Пайвандҳои дастрасӣ

Солгарди 25-уми 25 қурбонии баҳманмоҳи хунин (12 АКС)


Баҳманмоҳи соли 1990 дар Душанбе

Баҳманмоҳи соли 1990 дар Душанбе

12 феврал солгарди 25-уми ҳаводиси баҳманмоҳ аст, ки бо 25 қурбониаш оғози ҳаракати Тоҷикистон ба сӯи ҷанги бамаротиб хунинтару фалокатбори шаҳрвандӣ шуд.

Рӯзи 12 феврал ба ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 дуруст 25 сол пур мешавад. Дуруст 25 сол пеш, дар зимистони сарду пурбарфи соли 1990, ки ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, ҳазорон нафар бо талаби истеъфои ҳокимони вақти Тоҷикистон ба хиёбони марказии шаҳри Душанбе, ба саҳни Кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақти коммунист (ҳоло Кохи раёсатҷумҳурӣ) рехтанд.

Баҳонаи оғози тазоҳурот овозаҳо дар бораи гӯё ба Душанбе овардану дар манзилҳои наави баландошёна ҷой кардани арманиҳои гуреза буд. Дар он солҳо дар Душанбе ҳазорон хонаводае ҷамъ шуда буд, ки бархе даҳсолаҳо навбати хона мепоиданд ва овозаи хона додан ба арманиҳои гуреза гӯё охирин қатрае шуд, ки косаи сабри мардумро лабрез кард ва издиҳоми бузурги хашмгинро бакӯчаву хиёнбонҳои маркази Душанбе резонд.

Эътирозгарон дар маркази Душанбе

Эътирозгарон дар маркази Душанбе

Қаҳҳор Маҳкамов, ки ба ҳайси котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунист раҳбари вақти Тоҷикистон буд, ба пеши эътирозгарон набаромад, балки нирӯҳои милиса дастбакор шуданд. Аввалин даргириҳо ва аввалин хун рехта шуд ва вақте Қаҳҳор Маҳкамов ноилоҷ монд ва хост, шахсан бо эътирозгарон сӯҳбат кунад, кадоме аз байни издиҳом ба сӯяш калӯш андохт ва дигар касе ӯро гӯш накард.

Эътирозгарон нирӯҳои вижаи пулису амниятро фишор оварда, манотиқи атрофи Кумитаи марказиро ишғол карданд ва аз Маскав барои саркӯби ин эътирозҳо нирӯҳои вижаи Артиши Шӯравӣ ва ҳатто гурӯҳи “Алфа”-ро ба Душанбе фиристоданд.

Қаҳҳор Маҳкамов

Қаҳҳор Маҳкамов

Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо 25 нафар кушта шуданд, вале тазоҳурот фурӯ нанишаст ва ҳокимони вақти Тоҷикистон маҷбур шуданд, бо издиҳоми шӯрида, ки аз ҳисоби намояндагони худ гурӯҳеро бо номи “Кумитаи 17” ташкил доданд, ба музокирот бинишинанд.

Дар натиҷаи ин музокираҳо рӯзи 13 феврал се раҳбари аввали Тоҷикистон – котиби аввали Кумитаи марказӣ Қаҳҳор Маҳкамов, сарвазир Иззатулло Ҳаёев ва раиси раёсати Шӯрои олӣ, порлумони вақти Тоҷикистон, Ғоибназар Паллаев бо имзои як протокол ба истеъфои худ имзо гузоштанд. Хабари истеъфои онҳо дар матбуоти расмӣ нашр шуд ва аз телевизиони давлатӣ ҳам садо дод.

Бӯрӣ Каримов

Бӯрӣ Каримов

Вале аллакай рӯзе баъд дар Пленуми Кумитаи марказии ҳизби коммунист Маҳкамов, Ҳаёев ва Паллаев аз қавли додаи худ даст кашиданд ва раҳбарони “Кумитаи 17”, аз ҷумла раиси Кумитаи баплангирии ҳукумати Тоҷикистон Бӯрӣ Каримов, ки он замон ҳамагӣ 32 сол дошт ва яке аз раҳбарони ояндадори кишвар ба шумор мерафт, раҳбари созмони “Растохез” Тоҳири Абдуҷаббор, шоири маъруф Бозори Собир, ва ҳамин тавр, вазири фарҳанг Нур Табаров ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор карданд. Бӯрӣ Каримов ва нур Табаровро дар ҳамин ҷаласа аз мақомҳои давлатӣ барканор кардаву аз ҳизб ронданд.

Рӯзи 18 феврал издиҳом бори дигар барои ҳимоят аз раҳбарони худ дар майдони назди Кохи Борбад, ҷое ки ҳоло фаввора сохта шудааст, гирд омад, вале худи Бӯрӣ Каримов, ки бо даъвати тазоҳургарон ба пеши онҳо ҳозир карда шуд, аз мардум хост, ба эътирозҳо поён гузоранд ва хона ба хона шаванд.

Баъди он ҳаводис дар Душанбе қуюди шабгардӣ (вақти комендантӣ) ҷорӣ шуда, нирӯҳои Артиши Шӯравӣ вазъро назорат мекарданд. Таъқиби дигарандешон хеле афзоиш ёфт ва аз ҷумла даҳҳо нафар ба далели пуштибониашон аз тазоҳургарон аз телевизиону радиои давлатӣ ва аз рӯзномаҳои расмии он замон, бахусус аз "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло - "Ҷумҳурият") ронда шуданд.

Тоҳири Абдуҷаббор

Тоҳири Абдуҷаббор

Ҳафтае баъд аз фурӯ нишастани ҳаводиси баҳманмоҳ дар Тоҷикистон нахустин интихоботи алтернативӣ гузашт, ки то ҳол озодтарин интихобот дар таърихи ин кишвар ба шумор меравад. Дар пасманзари ҳодисаҳои феврал хеле аз номзадҳои равшанфикри он замон, ки бо баҳонаи даст доштан дар ин ҳаводис аз сӯи мақом сиёҳ карда мешуданд, натавонистанд ба порлумон роҳ биёбанд. Аммо ҳатто дар он шароити сахт боз ҳам чанд нафар, аз ҷумла Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназаров ва Бозори Собир соҳиби курсии вакилӣ дар Шӯрои Олӣ шуданд.

Ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 дар асл ҳанӯз 10 феврали он сол оғоз ёфта ва бо бархе фосилаҳо то 18 феврал давом кард, вале дар тақвими расмии Тоҷикистон як муддати кӯтоҳ маҳз рӯзи 12 феврал, рӯзеро, ки нирӯҳои вижаи Артиши Шӯравӣ ба саркӯби тазоҳургарон пардохтанд ва шумори бештари мардум дар ҳамин рӯз кушта шуд, ҳамчун Рӯзи ёдбуди шаҳидон дарҷ шуда буд.

Аслиддин Соҳибназаров

Аслиддин Соҳибназаров

Ин рӯз ҳамчун Рӯзи ёдбуди шаҳидон фақат як дафъа, дар феврали соли 1992 доир карда шуд ва ба ёди 25 нафаре, ки дар феврали соли 1990 дар эътирозҳои Душанбе кушта шуданд, дар паҳлуи майдони марказии Душанбе, ки ба ёди ин қурбониён номи Шаҳидонро гирифт, як санги ёдгорӣ ҳам гузоштанд.

Вале аллакай соле баъд, ҳукумати нави Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро аз тақвим зад ва номи майдонро ҳам ибтидо Исмоили Сомонӣ карда, сипас бо бардоштани панҷараҳои баланд дар атрофи биное, ки аллакай аз Кумитаи марказии ҳизби коммунист ба Кохи раёсатҷумҳурӣ табдил дода шуд, ин майдонро комилан аз байн бурданд.

Санги ёдгории қурбониёни ҳаводиси баҳманмоҳ низ дар ибтидои солҳои 2000-ум аз канори Кохи раёсатҷумҳурӣ бардошта шуд ва бо ҳамин ггӯё ин саҳифаи таърихи навини Тоҷикистонро ба боди фаромӯшӣ супурданд.

Сафаралӣ Кенҷаев

Сафаралӣ Кенҷаев

Барои таҳқиқи ин ҳаводис дар соли 1990 аз сӯи Шӯрои олӣ кумиссиюни вижае ба раҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев низ таъсис шуда буд, ки дар як гузориши муфассал ва тунд ҳокимони вақти Тоҷикистонро дар сар задани он ҳаводис айбдор кард. Вале гузориши кумиссиюни Кенҷаев ба як асбоби муомилаи ӯ бо ҳокимони вақт табдил ёфт ва ба истиснои як замимаи нашрияи “Адолат”, дигар дар ягон ҷое расман нашр нашуд.

Соли гузашта маҷаллаи русии “Свободная Пресса” ба нақл аз пажӯҳише, ки Академияи Тафаккури Нав дар соли 1993 анҷом додааст, навишт, ки гӯё дар феврали соли 1990 дар Душанбе кадом силоҳи равонии махфие аз сӯи ниҳодҳои амниятии Шӯравӣ озмоиш мешуд ва кадом халал дар кори ҳамин силоҳ сабаби шӯридани зеҳни мардуми бахиёбонҳо рехтани издиҳом шудааст. Ин иддао аз ҷониби манобеи дигар расман тасдиқ ё рад нашудааст.

Аммо муаррихон ба сурати умум рӯйдодҳои хунини баҳманмоҳи соли 1990-ро оғози ҳаракати Тоҷикистон аз роҳи хатарноке медонанд, ки дар соли 1992 ин кишварро ба гирдоби ҷанги боз ҳам хунинтар, боз ҳам фалокатбортар ва боз ҳам пурқурбонитари шаҳрвандӣ тела дод. Ба ақидаи таърихнигорон, мусибатҳои ба маротиб бузургтарин ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1992 бо садҳо ҳазор гурезаву дастикам 100 000 қурбониаш боис шуд, ки рӯйдодҳои феврали соли 1990 бо ҳамагӣ 25 куштааш дигар зери сояи он бимонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG