Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонфидоии модар барои наҷоти Шарофати 3-сола (ВИДЕО)


Ду ҷарроҳии ҷигар дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Ду ҷарроҳии ҷигар дар Душанбе

Дар 2 рӯзи охир дар Маркази миллии пайванди узв ва бофтаҳои инсон аз сӯи ҷарроҳони тоҷик ва эронӣ ду ҷарроҳии ҷигар анҷом шудааст. Хабарнигори Озодӣ аз ин беморон хабар гирифт.

Дар ду рӯзи ахири моҳи декабр дар Тоҷикистон дар Маркази миллии пайванди узв ва бофтаҳои инсон аз сӯи мутахассисони тоҷик ва эронӣ ду ҷарроҳии мушкили пайванди ҷигар, аввал аз модар ба кӯдак ва дуввум аз хешутабор ба марди 59 сола сурат гирифт.

Бо гузашти ду рӯз аз ин ҷарроҳиҳо, вазъи ҳар ду бемор ва донорҳо хуб баҳогузорӣ мешаванд ва ҳатто иҷозаи роҳ рафтан доранд. Тахмина Боқиеваи 36 сола аз сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пораи ҷигари худро ба ҷигарбанди 3-солааш Шарофат Неъматова тақдим кардааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои наҷоти духтарчааш ба ҳама кор розӣ буд. Ӯ мегӯяд, вақте дар шаҳри Маскав чунин мавридеро дид, ки модар ба духтараш пораи ҷигарашро тақдим кард, ҳамон лаҳза ба қароре омад, ки дар наҷоти духтарчааш таъхир нахоҳад кард.

Абдуқаҳҳор Солиеви 59-сола қаблан ҷарроҳӣ шуда буд, вале он ҷарроҳӣ натавонист маризии ҷигари ӯро шифо бахшад ва дар ниҳоят интихоб яке монда буд, пайванди ҷигари солим. Барои пайдо кардани донор наздикони Абдуқаҳҳор фурсати зиёдеро аз даст доданд ва дар ниҳоят яке аз хешовандон розӣ шуд, ки пораи ҷигари худро ба ӯ тақдим кунад. Пас аз ду рӯзи ҷарроҳӣ Абдуқаҳҳор бар инаст, ки вазъи сиҳатиаш хеле беҳтар шудаст. Вале боз ҳам барои сиҳатии комил тавсияи табибон бояд шадидан риоят шавад ва дармонҳоро сари вақт истифода барад.

Ҳасан Одинаев, донори Абдуқаҳҳор Солиев мегӯяд, тасмими тақдими пораи ҷигар барояш хеле гарон буд, вале чун вазъии бади сиҳатии Абдуқаҳҳорро ва зораву таваллои наздикони ӯро дид, дигар ба хулоса омад, ки зери теғи ҷарроҳӣ меравад.Ва бо ин ду таҷрубаи аввал, пайванди ҷигар дар Тоҷикистон оғоз шуд, ки яке аз ин малиёт 7 соат ва дуввуми 12 соат идома кард.

Ду ҷарроҳии ҷигар дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Вале табибони Маркази милии пайванди узв ва бофтаҳои инсон дар Душанбе бо ин муваффақият иктифо накарданд ва рӯзи душанбе 29 декабр барои бори аввал дар як рӯз ду амалиёти пайвандсозии гурдаро ба анҷом расониданд, ки ҳар ду низ муваффақона ба поён расид.

Дар маҷмӯъ шумораи ҷарроҳиҳои пайвандсозии гурда дар ин марказ ба 118 адад расид, ки шаш нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд. Барои анҷоми амалиёти пайвандсозии гурда ҳудуди 10 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ мешавад. Аммо дар ду ҷарроҳии пайванди ҷигар хароҷот ҳудуди 50 ҳазор доллари амрикоӣ аст, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон пардохт шудааст.

XS
SM
MD
LG