Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 довталаби раҳбарии Афғонистони баъди Карзай


Барои ширкат дар интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Афғонистон 27 довталаб худро сабти ном кардааст.

Рӯзи якшанбе сабти номи довталабон ба мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба поён расид. Дар феҳристи онҳое, ки сабти ном шудаанд, 27 нафар намояндагони саршиноси пешини ҳукумат, раҳбарони минтақавӣ ва қабоил, ҷангсолорон ва ҳамчунин технократҳое ҳастанд, ки дар Ғарб таҳсил кардаанд.

Дар миёни номзадҳои аслӣ доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ - вазири пешини корҳои хориҷӣ, Ашрафғанӣ Аҳмадзай- вазири пешини молия ва Абдулраҳим Вардак - вазири пешини дифоъ ҳастанд. Раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай, ки давраи дувум ва ниҳоии раёсаташро тай мекунад, ҳаққи ширкат дар интихоботи ояндаро надорад. Вале бародари ӯ Қайюм Карзай ва Залмай Расул - вазири феълии корҳои хориҷиаш низ ба унвони довталаби курсии раёсати Афғонистон сабти ном шуданд. Дар миёни номзадҳо чандин ҷангсолори маъруфи афғон, аз ҷумла Абдулраб Расул Сайёф, ки ҳоло раҳбари салафиҳои Афғонистон ном бурда мешавад, ва Гулоқо Шерзай - волии пешини вилоятҳои Қандаҳору Нангарҳор низ ҳастанд.

Доктор Абдуллоҳ - номзади эътилофи миллӣ
Доктор Абдуллоҳ - номзади эътилофи миллӣ
Дафтари мустақили интихоботии Афғонистон феҳристи ниҳоии номзадҳоро рӯзи 16 ноябр чоп хоҳад кард. Корзори интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон моҳи феврали соли 2014 оғоз ёфта, худи раъйгирӣ 5 апрел доир мешавад.

Дар як мусоҳиба, ки бо Шукрия Борикзай - вакили парлумони Афғонистон доштам, нахуст пурсидем, номзадҳои сабтиномшударо бо назардошти шуғлу пешинаашон ба чӣ дастаҳо мешавад табақабандӣ кард?

Шукрия Борикзай: Як бахше аз онҳо аз ҷараёноти 30 соли гузаштаи Афғонистон намояндагӣ мекунанд, яъне аз аҳзобу гурӯҳҳову танзимҳои ҷиҳодӣ ва ғайриҷиҳодии Афғонистон. Бахше аз ин ҷараёнҳо ҳанӯз дар қудрати сиёсии Афғонистон шомил ҳастанд ва ба воситаи мақомҳои давлатие, ки онҳо дарёфт намуда буданд, тавонистанд, ки дубора ҷуръати онро кунанд, ки боз дар саҳнаи сиёсат бидурахшанд. Як теъдоди дагар ҳам аз афғонҳое ҳастанд, ки дар берун аз Афғонистон буданд ва ба унвони технократҳо бештар машҳуранд. Дар 13 соли ахир онҳо ба Афғонистон баргаштанд ва хостори хидмат ба мардуми худ шуданд. Дар ниҳоят, агар дастабандӣ кунем, бахши аслиаш аз ҷараёнҳои сисёсии ҷиҳодӣ иборат аст, бахши дуввумаш технократҳои омада аз беруни Афғонистон ва бахши бисёр хурдаш ҷараёнҳои маҳдуди мардумӣ.

Гуфтугӯ бо Шукрияи Борикзай
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим


Озодӣ: Бо назардошти ин дастабандӣ, барои Афғонистони марҳилаи баъдӣ раисиҷумҳури оянда аз чӣ тавоноиҳо ва хислатҳо бояд бархӯрдор бошад?

Шукрия Борикзай
Шукрия Борикзай
Шукрия Борикзай: Афғонистон дар ин шароит ба як раҳбаре зарурат дорад, ки дар дипломатия таҷрибаи фавқулодда зиёд дошта бошад. Ба далели он, ки Афғонистон барои ҷалби кумакҳо, барои таъмини амният, барои эҷоди равобити хуб дар минтақа бо ҳамсоягон ва бо ҷаҳони Ғарб, раисиҷумҳури оянда бояд тавонмандиҳои зиёд дошта бошад. Вале ман, муттаассифона, ин хусусиятро дар номзадҳои сабтиномшуда намебинам, ки мо як дипломати қаввӣ, огаҳ аз умури Афғонистон дар байн бо худ медоштем. Муттаассифона, бар хилофи гузашта дар ин интихобот дида мешавад, ки раҳбарон заиф, муовинон қаввӣ ҳастанд, махсусан аз лиҳози раъй, ки ин худ шояд хатари азҳампошӣ ё фурӯпоширо дар байни тимҳо ба вуҷуд орад.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки баъд аз хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон раисиҷумҳури оянда бояд сиёсати “каҷ дору марез”-ро пеш бигирад, масалан ҳам бо Толибон навъе ҳампаймонӣ кунад ва ҳам бо Ғарбу кишварҳои дигари минтақа?

Шукрия Борикзай: Ин сиёсат сиёсати бисёр муносиб нест. Ба назари ман, сиёсате, ки ба нафъи Афғонистон аст, сиёсати равшан, возеҳ ва хатти қирмизе, ки Афғонистон бояд таъйин кунад, бояд бисёр равшан бошад. Мо намегӯем, ки бо Толибон музокира нашавад. Аммо ин музокира ба унвони бахшидани Афғонистон ба Толибон набошад. Ва ё ба унвони овардани низоми толибонӣ дар Афғонистон набошад. Мо мехоҳем бо ҳамсояҳои худ дар сулҳ зиндагӣ кунем, аммо ин сулҳ ба маънои зери суол рафтани тамомияти арзии мардуми Афғонистон, ъ миллии мардуми Афғонистон набояд бошад.

Озодӣ: Раисиҷумҳуре, ки дар оянда интихоб мешавад, ба назари шумо дар ҳамаи минтақаҳои Афғонистон яксон қабул хоҳад шуд?

Шукрия Борикзай: Ин суолест, ки иртибот мегирад ба гузашти замон. Агар раисиҷумҳуре бошад, ки бовар ба кулли Афғонистон дошта бошад ва бидуни ҳеҷ таассуб ба мардуми Афғонистон хидмат кунад, кобинаи бисёр худ дошта бошад ва аз шахсиятҳое иборат бошад, ки мардум ба онҳо таваҷҷӯҳ доранд. Дар он маврид ҳукумат нақши муҳим хоҳад дошт то шахси раисиҷумҳур. Дар он ҳолат мешавад умедвор буд.

Озодӣ: Ба назари шумо, бо назардошти вазъи кунунӣ шонси кадоме аз номзадҳо дар ин интихобот бештар аст?

Шукрия Борикзай: Дар ин шароит ман наметавонам ба ин суол ҷавоб диҳам. Аммо ман фикр мекунам, ба масобаи раисиҷумҳуре, ки Афғонистони кунунӣ зарурат дорад, шояд дар феҳристи кунунии номзадҳо касеро надошта бошем.
XS
SM
MD
LG