Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти 21 падару модар барои телефону масҷидравии фарзандон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Танҳо дар як моҳи охир ва танҳо дар як ноҳияи пойтахти Тоҷикистон 21 падару модарро бо ҷурми риоя накардани қонуни масъулияти волидайн муҷозот кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе тайи як моҳи ахир даҳҳо нафар аз волидони фарзандони ноболиғро барои беаҳамиятӣ дар тарбияи писаронашон танбеҳ додааст.

Баъзе аз ин волидон барои он ҷарима шудаанд, ки писарашон ғайриқонунӣ ба мактаб телефони ҳамроҳ бурдааст, теъдоди дигар барои он огаҳӣ гирифтаанд, ки бачаҳояшон ба тиҷорати кӯчагӣ машғул шудаанд ва ё вақти худро паси компютер зоеъ кардаанд ва ё барои намозгузорӣ ба масҷид рафтаанд.

Дар 21 ҳукми додгоҳ, ки аввали ҳамин ҳафта нашр шуд, аксарияти волидонро бар тибқи моддаи 90-уми Кодекси маъмурии Тоҷикистон, яъне “аз тарафи падару модар иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон» ё чиҳил сомонӣ ҷарима кардаанд ва ё огаҳӣ додаанд, ки “дигар дар тарбияи фарзанд” бепарвоӣ накунанд.

Яке аз ин волидон сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сарварҷон Холиқов барои он чиҳил сомонӣ ҷарима шудааст, ки иҷоза додааст, писари ноболиғаш Шаҳзоди Сарварҷон ба литсеи касбии алоқаи шаҳри Душанбе бо телефони ҳамроҳ биравад.

Убайдулло Муҳаммадов, сокини дигари ноҳия низ айнан чунин ҷазо гирифтааст, зеро писари ӯ 16-солаи ӯ низ рӯзи 19 феврал дар мактаб бо телефони мобил ба даст афтодааст. Аммо додгоҳи Исмоили Сомонӣ Сафаргул Аҳмадова, модари Худобахш Аҳмадови 17-соларо барои он огаҳӣ додааст, ки ӯро соати тақрибан 9 дар яке аз марказҳои компютерӣ ҳангоми бозӣ пайдо кардаанд.

Яке аз волидони дигарро барои ҷанҷоли писараш бо ноболиғи дигар дар кӯча ҷазо додаанд ва Файзалӣ Оевро барои онки ба писари ноболиғаш Абӯбакр иҷоза дидааст, ки дар кӯча машғули тиҷорат шавад.

Аммо бисёре аз ин волидонро барои беэътиноӣ ба Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд” ҷарима карда ва ё танбеҳ додаанд, ки бар асоси он кӯдакону то наврасони 18-сола ҳақ надоранд ба масҷид бираванд. Масалан Ҳамидҷон Баҳриев барои он 40 сомонӣ ҷарима шудааст, ки ба писараш хонандаи синфи 6-уми иҷоза додааст, барои хондани намоз ба масҷид биравад.

Дилшодҷон, фарзанди 9-солаи Ҷумъамурод Гулов низ сабаб шудааст, ки падари ӯро ҳам барои риоят накардани қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҷарима кунанд. Дилшод, ки хонандаи синфи 2 аст, моҳи январ барои хондани намоз ба масҷид рафтааст, ҳарчанд бар асоси қонуни мазкур ин ҳақро надорад. Дар ин ҳукмҳо дида мешавад, ки аксари бачаҳое масҷидраве, ки волидонашон ҷазо гирифтаанд, хонандагони синфи 6 ва ё ҳашт ҳастанд.

Қонуни масъулияти падару модар дар Тоҷикистон дар соли 2011 тасвиб шуда, барои волидон барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои падариву модариашон муҷозот муқаррар кардааст. Бар асоси ин қонун, волидонро метавонанд аз ҷумла барои беназорат гузоштани фарзанд, масҷид рафтани фарзандони ноболиғ ё ҳатто барои бо телефони мобил ё планшет ба дарс равон кардани фарзандон муҷозот кунанд.

Ин қонун ба интиқодҳои тунде аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқ рӯбарӯ шудааст, ки мегӯянд, давлати Тоҷикистон ба ҳарими зиндагии хусусии мардум дахолат карда, ба хотири густариши доманаи назораташ ҳуқуқу озодиҳои мардум, аз ҷумла кӯдаконро зери по мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG