Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи "муваққат"-и фаъолияти 20 масҷид дар Кӯлоб (ВИДЕО)


Мазори Саидалии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб
Мазори Саидалии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб

Мақомоти шаҳри Кӯлоб фаъолияти 20 масҷидро, ки ҳуҷҷати расмӣ надоштаанд, мувақатан боз дошта, 8 имомхатиби «ғайрирасмӣ»-ро 280 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ба иттилои сармутахассиси бахши дини вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов, дар натиҷаи санҷиш онҳо муайян карданд, ки аз 70 масҷиде, ки дар Кӯлоб фаъолият дорад, 20 масҷид қаблан ҳамчун чойхона ва макони истироҳати мӯйсафедон ва иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ истифода мешуд. Ба ҳамин далел, то дуруст шудани асноди ин масҷидҳои ғайрирасмӣ фаъолияташон муваққатан манъ карда, "ба ҳолати аввала баргардонидаанд," яъне дубора ба чойхонаву макони истироҳати собиқадорон табдил додаанд. Ҳамчунин 8 нафаре ки дар ин масоҷид ғайрирасмӣ имомат мекарданд, ба маблағи 7 нишондоди, яъне ҳар кадом ба маблағи 280 сомонӣ ҷарима баста шудаанд.

Ин масъала рӯзи 19-уми феврал зимни як вохӯрӣ бо имомхатибони зиёда аз 70 масҷиди шаҳри Кӯлоб роҳбарияти шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони шӯъбаи дини минтака Кӯлоб аз онҳо даъват шуд, ки ҳарчи зудтар масҷидҳоро аз қайди давлатӣ гузаронида, ҳуҷҷатгузориашон дуруст намоянд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов зимни ин ҷаласа иброз дошт, ки дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб ҳоло ҳам масҷидҳое ҳаст, ки 50- 60 сол фаъолият доранд, аммо то имрӯз бо сабабҳои номаълум ҳуҷҷатгузории ин масҷидҳо ба таври лозима дуруст нашудааст. Шаҳрдори Кӯлоб иброз дошт, ки мақомоти шаҳр талош хоҳанд кард, то дар як деҳа як масҷид фаъолият намояд. Вай ҳамчунин иброз дошт, ки тибқи салоҳият ва имконоте, ки қонуни кишвар барои ӯ раво дидааст, барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои масҷидҳое, ки солиёни дароз фаъолият доранд кумак хоҳад кард. Вале аз аҳли кӯчаву маҳалла ва деҳаҳое, ки 3- 4 масҷид доранд хост, то фаъолияти масҷидҳои "зиёдатӣ"-ро қатъ кунанд.

Зимни саволу ҷавоб раиси Шӯрои уламои Кӯлоб Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода аз ҳамаи имомхатибон хост, ки дурустии самти қибларо дар масҷидҳо риоя намоянд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳастанд масҷидҳое, ки то ҳанӯз қиблаи худро дуруст накардаанд ва дар чунин масҷидҳо нафаронеро метавон дид, ки вобаста ба фикри шахсии худ ба самтҳои гуногун намоз мехонанд. Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода гуфт, ин метавонад ба ҷудоиандозиву тафриқа биоварад.

Ба иттилоъи кормандони бахши дини Кӯлоб, дар рӯзҳои наздик барои имомхатибони 10 масҷиди ҷомеъи шаҳр низ либоси ягона дастрас шуда, тибқи қонун, онҳоро бо маош таъмин мекунанд.

Бастани масоҷид аз сӯи мақомот дар Тоҷикистон аз масоилест, ки исми ин кишварро дар гузоришҳои байналмилалӣ роҷеъ ба озодии дин дар радифи кишварҳои саркӯбкунандаи чунин озодиҳо қарор медиҳад. Аммо мақомот ба ҳуқуқи мазҳабии мардуми Тоҷикистон, ки 97 дарсад аз 8 миллион аҳолиашро мусалмонон ташкил медиҳанд, эҳтиром мегузоранд. Мақомот мегӯянд, ба фаъолияти масоҷиди расмӣ дар Тоҷикистон мониае эҷод намешавад ва як далели ин фаъолияти беш аз 4000 масҷидимарказиву ҷомеъ ва панҷвақта дар саросари ин кишвар аст.

Фаъолияти 20 масҷид дар Кӯлоб боздошта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG