Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали сол 22 нафарро бо ҷурми адои намоз дар маконҳои "муқаррарношуда" ҷарима бастаанд. Соҳибназарон мегӯянд, фурсати ислоҳи ин талаботи қонуни дин кайҳо фаро расидааст.

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон барои бори аввал омори онҳоеро, ки барои намозгузорӣ дар ҷойҳои «ғайримуқарарӣ» муҷозот шудаанд, эълон карданд. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, дар 6 моҳи аввали сол, нисбат ба 22 нафар барои адои намоз дар макони «муқаррарношуда» парвандаи маъмурӣ боз шуда, онҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 3 865 сомонӣ, яъне ба ҳисоби миёна ҳар кадом ба маблағи 175 сомонӣ, ҷарима шудаанд.

Солеҳҷон Завқизода, сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин рӯзи 8 июл дар нишасти хабарии ин кумита гуфт, онҳое, ки дар нисбаташон парвандаи маъмурӣ боз шудааст, аксаран намозро дар биноҳое адо намудаанд, ки чун масҷид расман сабт нашудаанд.

Вай гуфт, «вақте соли 2009 қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ қабул шуд, масҷидҳо бе супоридани боҷи давлатӣ аз нав аз қайд гузаштанд. Дар ин раванд ба боқимонда иттиҳодияҳои динӣ мӯҳлат дода шуд, ки дар муддати 9 моҳ аз қайд бигузаранд. Мутаассифона, баъзе ин корро накарданд, зеро зарур надонистанд.Яъне ин масҷидҳо ҳоло ба таври ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд ва ҳамчун ҷойҳои «муқаррарношуда» барои намоз дониста мешавад. Ва ё ин ки имрӯз мебинем мардум ҳар ҷое рост омад, масалан, дар зери як бинои 9-ошёна ҷамъ мешаванд ва намоз мегузоранд, ки ин низ ба макон низ «ғайримуқаррарӣ» дохил мешавад

Нишасти хабарии Кумитаи дин

Нишасти хабарии Кумитаи дин

Ҷаноби Завқизода афзуд, онҳое ки дар макони “ғайримуқаррарӣ” намоз мегузоранд, аз тарафи намояндагони кумитаи дин ва ҳам кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян ва муҷозот мешаванд.

Дар Тоҷикистон тибқи қонуни дине, ки соли 2009 ба тасвиб расидаву яке аз пурбаҳстарин қонунҳо буд, намозхониро танҳо дар масҷид, қабристон ва хона иҷозат медиҳад. Ба ғайр аз ин се мавзеъ, шахсоне ки дар дигар маконҳо намоз мегузоранд, ҷарима карда мешаванд. Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон мегӯянд, дар ин қонун ҷойҳои мамнӯъ барои адои намоз мушаххас нашудааст.

Ба гунаи мисол, Мӯҳсин Эшмирзоев аз ноҳияи Панҷакентро чанде пеш барои он ки дар наздикии яке аз бозорчаҳои маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе намози пешин гузоштааст, ба маблағи 280 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ё Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз рӯҳониёни шинохта низ ба хотири намозгузорияш дар ҷойи кор беш аз 200 сомонӣ ҷарима шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ба вақти адои намози ҷумъа дар идораи ҳизб гӯё аз рӯи шикояти кормандони Кумитаи дин кормандони милисаи ноҳияи Сино омада санад тартиб доданд ва додгоҳ аз ман ман ҷарима ситонд. Ман фикр мекунам ин қонун аслан одилона нест. Зеро адои намоз дар қабристон ба тақлид аз кишварҳое муайян шудааст, ки аслан пайравони дини масеҳиянд ва ин ба табиати дини мо бегона аст. Бояд дар он ҷое намозгузорӣ манъ карда шавад, ки ба ҷомеа ягон зарар бирасад, масалан, хондани намоз дар чорроҳа. Аммо ман намефаҳмам, вақте дар як хона 4 нафар ҷамъ мешаванду намоз мегузоранд, чӣ хатар дорад? Ё бигирем, дар роҳи Қӯрғонтеппа- Душанбе то одам ба маконаш мерасад, ки намозаш қазо мешавад ва ӯ наметавонад, ки намоз нахонад. Дар пайи ин қонун нафарони зиёдеро ҷарима карданд, бахсус онҳоеро, ки дар масҷидҳои сабтношуда намоз мехонданд. Вале ман масҷидҳои зиёдеро медонам, ки ҳама санадҳояшон дуруст аст, аммо ҳукумат барои қайди онҳо иҷоза намедиҳанд, пас мардум дигар намозашонро дар куҷо бихонанд?»

