Пайвандҳои дастрасӣ

Тирпарронӣ дар интихоботи маҳаллии Қирғизистон


Дар натиҷаи ҷанҷоли ҳизбҳои рақиб дар интихоботи Шӯрои шаҳри Қарасуи Қирғизистон тирпарронӣ ба амал омада, се нафар бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфтаанд

Рӯзи якшанбе баҳси ҳизбҳои сиёсии рақиб дар интихоботи Шӯрои шаҳри Қарасуи вилояти Ӯши Қирғизистон, ба ҷанҷоли тарафдорони ҳизбҳо табдил ёфт.

Дар бархӯрд ва тирпарронӣ се нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раиси шӯъбаи ҳизби Қирғиз Ота дар вилояти Ӯш Тулугун Келдибоев гуфт, ки бархӯрд миёни тарафдорони ҳизби сотсиал-демократи ҳоким ва ҳизби мухолифи бир бол ба амал омада буд ва дар натиҷа як нафар аз зарбаи корд ва ду каси дигар аз тири силоҳи оташфишон захм бардошта, фавран ба бемористон интиқол ёфтанд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Ҷурабой Абдураҳимов тасдиқ кард, ки бархӯрд ҷой дошт ва се нафар маҷрӯҳ шудаанд, Вале ӯ гуфт, ки бархӯрд миёни ҳаводорони ҳизби ҳокими сотсиал-демократ ва ҳизби Унугуи мухолифи ҳукумат будааст, на хизби Бир бол:

Бале, табодули оташ рӯзи якшанбе ба қайд гирифта шуд. Тирпаррронӣ миёни ҳаводорони ҳизби сотсиал-демократ ва ҳизби унугу буд. Як нафар аз зарби корд ва ду каси дигар аз тири силоҳи травматикӣ ҷароҳат бардоштааст. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор гирифтааст ва мо нафареро ҷустуҷӯ дорем, ки оташ кушодааст.”

Рӯзи якшанбе раъйдиҳадангони шаҳри Қарасу дар интихоботи пешазмӯҳлат вакилони Шӯрои маҳаллиро интихоб карданд.
XS
SM
MD
LG