Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду задухӯрд дар як шаб дар марз бо Афғонистон


Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон аз ду талоши убури ғайриқонунии марзи ин кишвар аз самти Афғонистон пешгирӣ кардаанд. Дар ин задухӯрдҳо дар минтақаҳои Шӯрообод ва Панҷ ду тан аз марзшиканҳо ҷароҳат бардоштаанд.

Нерӯҳои сарраёсати марзбонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ду қасди убури ғайриқонунии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд. Дар натиҷаи задухӯрдҳо бо марзшиканҳо дуи онҳо захмӣ шуда, аз ҷои ҳодиса 2 мил силоҳ ва 54 кило маводи мухаддир ёфт шудааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи сарраёсати нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 18 июн ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ин ду талоши тақрибан ҳамзамони убури марз шаби 15 ба 16 июн, соати тақрибан 23-40-и шаб рух додааст. Ӯ афзуд, ки марзшиканҳо қочоқбарони афғон буданд, ки мехостанд ба ин тарафи марз миқдори бузуурги маводи мухаддирро интиқол диҳанд: “Гурӯҳи қочоқбарон, иборат аз 8 нафар ҳангоми талоши убури марзи давлатӣ ба сарҳаддонони тоҷик рӯбарӯ шуданд. Онҳо ба амри марзбонони тоҷик итоат накарданд ва байни онҳо задухӯрди шадид ба амал омад.”

Муҳаммад Улуғхоҷаев гуфт, дар натиҷаи “аз худ чусту чолокӣ ва маҳорати ҷангӣ нишон додани марзбонони тоҷик” ду тан аз марзшиканҳо захмдор шуданд ва гурӯҳи қочоқбар “ба ин муқовиматҳо тоб оварда натавонистаанд ва бо истифода аз торикии шаб аз тариқи қамишзор ақбинишинӣ карда, ба самти Афғонистон фирор карданд.”

Нирӯҳои амниятии Тоҷикистон аз маҳалли ин ду задухӯрд дар Панҷу Шӯрообод беш аз 14 кило маводи мухаддири навъи чарс ё ҳашиш, тақрибан 40 кило бангдона, ду мил силоҳи оташфишони навъи АКС-74 бо ду тирдону беш аз 50 тир ёфт ва мусодира шудааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев гуфт, аз ҷониби нирӯҳои Тоҷикистон дар ин ду задухӯрд касе осеб надидааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад, ки аз рӯи рӯди Омӯ мегузарад ва ба далели редефи мураккаби кӯҳистониаш ҳифозати аксари тӯли ин марз хеле мушкил маҳсуб мешавад. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон яке аз масирҳои умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ – асосан ҳероину афюн ва бангу ҳашиш – ба бозорҳои сиёҳи Осиёи Марказиву Русия ва ҳатто Аврупо ба шумор меравад.

Ҳар сол дар қаламрави Тоҷикистон аз қочоқбарон беш аз ду тонна маводи мухаддир мусодира мешавад. Вале боз ҳам миқдори зиёде аз ин маводи марговар аз тӯри мақомоти тоҷик ҷаста, то ба бозорҳои сиёҳи кишварҳои дигари шимолтар мерасад.

Танҳо дар зиндонҳои Русия, бино ба ҳисобҳо, ҳудуди 4 000 аз шаҳрвандону зодагони Тоҷикистон бо ҷурми даст доштан дар қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд.

Аммо хабари ахире, ки аз Литва, як кишвари пасошӯравии ҳоло узви Иттиҳодияи Аврупо расид, нишон медиҳад, ки Русия – нуқтаи ниҳоӣ дар масирҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ бо ширкати қочоқбарони тоҷик набудааст.

Пулиси шаҳри Вилнюс, пойтахти Ҷумҳурии Литва ахиран ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи беш аз 12 кг ҳероин боздошт кард. Қимати тахминии ин мол дар бозори сиёҳ тахминан 400 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Ба иттилои пулис, мошини ин ду нафарро шаби 14 июн дар шоҳроҳи Каунас-Вилнюс манъ карда, аз дохили мошин бастаҳои пинҳонкардаи маводи сахттаъсири ҳероинро пайдо кардаанд. Паулюс Радзюлавичус, сухангӯи идораи пулиси шаҳри Вилнюс ба Озодӣ гуфт, Хуршеди 35-сола ва Ҳамади 45-сола, тибқи иттилои онҳо, бо интиқоли мошинҳо аз Аврупо ба Тоҷикистон машғул буданд, вале маълум мешавад, дар канори “мошинбизнес” дар қочоқи маводи мухаддир ҳам даст доштаанд.

XS
SM
MD
LG