Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими дафни ду ҷавони кушташуда дар Хоруғ


Акс аз Фейсбуки Pamir news гирифта шудааст.

Акс аз Фейсбуки Pamir news гирифта шудааст.

Даҳҳо нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ дар расми дафни Саид Охунқадамов ва Далер Ҳамодиев ширкат карданд, ки аз тарафи афроди номаълум бо зарби тир кушта шудаанд.

Мақомоти умури дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, барои пажӯҳиши куштори ду сокини шаҳри Хоруғ як гуруҳи махсуси тафтишотӣ таъсис ёфта, ҷои воқеаро таҳқиқ мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар маҳалле бо номи Ниводак 3-километрии Хоруғ дар даруни як мошини сабукрав ҷасади ду сокини ин шаҳр кашф шудааст, ки ҳарду аз сар тир хӯрдаанд. Ҳувияти мақтулон шиносоӣ шудааст. Онҳо сокинони Хоруғ Сайёд Охонқадамов ва Далер Хушдилов ва ҳарду 26-сола будаанд.

Бо кашф шудани ҷасадҳо муовини Вазири корҳои дохилӣ, Абдулло Навҷувонов, додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муҳаммад Арбобов , сардори тозатаъини Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Хоруғ Қиёмиддин Низомиддинов аз ҷойи ҳодиса дидан карданд.

Таҳқиқи парвандаи мазкурро вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зери назорат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Алим Шерзамонов, муовини раиси ҲСДТ мегӯяд, ҳарду ҷавон-- Саид ва Далерро хуб мешиносад ва онҳо аз хешовандони ӯ будаанд. Вай мегуяд, ки синии онҳо 23 -24 сол буд ва ин ҳарду ҷавон хатмкунандагони Донишгоҳи Алмаато буда, ба ҳеч гурӯҳе пайванд надоштаанд ва ба ягон амали хилофи қонун гумонбар нашудаанд.

Сокинони шаҳр изҳори умедворӣ мекунанд, ки мақомоти тафтишотӣ ба зудӣ омилони ин воқеаро ошкор мекунанд ва ба ҷазо мекашонанд. Ҳамзамон изҳори нигаронӣ мешавад, ки афрод ё гурӯҳҳое хости баҳам задани суботу амният дар Хоруғанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз рӯйдодҳои 21-уми майи соли равон дар Хоруғ, ки дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр ва ҳалокати 4 нафар, бо шумули як афсари полис чандин бинои маъмурӣ ба оташ кашида шуданд, пажӯҳиш нашудаанд. Барои таҳқиқи онҳо як кумиссюни мушатараки мақомоти интизомӣ ва ҷомреаи шаҳрвандӣ таъсис шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG