Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди бистуми ҳамла ба заставаи 12-ум


Постгоҳи шумораи 12 инҷост. Ҷое, ки дар таърихи 13-уми июли соли 1993 бар асари ҳамлаи нерӯҳои муҷоҳидини тоҷик 25 марзбони рус кушта шуданд.
Постгоҳи шумораи 12 инҷост. Ҷое, ки дар таърихи 13-уми июли соли 1993 бар асари ҳамлаи нерӯҳои муҷоҳидини тоҷик 25 марзбони рус кушта шуданд.

Бо гузашти 20 сол аз ҳамлаи хунин ба қитъаи марзии 12-ум ин ҳодиса то ҳанӯз пушти пардаи розҳо ва суолҳои беҷавоб боқӣ мемонад.

Гурӯҳи ҳамкории марзии Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, воқеъияти ҳамлаи муҷоҳидини тоҷик ба қитъаи марзии 12 -и нерӯҳои марзбонии Русия дар соли 1993 аз сӯи расонаҳои Тоҷикистон таҳриф мешавад.

Ба ин хотир, дар солгарди 20-уми ин хунинтарин ҳамлаи мухолифин ба нирӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон бо ташаббуси ин Гурӯҳ, ки ҷойгузини нерӯҳои марзбонии Русия аз марзи ҷанубии Тоҷикистон пас аз хуруҷашон дар соли 2006 шудааст, дар Душанбе як нишасти вижа доир шуд.

Фирӯз Аҳтамов, намояндаи Гурӯҳи ҳамкории марзии Русия гуфт, ҳадаф рафъи бархе сӯитафоҳумҳоест, ки аз сӯи бархе қаламкашони, ба таъбири ӯ, “беҳунар» дар расонаҳои Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст: «Рости гап, ҳоло матолибе ба табъ мерасанд, ки дили касро реш-реш мекунанд. Масалан, Рӯзи Ғалабаи бузург бар фашизм ҳам солҳои ахир аз сӯи бархе сиёсатшиносону таърихнигорони хаёлбоф таҳриф мешавад. Ҳамчунин вазъ ҳоло сари ҳузури онвақтаи марзбонони рус дар Тоҷикистон омадааст. Агар онҳо набуданд, пас кӣ бояд мебуд? Охир, басарусомонӣ мешуд.»




13 июли соли 1993 ба қитъаи марзии 12-уми нерӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон як гурӯҳи бузурги размандагони мухолифинит тоҷик аз Афғонистон ҳамла оварданд, ки дар натиҷа 25 нафар кушта шуданд. Аз он замон то ба ҳол дар Русия дар бораи ин ҳамла даҳҳо мақолаву чандин китобу филмҳои мустанаду ҳунарӣ таҳия шудааст. Вале Абдушафеъ Тоҷев, собиқ корманди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки худро иштирокчии бевоситаи амалиёти озодкунии қитъаи марзии 12 муаррифӣ кард, дар ин матолиб умуман нақши нирӯҳои амниятии Тоҷикистонро зикр намекунанд. Вай афзуд, ҳамла ба қитъаи марзии 12 интиҳои амалиёти Чапардарӣ буд, ки байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифини тоҷик чанд ҳафта боз давом дошт.

Вай афзуд:«Агар марзбонони Русия бо мо ҳамроҳ мешуданд, ин даста умуман сар бароварда наметавонист. Аммо дар амалиёти Чапардарӣ ва баъдан Федотов дар китоби «Сарҳади Панҷ» менависад, ки тоҷикон аз майдони муҳориба фирор карданд. Мо куҷо фирор мекунем, ки ин ватани мо аст?»

Бо гузашти 20 сол аз ҳамла ба қитъаи марзии 12-и нерӯҳои марзбони Русия, ки ба даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон рост меояд, ба назар мерасад, баҳсҳо ва ба дунболи онҳо суолҳо бештар мешаванд. Аз ҷумла сабаби ҳамла ба ин қитъаи марзбонӣ ҳамоно расман аз ҷонибе шарҳ дода намешавад.

Фирӯз Аҳтамов мегӯяд, нашрияҳои Тоҷикистон навиштаанд, ки сабаби ин ҳамла гӯё як муомилаи пулӣ миёни мухолифин ва марзбонони рус будааст. Вай афзуд, гӯё барои интиқоли размандагони мухолифин аз Тоҷикистон ба Афғонистон марзбонон пул мегирифтанд, аммо ин дафъа пул гирифта, гӯё ин фармоишро иҷро накарда бошанд ва мухолифин ба онҳо ҳамла кардаанд.

Мулло Абдураҳим дар мулоқоти ахири рӯҳониёни бо раиси ҷумҳур, аз ҳамлаи худ ба постгоҳи 12-ум пушаймонӣ кард.
Мулло Абдураҳим дар мулоқоти ахири рӯҳониёни бо раиси ