта мешавад, ки онҳо барои ворид шудан ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) омодагӣ мегиранд.

Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонтои Канада, ки дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгарони бритониёӣ ба хотири таҳқиқи эътирозҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ ба Тоҷикистон омада буд, рӯзи 16 июн дар маркази шаҳри Хоруғ ҳангоми мулоқот бо Алим Шерзамонов – раҳбари созмони вилоятии ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ва яке аз намояндагони эътирозгарон – боздошт шуд. Мақомот баъдан бидуни эълони исми ягон кишвари мушаххас эълон карданд, ки Содиқов ба ҷосусӣ айбдор мешавад.

Абдуқаюм Юсуфӣ

Абдуқаюм Юсуфӣ

Мақомоти Тоҷикистон Содиқовро тибқи банди 305-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба “хиёнат ба ватан” ва “фош кардани асрори давлатӣ” муттаҳам мекунанд. Барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз 10 то 20 соли зиндон ҷазо таъйин шудааст. Александр Содиқов мегӯяд, ки ба хотири таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ дар шаҳри Хоруғ ба маркази Бадахшон сафар карда буд.

Боздошти Содиқов ба мавҷи давомдори интиқодҳо дар берун аз Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст. САҲА, ИА ва Ҳюман Райтс Вотч ба ҳимоят аз ӯ садо баланд карда, Афви байналмилалӣ Александр Содиқовро маҳбуси сисёӣ номид. Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” итттиҳомоти зидди ин пажӯҳишгарро “сафсаттаомез” хонда, аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии ӯро талаб кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG