Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Ҳаққонӣ дастгир шуд


Ҷалолиддин Ҳаққонӣ дар замони ҷанг бо Шӯравӣ аз фармондеҳони муҷоҳиддин афғон буд ва баъдан бо Толибон пайваст ва дар ҳукумати Мулло Умар вазорати умури сарҳадотро ба ӯҳда дошт.
Ҷалолиддин Ҳаққонӣ дар замони ҷанг бо Шӯравӣ аз фармондеҳони муҷоҳиддин афғон буд ва баъдан бо Толибон пайваст ва дар ҳукумати Мулло Умар вазорати умури сарҳадотро ба ӯҳда дошт.

Анас Ҳаққонӣ --яке аз раҳбарони шабакаи Ҳаққонӣ аз сӯи маъмурони амниятии Афғонистон боздошт шудааст.

Нерӯҳои амниятии афғон ду рӯз пеш Анас, машҳур ба Абдуллоҳ, писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, яке аз муҳимтарин раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи давлати Афғонистонро боздошт кардаанд. Ҳасиб Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати амнияти миллии Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ боздошти ин афродро як бастоварди бузург хонд ва гуфт, ин кор таъсири хубе ба амнияти он кишвар хоҳад дошт.

"На танҳо дар сатҳи раҳбарии онҳо халал ворид мешавад, балки ин ба сатҳи миёна ва поён онҳо халал ворид мекунад. Боздошти онҳо умедвории моро бештар месозад, ки таъсири он ба фаъолиятҳои гурӯҳи Ҳаққоӣ дар Афғонистон зиёдтар мешавад."

Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон аз боздошти Анас Ҳаққонӣ писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ ва фарди дувуми ин шабака ҳамроҳ бо Ҳофиз Рашид, фармондеҳи низомии ин гурӯҳ хабар дод. Аммо масълуони ин раёсат ҷузъиёт дар мавриди маҳал ва замони боздошти ин афродро ироа накардаанд.

Масъулони амниятии афғон мегӯянд, Анас Ҳаққонӣ дар тасмимгириҳои стратегӣ ва амалиётии шабаки Ҳаққонӣ ба таври мустақим ва ғайри мустақим даст дошта ва масъулияти ҷамъоварии кӯмакҳо барои ин шабакро дар кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ба ӯҳда доштааст. Ҳофиз Рашид низ яке аз фармондеҳони баландпояи низомии шабакаи Ҳаққонӣ дар шарқи Афғонистон ва вилояти Хуст будааст.

Пеш аз ин Насириддин Ҳаққонӣ, бародари Анас Ҳаққонӣ дар соли 2013 дар шаҳри Исломободи Покистон ва Бадриддин Ҳаққонӣ, як узви муҳими дигари шабака дар соли 2012 дар Вазиристони шимолӣ кушта шуданд.

Дар ин ҳол коршиносони масоили сиёсӣ дар Афғонистон боздошти ду узви баландпояи шабакаи Ҳаққониро аз дастовардҳои нахустини рӯзҳои кори ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон хонда ва мегӯянд, ин кор метавонад сабаби камранг шудани фаъолиятҳои ин шабака дар сатҳи минтақа, ба вижа Афғонистон гардад.

Ғафур Лийвол, раиси маркази мутолеоти минтақавӣ ва яке аз коршиносон мегӯяд, "ман фикр мекунам ин як навъ оғози камранг кардани майдони фаъолияти низомӣ барояшон буда метавонад. Аввалин ҳодисаи зинда асир шудан ва дастгир шудани яке аз аъзои хонавода боиси ин хоҳад шуд, ки замина барои фаъолиятҳои онҳо бисёр маҳдуд гардад."

Гуфта мешавад, шабакаи Ҳаққонӣ бар зидди ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико, дар ин кишвар амалиёти низомӣ анҷом медиҳад. Ин шабака аз сӯи масъулони афғон ва амрикоӣ ба унвони яке аз шабакаҳои хатарнок хонда шуда ва тибқи гузоришҳо, аъзои ин шабака дар анҷом додани ҳамлаҳои интиҳорӣ, таркишҳо ва минагузориҳо дар Афғонистон нақши муҳим доштаанд.

XS
SM
MD
LG