Пайвандҳои дастрасӣ

25 соли демократҳои тоҷик: Аз Шодмони Юсуф то Саидҷаъфар Исмонов


Солгарди 25-уми таъсиси ҳизби демократи Тоҷикистон бидуни кадом чорабинии бузург ва хеле камранг гузашт.Ҳол он ки замоне яке аз созҳои аввалро дар арсаи сиёсии ин кишвар ҳамин ҳизб дар даст дошт.

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) рӯзи 10 август 25-сола шуд, вале кадом чорабинии саросарие ба ин муносибат доир накард.

Раиси ҳизб ва вакили парлумон Саидҷаъфар Исмонов, ки бо сафаре дар вилояти Суғд қарор дорад, рӯзи 10 август ба Радиои Озодӣ гуфт, аъзои ҳизбаш дар ин вилоятро алоҳида табрик кардааст ва баъдан дар Душанбе низ айни корро мекунанд, вале баргузории кадом маросими вижаеро ба муносибати солигарди 25-уми таъсиси ҲДТ дар назар надоранд.

Саидҷаъфар Исмонов дар ду соли охир аз 1411 ба 18 000 нафар расидани шумори аъзои ҲДТ ва барои бори аввал баъди суқути Шӯравӣ соҳиби курсии вакили парлумон шуданаш дар интихоботи 1 марти соли ҷориро аз комёбиҳои ҳизбу раҳбарии худ мешуморад.

Мунтақидонаш мегӯянд, дар асл ин ҳама ҷое барои тавсиф надорад, чунки ҲДТ дар ивази аз даст додани мустақилият ва табдилаш ба як ҳизби "кисагӣ" ин як курсиро ба даст овардааст. Аммо Исмонов ба ҲДТ часпондани сифати "кисагӣ"-ро кори "заифнолон" мешуморад ва мегӯяд: "Мо ба ҷои митингбозӣ роҳи ҳамкориии созандаро бо ҳукумат пеш гирифтаем. Ҳар як гурӯҳи сиёсӣ бояд дар роҳи муборизаҳояш гузашт ё

Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов

компромисс кунад. Мо маҷбурем бо ҳукумат, ки тамоми умури кишвар дар дасташ аст, ҳамкорӣ кунем. Вале мо ғулом нестем. Агар иштибоҳеро дидем, танқид мекунем. Албатта, ҳамаро набояд ба гардани президенту ҳукумат бизанем, балки ҳамон ниҳод ё раҳбари мушаххасеро, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, танқид мекунем."

Анҷумани муассисони ҲДТ 10 августи соли 1990, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, дар Душанбе баргузор шуд ва ин ҳизб дар Тоҷикистон нахустин ҳизби алтернативӣ буд, ки дар муқобили ҳизби яккатози коммунист ба майдон омад. Нахустин раиси ҲДТ корманди илмии Академияи илмҳо Шодмони Юсуф буд ва дар ҳайати он шахсиятҳои саршиносе, чун профессорон Раҳими Мусулмониёну Абдунабӣ Сатторзода, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, шоир Бозор Собир, журналист Имомназари Холназар, (баъдан) вакили парлумон Аслиддин Соҳибназаров гирди ҳам омада буданд.

ҲДТ аз нерӯҳои калидӣ дар гирдиҳамоиҳои тирамоҳи соли 1991 ва баҳори соли 1992 дар Душанбе буд ва раҳбарии ситоди ниманизомии "Наҷоти Ватан"-ро, ки дар тобистони соли 1992 ба хотири дифоъ аз ҳукумати муросои миллӣ таъсис дода шуд, низ Шодмони Юсуф, раҳбари вақти демократҳо бар ӯҳда дошт. Баъди шикасти ҳукумати муросои миллӣ ва рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти ҲДТ бо ҳукми Додгоҳи олӣ манъ шуд ва аксари раҳбаронаш тарки кишвар карданд.

Ҷумъабой Ниёзов

Ҷумъабой Ниёзов

Дар соли 1995 ҲДТ, ки нуфузи қаблиаш дар таъини хатти машши сиёсии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро аз даст дода буд, ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. "Ҷиноҳи Алма-Ато" ба раҳбарии Ҷумъабой Ниёзов дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин боқӣ монд ва намояндагонаш дар музокироти сулҳ бо ҳукумати Тоҷикистон аз номи ин Иттиҳод ширкат мекарданд. "Ҷиноҳи Теҳрон", ки дар пушташ Шодмони Юсуф истода буд, ба навбати худ намояндааш Аъзам Афзалиро барои музокираҳои алоҳида ва таҳияи заминаҳои фаъолияти қонунии ҳизб ба Душанбе фиристод.

Ин нахустин талоши ҷудоӣ дар дохили ҲДТ соли 1997, бо имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, хунсо шуд, чунки ҳукумат бар асоси ин созишнома “ҷиноҳи Алма-Ато”-ро эътироф кард ва иҷозаи фаъолияти дубора дар Тоҷикистон дод. Ҳамин тавр, аъзои ҳамин ҷиноҳ тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин дар ҳукумат мансаб гирифтанд. Аз ҷумла Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, танҳо фармондеҳи демократ дар байни фармондеҳони нерӯҳои мухолифин, ибтидо вазири ҳолатҳои фавқулода ва баъди ба Мирзо Зиёев додани ин курсӣ раиси ширкати давлатии "Тоҷиккоммунсервис" ва дар пайи таҷзияи он раиси ширкати "Гази Тоҷик" таъин шуд. Ҳамин тавр, Абдунабӣ Сатторзода муовини вазири корҳои хориҷӣ ва Аслиддин Соҳибназаров тибқи саҳмияи 30-фоиза муовини аввали раиси Кумитаи андоз шуданд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Искандаров соли 1999, баъди дарёфти иҷозаи дубораи фаъолияти ҲДТ, раиси ҳизб баргузида шуд.

Ҷудоии дувум дар ҲДТ баъди барканории Искандаров аз раҳбарии ширкати газ дар соли 2003, боздошти ӯ дар Маскав ва маҳкум шуданаш ба 23 соли зиндон рух дод. Дар натиҷаи таҷзияи навбатии ҲДТ ба ду гурӯҳ – "Ҷиноҳи Искандаров" ва "Ҷиноҳи Масъуд Собиров" – Вазорати адлия тарафдорони Собировро ба расмият шинохт. Мухолифони ӯ мегуфтанд, ки ин ҷудоиро дар ҳизб мақомот ба хотири коҳиши нуфузи демократҳо ва аз ин ҳизб сохтани боз як ҳизби дигари гапдаро, ё ба истилоҳ, "кисагӣ" андохтаанд. Бо ин вуҷуд, ҲДТ дар интихоботҳои парлумонии солҳои 2005 ва 2010 натавонист ягон нафарашро вориди Маҷлиси намояндагон кунад. Дар интихоботи президентии соли 2006 низ номзади ин ҳизб сабти ном нашуд.

Дар соли 2013 дар ҲДТ боз ҷудоӣ афтод ва ин бор байни тарафдорони Собиров ва Саидҷаъфар Исмонов, ки дар ниҳоят раҳбарии ҳизбро ба даст гирифт ва аз номи он дар интихоботи президентии соли 2013 худро номзад кард ва дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаи Фархор вакили парлумон шуд. Худи Исмонов мегӯяд, ҲДТ дар ин 25 сол ба аксари ормонҳояш расид: "Як ҳадаф давлатӣ кардани забони тоҷикӣ буд, ки аллакай иҷро шуд. Ҳадафи асосии мо сохтани ҷомиаи демократӣ буд, ки ин ҳам иҷро шуд ва ҳоло дар Тоҷикистон ҷомиаи демократӣ побарҷост."

Вале мунтақидони Саидҷаъфар Исмонов мегӯянд, дар асл ҲДТ кайҳо ҷойгоҳаш дар арсаи сиёсии Тоҷикистонро аз даст додаву пуштибоние дар байни мардум надорад ва амалан ба як сояи дигари ҳизби ҳокими халқии демократӣ табдил ёфтааст. "Ва ин ҳама дар ивази ҳамагӣ як курсӣ," – алам кард дар сӯҳбат бо Озодӣ яке аз собиқадорони ҲДТ, ки баъди ин ҳама бозиҳо дар дохили ҳизб аз фаъолиятҳои сиёсӣ комилан канор рафтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG