Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷикро аз Среднеуралск ронданд


Тазоҳурот дар назди шаҳрдории Среднеуралск (акс аз uralpolit.ru)
Тазоҳурот дар назди шаҳрдории Среднеуралск (акс аз uralpolit.ru)

Тақрибан 20 муҳоҷири тоҷик дар пайи эътирози сокинони маҳаллӣ шаҳраки Среднеуралск, воқеъ дар 16-километрии Екатеринбурги Русияро тарк кардаанд.

Дар пайи занозании ду муҳоҷири тоҷик бо ҷавонони маҳаллӣ, ки шаби 21 ба 22 июл рух додааст, даҳҳо сокини Среднеуралск рӯзи душанбеи 22 июл ибтидо дар ҳавлии хобгоҳе ки муҳоҷирон ба сар мебурданд, гирдиҳам омада, шишаҳои тирзеаи манзилҳои онҳоро шикаста, талаб кардаанд, ки онҳо тарки ин минтақа кунанд.

Эътирозгарон, ки сомонаи маҳаллии uralpolit.ru шуморашонро то 150 нафар мегӯяд, баъдан дар назди бинои маъмурияти шаҳрак гирдиҳам омада, аз мэри Среднеуралск Борис Тарасов талаб кардаанд, ки дар назди онҳо ҳозир шуда, сиёсаташ дар масъалаи муҳоҷиратро шарҳу тавзеҳ диҳад. Онҳо ҳамчунин муҳоҷиронро айбдор кардаанд, ки рафтори пархошҷӯёна доранд, ба занони маҳаллӣ гап мепартоянд ва бо мардҳо дастбагиребон мешаванд.

Баъди онки як гурӯҳи гирдиҳамомадагон талоши ҳамла ба шаҳрдориро карданд, Борис Тарасов пеши онҳо баромад ва ба издиҳоми башӯромада гуфт, масоили амниятиро бояд аз пулис суол кунанд, на аз ӯ. Тазоҳургарон дар пай аз пулис талаб карданд, ки тоҷиконро аз Среднеуралск биронад.

Аммо Фаррух Мирзоев, раиси Анҷумани созмонҳои миллӣ-фарҳангии вилояти Свердлов, кирӯзи 22 июл ба хотири пайгирии қазия шахсан ба Среднеуралск рафтааст, рӯзи 24 июл ба Озодӣ гуфт, пулиси маҳаллӣ баръакс аз муҳоҷирон ҳимоят кард ва ба издиҳоми гирдиҳамомада фаҳмонд, ки танҳо тибқи қонун рафтор хоҳад кард ва ҳаққи рондани муҳоҷиронеро, ки расман сабти ном шудаанд, надорад.


Фаррух Мирзоев: Эътироз дар Среднеуралск аз як занозанӣ сар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00
Линки мустақим


Фаррух Мирзоев мегӯяд, дар Среднеуралск гурӯҳҳои ҷиноӣ ва қавмгаро вориди қазия шуда, тавонистанд мардуми маҳаллиро таҳти шиорҳои миллатгароёна алайҳи муҳоҷирон бишӯронанд. Ӯ афзуд, дар асл байни сокинони тоҷику руси як хобгоҳ низоъи маишие пеш омада, ҳарду тараф баъди занозанӣ ба ҳам даст дода, оштӣ карда буданд. Вале рӯзе баъд гурӯҳҳои ҷиноиву қавмгаро дастбакор шуда, вазъиятро ба сӯди худ гардонданд.

Фаррух Мирзоев мегӯяд, эътирозҳо асосан кори дасти гурӯҳҳои манфиатҷӯст, вале аксари аҳолии Среднеуралск нисбат ба тоҷикон назари бадбинона надоранд. Вале дар ҳар сурат, ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин эътирозҳо муҳоҷирони тоҷик ва ҳамин тавр ҳамтоёни онҳо аз Қирғизистону Узбакистон, ки низ дар ин хобгоҳ дар Среднеуралск ба сар мебурданд, барои эҳтиёт тарки ин шаҳрак кардаанд. Ба гуфтаи оқои Мирзоев, шумори онҳо то 30 нафар буд ва ҳамагӣ дар сохтмоне дар канори Среднеуралск кор мекарданд.

Тазоҳурот дар Среднеуралск тақрибан якуним соат тӯл кашидааст. Қаблан чунин тазоҳурот бо талаби рондани муҳоҷирони хориҷӣ дар Верхняя Пишма, ҳамсояшаҳри Среднеуралск низ доир шуда буд.

Среднеуралск дар 16-километрии Екатеринбург, маркази вилояти Свердлов, ва дар соҳили кӯли Исет воқеъ буда, ҳамагӣ 20 ҳазор аҳолӣ дорад. Верхняя Пиша бо тақрибан 60 0000 ҷамъияташ дар ҳамагӣ яккилометрии Екатеринбург воқеъ мебошад.

Ба ҳисоби ҷамъияти тоҷикони Екатеринбург, ки раҳбариашро низ Фаррух Мирзоев бар ӯҳда дорад, танҳо дар Екатеринбург ва навоҳии атрофи он ҳудуди 120 000 муҳоҷири тоҷик ба сар мебарад. Омори фурудгоҳи Колтсово низ ҳокист, ки тайи соли 2012 танҳо тавассути ин фурудгоҳ аз Тоҷикистон 147 000 нафар вориди ин минтақаи Русия шудааст.

Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 1 то 1,5 миллион нафар баровард мешаванд. Бино ба оморҳо, муҳоҷирони тоҷик соли гузашта ба ватан беш аз 3 миллиард доллар ё баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, пул фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG