Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Марин Лё Пен ба Маскав


Марин Лё Пен, номзади ростгарои президентӣ дар интихоботи Фаронса рӯзи 24 март аз Маскав дидан мекунад. Дар ин мулоқот ӯ ният дорад ҳамкориҳои Русияву Фаронсаро дар мубориза бо терроризм баррасӣ кунад. Хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки сафари якрӯзаи сиёсатмадори фаронсавӣ як моҳ пеш аз интихоботи президентии Фаронса, ки рӯзи 23 апрел баргузор мешавад, бо даъвати раиси кумитаи умури хориҷии Думаи давлатӣ Леонид Слутский баргузор мешавад. Ҳизби “Фронти миллӣ”-и Лё Пен ин сафарро тасдиқ кард.

Равобити Русия ва Лё Пен яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ дар ҷараёни интихоботи президентии Фаронса буд, чун бахши аъзами қарзи 9,7-миллион долларии ҳизби мазкурро дар соли 2014 як бонки русӣ додааст. Ӯ яке аз тарафдорони ошкорои президент Владимир Путин буда ба таҳкими равобит бо Русия даъват мекунад. Кремлин гузоришҳо дар бораи кӯшиши таъсирррасонӣ дар интихоботи Фаронсаро рад кардааст.

Пурсишҳои афкори умум мегӯяд, ки эҳтимолан Лё Пени 48-сола дар интиҳои маъракаи интихоботӣ, ки 7 май мешавад, дар мақоми дуюм қарор хоҳад гирифт ва бо Эммануэл Макрон рақобат хоҳад кард. Макрони 39-сола як номзади мустақил аст ва аз таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо зидди Русия тарафдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG