Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дусад муҳоҷири тоҷик аз Русия ба ҷангҳои Сурия рафтаанд


Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Генерал Рамазон Раҳимзода -- вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, то ин дам 200 муҳоҷири тоҷик майдонҳои кор дар Русияро ба майдонҳои ҷанг дар Сурия иваз кардаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, гуфтааст, то кунун 200 ҷавони муҳоҷири тоҷик майдонҳои кор дар Русияро ба майдонҳои ҷанг дар Сурия иваз кардаанд.

Ӯ ин иттилоъро дар ду мулоқоташ бо ҷавонон дар Душанбе изҳор доштааст, ки тайи моҳи феврали соли ҷорӣ баргузор шуда, аммо натиҷааш ҳамагӣ рӯзи 3 март нашр гардид. Қудратулло Ғуломов, мушовири калони дастгоҳи вазири умури дохилӣ, мегӯяд, ҷаноби Раҳимзода ин теъдод аз муҳоҷирони “ҷиҳодӣ”-ро “гумроҳ” номидааст.

Моҳи ноябри соли гузашта Акрам Амонов -- муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар парлумон низ гуфта буд, дар шаҳри Маскав минтақае бо номи “Проспект мира” вуҷуд дорад, ки аз онҷо ҷангиёнро ба Сурия мефиристанд.

Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиён аз ин кишвар дар Сурияву Ироқро то 300 нафар тахмин мезананд ва мегӯянд, то имрӯз то 60 тоҷик дар ин ҷангҳои бегона дар Ховари Миёна ҷон бохтаанд. Аммо худи ин ҷангиён шумори зодаҳои Тоҷикистон дар як сарзамини аз Ватани онҳо беш аз 4000 километр дурро ба камияш 1000 нафар мегӯянд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбатҳояш бо ҷавонон ва дружиначиён дар моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҳузури гурӯҳҳое дар Интернет ҳам ҳушдор додааст, ки дар пайи “шикор”-и ҷавонони “суст”-анд ва ҳадафшон ноором кардани ҷомеа аст.

“Барои иҷрои ин мақсади хеш онҳо ҷавононро маблағгузорӣ менамоянд, онҳоро барои таҳсил ба мактабҳои ғайрирасмии исломӣ ба хориҷа мефиристанд ва дигар роҳҳоро истифода мебаранд. Натиҷаи ҳамин аст, ки беш аз 200 ҷавони гумроҳ, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштанд, барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ҷалб гардидаанд,”-таъкид кардааст ӯ.

Рамазон Раҳимзода дар идома аз бозпас овардани дусад ҷавони тоҷик аз мадрасаҳои динии Миср ҳам ёдоварӣ кардааст: “Вале бинобар дигар шудани мафкура ва фурӯхта шудани онҳо ба хориҷиён баъзеи онҳо боз ба дигар давлатҳо баргашта дар мактабҳои ғайрирасмии диннӣ боз омӯзиши ифротгароёнаро давом доданд.”

Вазири умури дохилӣ дар ин сӯҳбатҳояш бо ҷавонон оромии даврони Шӯравиро ба пойбанд будани сокинони мусулмони Тоҷикистон ба мазҳаби ҳанафӣ рабт додааст.

Ӯ гуфтааст, “баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон пояҳои ҳукмронӣ суст гардид, хадамоти ҷосусии хориҷӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки хеш фаъол шуданд. Онҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус ҷавононро гумроҳ намуда ба равияҳои тундрави “Ваҳҳобия”, “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, Ҳизби Исломии Узбакистон, “Ансоруллоҳ”, “Ун-насра” ҷалб карданд ва то ҳол ин корро давом дода истодаанд.”

Оқои Раҳимзода аз теъдоди зиёди масҷидҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ тавсиф карда, вале аз шеваи намозгузорӣ танқид намудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG