Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду имомхатиб аз "имтиҳон" нагузашт


Акс аз сомонаи http://din.tj/ гирифта шудааст.
Акс аз сомонаи http://din.tj/ гирифта шудааст.

Дар кумитаи дини Тоҷикистон ахиран панҷ нафар аз имомхатибони масҷидҳо аз "мувофиқа" гузашта, ду нафари дигар барои такмили дониш то ду ҳафтаи дигар муҳлат гирифтанд.

Дар сомонаи расмии кумитаи дини Тоҷикистон хабар додаанд, ки ахиран "мувофиқакунонӣ"-и дониши имомхатибон бо иштироки раиси кумитаи дин Абдураҳим Холиқов ва раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода доир шудааст ва бо имомхатибон асосан аз қавонини кишвар ва аҳкоми шариат саволу ҷавоб шудаанд. Дар ин хабар омадааст ки "барои аз мувофиқа гузаштани имомхатибон ба онҳо аз ҷониби Раиси Кумита Абдураҳим Холиқов, Раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва сардорони раёсатҳои иттиҳодияҳои динӣ ва танзими анъанаитм ва ҷашну маросимҳо суолу пурсишҳо дар боби шариат, қонунгузории кишвар, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виқдон ва иттиҳодияиҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар қонқнҳои соҳавӣ ироа гардид. Абдураҳим Холиқов дастур дод, ки минбаъд дар Кумита бо мудирони шуъба ва бахшҳои оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дарсҳои умуминазариявии динӣ гузаронида шавад."

Дар маҷмӯъ сатҳи малака ва дониши 5 имомхатиб мавриди санҷиш ё ба таъбири расмӣ, "мувофиқакунонӣ" қарор дода шуд. Аммо 2 имомхатиб аз шаҳри Роғун ва ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аз ин санҷиш нагузаштанд ва ба онҳо «барои такмили дониш ва хубтар аз бар намудани қонунгузории марбутаи соҳа то ду ҳафта муҳлат дода шуд.»

Қаблан масъулони кумитаи дин ба радиои Озодӣ гуфта буданд, ки комиссияи вижаи Кумитаи дини Тоҷикистон иборат аз намояндагони Шӯрои уламо ва масъулони шуъбаҳои дин дар навоҳии кишвар, "мувофиқакунонӣ"-и имомхатибон бо меъёрҳои мазҳаби ҳанафиро оғоз кардаанд. Ба гуфтаи масъулони ин кумита «мувофиқакунонӣ» ин имтиҳон ё санҷиш набуда, балки сатҳи огоҳии имомахатибҳои масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта аз равияю ақоиди мазҳаби ҳанафӣ ва қонунгузории кишвар мебошад.

Ин дар ҳолест, ки комиссияи махсуси Кумитаи дини Тоҷикистон охирҳои моҳи декабри соли гузашта дониши 90 имомхатибҳои масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи вилояти Хатлонро санҷиданд. Аз он миён танҳо як имомхатиб ноком шуда буд. Кумитаи дини Тоҷикистон хабар медиҳад, ки "мувофиқакунонӣ"-и имомхатибҳо дар ҳамаи шаҳру вилоятҳо ва навоҳии кишвар аз ҷониби комиссияи махсус идома дорад.

Масъулони кумитаи дин мегӯянд, «модоме, ки имомхатибҳо дар масҷид масъул ҳастанд, бояд аз мазҳаби ҳанафӣ, ки мазҳаби аслии мардуми Тоҷикистон аст, огоҳии комил дошта бошанд ва тавонанд ба суолҳои мардум посухи комил диҳанд.».

Ҳамчунин шурӯъ аз 3-юми феврал барои имомхатибони шаҳри Душанбе дар маркази исломии Тоҷикистон курсҳои бозомӯзӣ шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи масъулони кумитаи дин, курсҳои бозомӯзии имомхатибон муддати ду моҳ давом карда, устодони соҳаи дин ба онҳо аз боби ақида, аз ҷумла дар "мавзӯъҳои баҳсии шариат, ки боиси ихтилофоти миёни мазҳабҳост", дарс мегӯянд.

Санҷишу имтиҳони донишу малакаи имомхатибон, ё "мувофиқакунонӣ", аз талаботи қонуни динест, ки аз соли 2009 дар Тоҷикистон амал мекунад. Аммо ин тақозо ба интиқоди тунд дар ҳалқаҳои динӣ рӯбарӯ шуд. мунтақидон аз сӯи ниҳоди давлатие, чун Кумитаи дин санҷида шудани дониши имомхатибоноо муноқиз бо асли Қонуни асосии Тоҷикистон медонанд, ки низоми давлатро дунявӣ ва динро аз давлат ҷудо кардааст.

Аз тарафи дигар, ба бовари мунтақидон, мақомоти давлатӣ мехоҳанд тавассути чунин имтиҳону санҷишҳо рӯҳониёни барои мақомот нохушояндро аз минбари масоҷид дур кунанд. Рӯҳониёни шинохтае,чун Ҳоҷӣ Мирзо, Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ва Мулло Абдураҳими Қазоқониро маҳз дар пайи ба иҷро даромадани қонуни кунунии дин аз мақоми имомат дар масҷидҳо дур карданд.
XS
SM
MD
LG