Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таркиши як снаряд дар Мӯъминобод ду бародар ҳалок шуданд


Рӯзи 12 ноябр бар асари инфиҷори як гулӯла (снаряд) дар деҳаи Шулулӯи ҷамоти Балхобии ноҳияи Мӯъминобод ду сокини маҳаллӣ ҷон бохтанд.

Нисфи рӯзии 12 ноябр дар деҳаи Шулулӯи ҷамоати Балхобии ноҳияи Мӯъминобод ду нафар бар асари таркиши як гулӯла (снаряд) ба ҳалокат расидаанд.

Бародарон Ҷамшед Назаров, соли тавалудаш 1976 ва Қурбон Назаров, соли таваллудаш 1983 бар асари ин таркиш дар маҳалли ҳодиса ҷон додаанд. Тавре аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯъминобод хабар доданд, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Ғаффор Шарифов, раиси ҷамоати Балхобии ноҳияи Мӯъминобод 13-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ду бародар ронандаи трактор будаанд ва ҳангоми таъмири трактор ин ҳодиса рух додааст.

Ин масъули идораи ҷамоат, ки аз қавли сокинони деҳ сӯҳбат мекард, гуфт, маълум нест, ки ин ду бародар аз куҷо ин гулӯларо дастрас кардаанд, аммо гуфта мешавад, ки онро давоми як сол дар дохили трактори худ нигаҳ медоштаанд.

Ӯ гуфт: “Ин тир, ки ба гуфтаи баъзеҳо аз снаряд ва баъзеи дигар тири БТР будааст, занг хӯрда ва хеле кӯҳна будааст ва дар дохили тракторашон дар қатори асбобҳои таъмирӣ нигаҳдорӣ мешудааст. Онҳо дар тамоми деҳоти ҳудуди ҷамоат замини сокинонро шудгор мекардаанд ва ҳоло маълум нест, ки тиррро аз куҷо пайдо карда будаанд. Ҳатто он тирро ҳангоми таъмири трактор истифода мекардаанд”.

Дар Муъминобод таркиш ҳаёти ду бародарро аз байн бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Ҷаъфарзода Хайриддин, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯъминбод мегӯяд, ин ҳодиса ҳангоми кубидани тири кӯҳна дар танаи трактор тасодуфан рӯх додааст. Ӯ гуфт: “Ин бародарон аз куҷое як тири кӯҳнаи зангзада ёфта будаанд ва ҳангоми таъмири трактор хостаанд бо ёрии он кадом шруперо берун оранд ва ё дарунтар тела диҳанд, ки ин ҳодиса рух медиҳад. Ин як ҳодисаи тасодуфӣ аст.”

Соли аввал нест, ки дар ҳудуди ҷамоати Балхоби чунин ҳодиса рӯх медиҳад. Тамрингоҳи “Мумирак”-и марбут ба пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Кӯлоб дар ҳудуди ин ҷамоат ҷойгир аст. Дар ҳодисаҳои қаблӣ, ки кӯдакон маъюб ва кушта шуда буданд, сокинон изҳор медоштанд, ки тир марбут ба пойгоҳи низомии Русия ҳаст.

Қаблан додситонии Кӯлоб дар пайи кушта шудани ду кӯдак аз мушаке, ки аз партобгоҳи ин пойгоҳ ёфта буданд, ба низомиёни рус дар истифодаи тир ҳушдор дода буд. Аммо пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб иддаои соикнон ва мақомотро дар бораи марбут донистани ин гуна мушакҳо бепоя медонист.

Ба қавли масъулони пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб, ин гуна мушакҳоро артиши Тоҷикистон ҳам дорад ва мумкин аст, сокинон онҳоро истифода карда бошанд. Тибқи иттилои расмӣ, дар даҳ соли ахир аз таркиши чунин мушакҳо 4 нафар кушта ва 8 нафар маъюб шудаанд.

XS
SM
MD
LG