Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон 200 нафар афзудааст


Паноҳандаҳои афғон дар Тоҷикистон
Паноҳандаҳои афғон дар Тоҷикистон

Шумораи гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон дар пайи нооромиҳои чанд моҳи охир дар вилоятҳои шимолии Афғонистон бештар шудааст.

Масъулони созмонҳои кор бо муҳоҷирони хориҷӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ноамниҳои ахир дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Кундузу Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон боис ба паноҳ овардани шумори зиёде аз афғонҳо ба кишвар шудааст.

Мавҷуда Раҳмонова -- раиси Созмони ғайридавлатии кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони ниёзманд 19 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми ду-се моҳи охир мавҷи паноҳандагони афғон ба Тоҷикистон рӯ овардаанд, ки шумораи онҳо беш аз 200 нафарро ташкил медиҳад. Ӯ гуфт, ин рақам аз рӯи муроҷиатҳое, ки ба онҳо барои ёрӣ ба паноҳандагони афғон сурат гирифтааст, ҳисоб шудааст.

То ҳоло мақомоти расмии Тоҷикистон чунин иттилоъро тасдиқ ё рад накарда ва шарҳ надодаанд, ки агар чунин теъдоди паноҳандагони афғон ба Тоҷикистон омадаанд, дар кадом минтақаи кишвар ба сара мебаранд? Ва оё вуруди онҳо ба Тоҷикистон чигуна сурат гирифтааст ва эҳтимоли дар миёни онҳо гузаштани ҷангиён низ вуҷуд дорад, ё не?

​Аммо Мавҷуда Раҳмонова гуфт, ошкор шудааст, ин 200 нафар ба таври ҷудогона, на муштаракан ва бо дарёфти раводид ё виза вориди Тоҷикистон шуда, ҳоло дар манозили иҷора ба сар мебаранд ва аз вуруди онҳо мақомоти зидахл низ огоҳанд ва ҳамаи онҳо назорат мешаванд. Ӯ мегӯяд, аксари ин паноҳандагон хостори ба кишвари севум интиқол ёфтанашон ҳастанд. Афзоиши сафи паноҳандагон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар чанд соли охир шумораи муҳоҷирони афғон дар кишвар коҳиш ёфта ва намояндагии Созмони Милал дар умури паноҳандагон низ аз ду сол ба ин тараф интиқоли муҳоҷирон ба кишвари саввумро қатъ кардааст.

Кевин Аллен
Кевин Аллен

Кевин Аллен, раҳбари комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон, рӯзи 19 июн гуфт, ҳарчанд бад шудани вазъ дар шимоли Афғонистон нигаронкунанда аст ва то кунун ҳазорҳо танро бехонаву дар кардааст, аммо афзуд, “вуруди зиёди паноҳҷӯёни афғон ба Тоҷикистонро мушоҳида накардаанд”. “Дар ҳоли ҳозир зиёд шудани паноҳандагонеро, ки ҳимояти байнулмилалиро мехоҳанд, мушоҳида накардем. Албатта, аз вазъ дар шимоли Афғонистон нигарон ҳастем ва хатари вуруди муҳоҷирон ба Тоҷикистон аз он сӯи Ому ҳам зиёд аст. Мо ва дигар созмонҳо омодаи кумак дар чунин вазъ ба ҳукумат ҳастем. Вале дар ин ҷо бори дигар мегӯям, ки мо дар марз ҳам будем ва вуруди зиёди муҳоҷирони афғонро мушоҳида накардем,” – афзуд Аллен.

Шимоли Афғонистон моҳҳо боз маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангиёнест, ки ба қавли мақомоти он кишвар аз нерӯҳои тоҷикӣ, чечен ва узбак иборатанд. Дар пайи ин даргириҳо ҳазорҳо тан аз сокинони вилоятҳои Кундузу Бадахшон маҷбур шудаанд, хонаву дари худро партофта барояшон дар минтақаҳо ва кишварҳои дигар ҷой биҷӯянд.

Мавҷуда Раҳмонова, раиси Созмони ғайридавлатии кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони ниёзманд дар посух ба ин суол, ки оё дар сурати афзоиши даргириҳо дар шимоли Афғонистон ва сарозер шудани мавҷи паноҳандаҳои афғон, эҳтимоли қабул шудани онҳо аз сӯи Тоҷикистон вуҷуд дорад, гуфт, "мумкин аст, онҳо ба таври муваққатӣ дар маҳалҳои наздимарзӣ ҷой дода шаванд." Хонум Раҳмонова афзуд, дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ 2500 гурезаи афғон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва 500 тани дигар паноҳҷӯ ҳастанд ва ҳамчун гуреза қабул нашудаанд. Ба гуфтаи вай, ҳоло ҳадаф ин аст, ки муҳоҷирони дар Тоҷикистон будаи афғон дар ҷомеаи кишвар "интегратсия" шаванд ва барои рушди иқтисоди кишвар саҳм гузоранд.

Ба гуфтаи ин масъули созмони кор бо муҳоҷират, паноҳандагони афғон дар инҷо бештар мушкили кору таҳсил доранд ва ниёзманди ёрии молӣ мебошанд. Як гурӯҳ аз гурезаҳои афғон ҳоло дар шаҳри Ваҳдат, бисткилометрии Душанбе, ба сар мебаранд. Зуҳали Абдулмуталиб, гурезаи ҷавони афғон мегӯяд, вақте бобояшро ба қатл расонданд, онҳо ба Тоҷикистон фирор крада буданд. Вай афзуд, ҳоло хонаводаи онҳо дар Ваҳдат зиндагӣ ва кору таҳсил мекунанд ва иҷораи манзилашон дар як моҳ ба сад доллар баробар аст.

Неъматҷон Ҳотамов, намояндаи раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат, низ гуфт, фарзандони гурезаҳои Афғонистон асосан дар мактабҳои 1 ва 5-и ин шаҳр таҳсил мекунанд. “Барои таҳсил намудани кӯдакони паноҳанда монеае нест ва онҳо метавонанд дар тамоми Тоҷикистон таҳсили худро идома бидиҳанд,” -- гуфт ӯ.

Ҳоло 500 кӯдаки гурезаҳои афғон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва 250 нафар дар мактаби “Сомониён”, ки хоси афғонҳо дар Тоҷикистон будааст, таҳсил мекунанд ва ҳудуди 20 нафар дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил менамоянд.

XS
SM
MD
LG