Пайвандҳои дастрасӣ

Ду корманди барномаи зидди фалаҷи атфол кушта шуданд


Барномаи эмкунӣ зери назорати ходимони полис ҷараён мегирад. Лоҳур, 21 декабри соли 2012

Барномаи эмкунӣ зери назорати ходимони полис ҷараён мегирад. Лоҳур, 21 декабри соли 2012

Мақомоти беҳдошти Покистон мегӯянд, ки бар асари таркиши як бомбаи сарироҳӣ дар шамолуғарби ин кишвар ду корманди ихтиёрӣ кушта шуданд.

Ин бонувон дар татбиқи барномаи воксинзании зидди фалаҷи атфол дар минтақаи қабиланишини Хуррам кор мекарданд. Мудири барномаи зиддифалаҷ Ҷавод Алӣ гуфт, ки ин бонувон кормандони ихтиёрии барнома - рӯзи панҷшанбе дар рустои Мали Хел бар асари таркиши як бомбаи аз дур идорашаванда кушта шуданд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст, вале дар гузашта Толибон ба таври ошкоро мухолифати худро бо барномаи воксинзании зиддифалаҷ изҳор кардаанд. Толибон мегӯянд, ки барномаи зиддифалаҷ дар роҳандозии фаъолиятҳои ҷосусӣ истифода мешавад. Аз моҳи декабри соли 2012 то имрӯз 11 корманди ин барнома кушта шуданд, ки аксарашон ҷавонзан мебошанд.


Баъди ҳамлаҳои маргбор ба маъмурони маъракаи ваксинзанӣ бар зидди бемории фалаҷи атфол дар Покистон, 17 декабри соли 2012 муассисаҳои Созмони Милал ин маъракаро боздоштанд. Он рӯз афроди мусаллаҳ ба як табиби покистонӣ ва ронандааш дар шаҳри Чорсадаи Покистон ҳамла карда ҳардуро куштанд. Дар ҳамлаи шабеҳ чанд рӯз пеш аз ин ҳодиса дар шаҳри Пешавар яке дигар аз маъмурони тиббӣ сахт захмӣ шуд. Маъмулан ходимони тиб ва ихтиёриён барои эмкунии атфол дар деҳоту рустои дурдасти Покистон ҳамроҳ бо кормандони полис сафар мекунанд, то ки амнияти онҳо таъмин шавад. Гоҳо худи ходимони полис ҳам қурбони ин ҳамлаҳо мешаванд. Дар оғози моҳи январи имсол дар як чунин ҳодиса афсари полис, ки амнияти кормандони барномаи зиддифалаҷро таъмин мекард, кушта шуд.

Он шабу рӯз Толибон ҳушдор дода буданд, ки ба иҷрои ин гуна барномаҳо роҳ дода нашвад. Дар Покистон, дар баробари Афғонистону Нигерия мизони тавсеаи фалаҷи атфол дар сатҳи фавқулодда баланд қарор дорад.

Тибқи иттилои мақомоти Покистон, дар сурати мутаваққиф шудани барномаи эмкунии зидди фалаҷи атфол, саломатии беш аз 350 ҳазор кӯдак бо хатар рӯбарӯ мешавад. Соли 2001 дар Покистон 198 мавриди фалаҷи кӯдак сабт шуд, ки баландтарин дар дунё маҳсуб мешавад.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG