Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи "ёрӣ ба ҷиҳод" ба поёни худ наздик мешавад


Наздикони муттаҳамони парвандаи "ёрӣ ба ҷиҳод" дар даромадоҳи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Наздикони муттаҳамони парвандаи "ёрӣ ба ҷиҳод" дар даромадоҳи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои ду тан аз муттаҳамони парвандаи "ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ" мутаносибан 6,5 ва 11 соли зиндон тақозо кардааст.

Зафар Раҳмонов, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 22 июл дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, ки "Олим Ғуломов бо моддаи 36, қисми 5 ва 187, қисми 2, яъне иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ ва ёрӣ ба гурӯҳи ҷиноӣ ва Ҷӯрахон Икромов бо моддаи 307/ 3, қисми 2 барои узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон муттаҳам дониста мешаванд."

Ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, тафтиши парванда мушаххас кард, ки Олим Ғуломов, аз соли 2004 то 2010 дар манзили истиқоматиаш дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ “ба тадриси ифротии динӣ” машғул шуда, инчунин дар ҷамъомадҳои аъзои ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳаракати исломии Узбакистон бо ҳамроҳии Дилшоди Косонӣ, Илолиддин Ғуломов, Ҷӯрахон Икромов, Абдуллохони Абдулаҳад ва Абдуҷаббор Зоҳиров фаъолона ширкат кардааст.




Айбдоркунандаи давлатӣ таъкид кард, ки Олим Ғуломов ва Ҷӯрахон Икромов бо истифода аз китобҳои «Ақидаи динӣ», «Фиқҳулҷиҳоди исломӣ» истифода карда ва роҷеъ ба ширкат дар ҷиҳод ва шаҳид шудан дар роҳи ислом сӯҳбатҳо меоростаанд. Вай гуфт, айбдоршавандагон инчунин наворҳои видеоии Ҳизби исломии Туркистонро низ тамошо кардаанд. Зафар Раҳмонов афзуд, «ҳамчунин Олим Ғуломов ҳангоми дар хонаи домодаш - Дилшоди Косонӣ дар шаҳри Истамбули Туркия буданаш дар соли 2012 бо ҳамроҳии домоди дигараш Равшан Нуриддинов оид ба ширкат дар муборизаҳои беамони ҷангӣ бар зидди шаҳрвандони Амрико дар ҳудуди Афғонистон ва дар ин замина ҷони худро нисор намуданаш маслиҳатҳо додааст.»

Додситон нисбат ба Ҷӯрахон Икромов гуфт, ки аз манзили истиқоматии вай адабиёти ифротгароёна, аз ҷумла "Фиқҳулҷиҳоди исломӣ", "Дифоъ аз Паёмбар" ва "Дифоъ аз Қуръон" ва наворҳо кашфу мусодира шудааст.

Бо ин айбнома ҷаноби Раҳмонов барои Олим Ғуломов 11 ва барои Ҷурахон Икромов 6 - у ним ва соли зиндонро талаб кард.

Аммо вакилони дифои мутаҳҳамон талаби айбдоркунандаи давлатӣ ва айбномаи пешниҳодкардаи ӯро напазируфтанд. Онҳо гуфтанд, Олим Ғуломов ва Ҷӯрахон Икромов гуноҳе надоранд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи Олим Ғуломов гуфт, далели тафтишот дар мавриди даст доштани зерҳимояаш дар таълими ифротгароии ҷавонон саҳеҳ нест. Ба гуфтаи ҷаноби Ёров, Олим Ғуломов солҳои 2004 - 2010 дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ намекард. Ва Дилшоди Косонӣ низ ба духтари Олим Ғуломов дар соли 2005 хонадор шудааст.

Ҳамзамон Бузургмеҳр Ёров таъкид кард, ки Олим Ғуломов бо ҳамроҳии ҳамсараш Оиша Эгамбердиева 8 феврали соли 2013 аз ҷониби кормандони раёсати амният дастгир шуда, худи Ғуломов шаш рӯз ва ҳамсараш се рӯз ғайриқонунӣ дар маҳбас нигоҳ дошта шудаанд.

Ба таъкиди ҷаноби Ёров, ин дар ҳолест, ки дар парванда санаи дастгир шудани Олим Ғуломов бо ҳамсараш 16 феврали соли 2013 нишон дода шудааст: «Ин 6 рӯзе буд, ки нисбати Ғуломов азобу шиканҷа истифода бурда мешуд. Азобу шиканҷа дар шакли он ки нишондодҳое, ки барои мақомотҳои қудратӣ лозим аст ва он нишондодҳое, ки аз шахси бегуноҳ як шахси гунаҳкор месозанд. Вақте муддати дуюм, сеюм, чорум ва панҷум рӯз ӯ нишондод медиҳад, ки ҷиноят содир накардааст, дар бораи ягон хел ҷиноят маълумот надорад, касе ба суханаш бовар намекунад.»

Вакилони дифоъ аз додгоҳ хостаанд, ки бино бар бегуноҳияшон афроди зери ҳимояи онҳо бояд "сафед" ва аз толори додгоҳ озод шаванд.

Дар ҳамин ҳол додгоҳ ба «хонаи машваратӣ» рафта ва қарор аст, ки ҳукми додгоҳ нисбати Олим Ғуломов ва Ҷӯрахон Икромов рӯзи ҷумъа эълон шавад.
Зимнан, мутаҳҳамон Олим Ғуломов, хусур ва Ҷӯрахон Икромов, амаки Дилшоди Косонӣ, ҷавони 33-солае мебошанд, ки мехост дар Афғонистон зидди нерӯҳои НАТО биҷангад ва моҳи августи соли гузашта ҳамроҳ бо боҷааш Равшан Нуриддинов ва се шаҳрванди дигари Тоҷикистон бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Вазиристони Шимолӣ кушта шуданд.

Гуфта мешавад, ки Олим Ғуломов ва Ҷӯрахон Икромов "қурбон" - и ҷинояти содиркардаи домод ва ҷиянашон шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз расман эълон нашудааст, ки Дилшоди Косонӣ ва Равшан Икромов мурдаанд ё зинда. Зеро ягон далели мушаххас дар мавриди марги Дилшоди Косонӣ ва Равшан Нуриддинов дар даст нест. Дар ҳар сурат, ба ЗАГС ё идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоти дигари дахлдор хатти вафоти ин ҷавонон дастрас нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG