Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пайи даргирӣ миёни сарҳадбонони тоҷик ва марзшиканон дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ду қочоқбари афғон ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соати яки шаби 5 ба 6 июл дар яке аз дидбонгоҳҳи сарҳадии ноҳияи марзии Ҳамадонӣ бо Афғонистон, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон иборат аз 13 нафар дар вақти убури марз бо сарҳадбонони тоҷик вориди даргирӣ шуданд, ки дар натиҷа ду нафари онҳо кушта шуда ва дар маҳалли ҳодиса 270 килограм чарс ёфт шудааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте гурӯҳи 13-нафараи қочоқбарони афғон бо сарҳадбонони тоҷик дар дидбонгоҳи Ҳамадонӣ рӯ ба рӯ шуданд, миёни ҷонибҳо тирпаронии шадид ба амал омад, ки дар натиҷа ду тан аз қочоқбари тақрибан 35-40 солаи афғон кушта шуданд ва афроди боқимондаи ин гурӯҳ бо истифода аз торикии шаб, ба он сӯи марз фирор карданд.

Ба гуфтаи манбаъ, баъд аз фирори қочоқбарони мусаллаҳ, маҳалли вуруди онҳо ба марзи ноҳияи Ҳамадонӣ мавриди бозҷуӣ қарор гирифт ва аз онҷо 270 кило маводи мухаддири навъи чарс пайдо шуд.

Тайи рӯзҳои ахир ин севумин ҳодисаи нақзи марзи Тоҷикистон аз сӯи қочоқбарони афғон мебошад. Кормандони Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон шаби якшанбеи гузашта як сокини вулусволии Дарвози Бадахшони Афғонистонро дар деҳаи Дуробаки Дарвози Тоҷикистон боздошт ва аз борхалтаи ӯ 20 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш пайдо карданд.

Дар вақти тафтиши шахсии ӯ, ин шаҳрванди 33-солаи Афғонистон бо номи “М”, аз ҷайбаш таппончаи хориҷиро гирифта худашро парронда захмӣ кард. Шаҳрванди боздоштшудаи Афғонистон барои табобат ба беморхонаи шаҳри Хоруғ --маркази Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ интиқол дода шудааст.

Дар ҳодисаи монанд ба ин, шаби 5 ба 6 июл кормандони Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ноҳияи Фархор як шаҳрванди дигари Афғонистонро боздошт карданд, ки ҳамроҳи худ 4 кило ҳашишро мехост вориди хоки Тоҷикистон кунад.

Тоҷикистон бо вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Қундузи Афғонистон садҳо километр марзи муштарак дорад ва ҳодисаҳои марзшиканӣ аз сӯи афғонҳо сар ҳар чанд вақт сурат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG