Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хирсҳои тоҷикӣ “шаҳрвандии” чехӣ мегиранд


Ду хирси нохунсафед аз Боғи ҷонварони Душанбе ба самти Прага ҳаракат карданд.

Шоми 14 июл ду хирси нохунсафеди тиёншонӣ ё нохунсафед Боғи ҷонварони Душанберо тарк карда, ба самти Ҷумҳурии Чех ҳаракат карданд. Ин хирсбачаҳо қарор аст дар зоопарки шаҳри Ҳлубока над Влтавоу маскан гиранд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Қурбон Одинаев, мудири Боғи ҷонварони Душанбе субҳи рӯзи 15 июл хабар дод. Вай гуфт, ин ду хирс дар мошини борбари 40-тоннагӣ бор карда шуда ба Ҷумҳурии Чех фиристода шуданд.

Ба иттилои Одинаев, роҳи онҳо то Чехия тӯлонӣ аст - хирсҳо бо роҳи заминӣ аз тариқи Тоҷикистон ба Қирғизистон ва аз он ҷо ба Қазоқистон, Русия, Белорус ва ба воситаи Литва ба ҷумҳурии Чех бурда мешаванд. Барои таҳияи санадҳо ва иҷозати берун бурдани ин хирсҳо дар марҳилаи ниҳоӣ 10 рӯз лозим шуд ва ҳоло ин ду хирси ҷавон ба роҳ баромадаанд.

Интиқоли хирсҳо ба Чехия бар асоси як созишномаи табдили ҷонварҳо сурат мегирад. Рӯзи 4 июл ба Душанбе аз шаҳри Ҳлубока над Влтавоу ду ҷуфт кенгуру ворид шуд ва ин ҷонварҳои ғайриоддӣ барои табиати Тоҷикистон зиндагии навро дар Душанбе шурӯъ карданд. Масъули боғи ҳайвоноти шаҳри Ҳлубока Над Влтавоу - Иван Кубат ҳамроҳ бо ин ҷонварони нодир бо ҳавопаймои Прага-Екатеринбург-Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон расид ва дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ивази ин кенгуруҳо аз Тоҷикистон ду хирс хоҳад бурд.

Хирсҳоеро, ки ба Чехия фиристода шуданд, дар ин навори видеоӣ дидан мумкин аст

Рӯзи аввали зиндагии кенгуруҳои чехӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:20 0:00

XS
SM
MD
LG