Зубайдуллоҳи Розиқ

Зубайдуллоҳи Розиқ

Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, қонунгузории Тоҷикистон дар ҳоле қабристонро чун ҷойи намозгузорӣ таъин кардааст, ки дини Ислом адои намозро дар чунин макон макрӯҳ медонад. Ҳамчунин ба гуфтаи ин рӯҳонӣ, намозгузорӣ дар ҷое, ки нопок аст ва шароб фурӯхтаву истеъмол мешавад, низ раво нест.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, узви раёсати ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар ин аст, ки ангезаҳои қонунгузории кишвар асосан ба маҳдудсозӣ равона шудаанд, ки ин то ҷое шаҳрвандонро ба содир кардани ҷиноят тела медиҳад. Ӯ мегӯяд, «фарди мусулмон дар гузоштани намозаш дар тамоми нуқоти дунё озод аст. Аммо дар қонунгузории мо тавре онро маҳдуд карданд, ки гӯё намоз ҷои хос дорад ва дар ҳоли риоя накардани ин макони хос намозгузор бояд тибқи қонун ҷинояткор ҳисобида шавад. Ҳатто ҳизби мо, ки ҳизби исломист, дар ҷои кори худаш ҳуқуқи намозгузориро надорад. Яъне бемантиқӣ то ба ин ҳад расидааст. Аммо ман фикр мекунам, чунин маҳдудият барои намозгузорӣ монеъа намешавад ва нафарони зиёде дар ҷои кор ва ё ҳангоми сафар дар сари роҳ намози худро адо мекунанд.»

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ҳукумат бо маҳдуд кардани намозгузории сокинонаш, ки беш аз 97 дар сади ҷамъияти кишвар мусалмонанд, чӣ хатареро аз ин намозгузорӣ мебинад? Шокирҷон Ҳаким, ҳуқуқдон ва муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ дар посухи ин суол гуфт, «ҳукумати Тоҷикистон аз он меҳаросад, ки агар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ намозгузорӣ шавад, ин боиси ривоҷи ташвиқу тарғиби намоз мегардад. Бо назардошти ҳодисаҳои солҳои 90 ва он ҳолатҳое, ки дар кишварҳои мусалмонӣ ҳаст, ҳукумат аз он меҳаросад, ки дин воситаи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ мешавад ва заминаҳои созмонҳои динӣ шояд қавитар шавад ва арзишҳои дунявӣ камтар гардад. Барои ин чанд баҳонаву сабаб низ вуҷуд дорад, аз ҷумла қашшоқӣ, зиёд шудани муҳоҷират... Бар илова чанд рӯҳонии маъруф ҳаст, ки маҳбубияти онҳо дар муқоиса аз масъулони ҳукумат бештар аст ва онҳо дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ таъсири бештар доранд, ки аз ин низ ҳукумат меҳаросад. »

Ахиран намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ ба порлумон тарҳи тағйирот ба қонуни меҳнат ва қонуни динро пешниҳод кардаанд, ки яке аз бандҳои он маҳз ба мушаххас намудани ҷойҳои намозгузорӣ ихтисос дорад. Дар ин лоиҳа ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки ба корхонаву муассисаҳо мисли ҷойҳои махсуси сигоркашӣ иҷозаи ташкили ҷойҳои махсуси намозгузорӣ ҳам дода шавад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Маҷлиси намояндагон, ки аксари вакилонаш аз ҳизби ҳоким ҳимоят мекунанд, аз пешниҳоди танҳо ду вакили ин ҳизби мухолиф пуштибонӣ хоҳанд кард ё на.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG