Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳори ҳамдардии Раҳмон ба қурбониёни таркишҳои Брюссел


дар истгоҳи метроли Молбек

дар истгоҳи метроли Молбек

Шумори қурбониҳои таркишҳои пурқудрати бомба, субҳи 22 март дар фурудгоҳи марказии шаҳри Брюссел ва метрои ин шаҳр ба 34 нафар расид.

Дар ин таҳаввулоте, ки ба қавли мақомоти Белгия ҳодисаҳои террористии “бераҳму ваҳшиёна” будааст, дасти кам 34 нафар кушта ва 187 нафарро захмӣ шуданд. Белгия дафъатан ҳушдори террористиро дар кишвар ба баландтарин мизон боло бурд ва 225 нирӯи иловагиро ба шаҳри Брюссел сафарбар кард. Ин шаҳр, ки онро пойтахти дипломатии Аврупо ва ҳам НАТО меноманд, рӯзи сешанбе шоҳиди саҳнаҳои вахим будааст. Раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ин ҳодисаро шадидан маҳкум карданд. Нахуствазири Шветсия ин ҳодисаҳоро ҳамчун ҳамла ба демократияи Аврупо қаламдод кард. Дар шаҳри Брюссел ҳаракати нақлиёти мусофирбар боздошта шуда, ҳавопаймову қаторҳои роҳи оҳан аз роҳашон баргардонида мешаванд. Парчамҳои беруни сохтмони Комиссиюни Аврупо поин оварда шуда, аз кормандони Иттиҳоди Аврупо хостаанд, ки дар дохили дафтар ва ё хонаҳои худ бимонанд. Нахуствазири Белгия Чарлз Мишел гуфт, ки ин ҳодисаҳо “лаҳзаи хеле торик дар таърихи кишвар” аст. Ӯ таркишҳои субҳи 22 мартро ҳамчун ҳамлаҳои пурхушунату бераҳм маҳкум кард. Доналд Туск, президенти Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки ҳамлаҳои террористӣ боиси болоравии бадбиниву хушунат мешавад.

Додситони федеролии Белгия дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар маҷмӯъ рӯзи сешанбе дар Брюссел се таркиш ба вуқӯъ пайваст. Фредерик Ван Леу гуфт, ки ду таркиши аввал дар фурудгоҳи Завентем ва таркиши сеюм дар истгоҳи марказии Молбек яку ним соат баъди он ҳодисаҳои террористӣ рух дод. Ба гуфтаи додситон, эҳтимол меравад, ки як таркиш дар фурудгоҳро бомбгузори маргталаб анҷом додааст.

Аксҳое аз маҳалли таркиш, ки дар Интернет пахш мешавад, саҳнаҳои харобиҳои зиёдро дар дохили сохтмони фурудгоҳ ба намоиш гузоштааст. Як амниятии корманди фурудгоҳ, ки дар интиқоли ҷасаду маҷрӯҳон кӯмак мекард, ба хабаргузории “Ройтерс” гуфт, ки баъзе аз осебдидаҳо аз пойҳояшон маҷрӯҳ шудаанд, чунки эҳтимолан як бомба дар дохили ҷомадон ҷой шуда буд.

Вақте маълум шуд, ки баъзе ҷангиёне, ки дар ташкили ҳамлаҳои террористии рӯзи 13 ноябри Париж, ки 130 нафарро кушта бар ҷой гузошт, дар Белгия зиндагӣ мекарданд, Брюссел дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Чаҳор рӯзи гузашта маҳз дар Брюссел яке аз гумонбарони асосии зиндамондаи ташкили ҳамлаҳои Париж аз ҷониби амниятиҳои Белгия боздошт шуд.

Аз рӯи иттилои вазорати беҳдошти Белгия, дар фурудгоҳи ин кишвар 20 нафар кушта ва 81 нафар захмӣ шуданд. Баъзе хабаргузориҳо шумори қурбониҳоро аз ин ҳам бештар арзёбӣ мекунанд. Дар таркиши метро 13 нафар кушта шуда 55 нафар маҷрӯҳ шуданд. Аз миёни онҳо 10 нафар дар ҳолати сангин қарор доранд.

Дар вокуниш президенти Фаронса Франсуа Оллан гуфт, ки ин ҳодиса тамоми Аврупоро такон дод ва аз қораи Аврупо тақозо мекунад, ки барои мубориза бо ин таҳдиди ҷиддӣ иқдомоти корсоз бигирад. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Владимир Путин ин ҷиноятҳои ваҳшиёнаро шадидан маҳкум кардааст. Айни замон, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, ки ҳодисаҳои террористии мазкур натиҷаи, ба гуфтаи ӯ, “меъёрҳои дугонаи Ғарб дар масъалаи терроризм” аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария барқияи тасаллият ирсол намуд ва гуфт, “хабари мудҳиши силсилаи таркишҳои фоҷеабори террористиро дар фурудгоҳ ва метрои шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гаштаанд, бо андӯҳи бузург қабул кардаст”. Раҳмон гуфт, ки амалҳои террористӣ, ки кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифтаанд, “бори дигар зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср қотеъона таъкид менамояд”.

Дар таркишҳои шаҳри Брюссел нафаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидааст. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, дар тамоси пайваста бо вазорати хориҷаи Белгия мебошад, ки макони зисти доимии тахминан 30 шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳи масъулияти ин таркишҳоро ба ӯҳда нагирифтааст. Хабаргузории Belga мегӯяд, қабл аз таркишҳо садои тир ва суханронӣ ба забони арабӣ шунида шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG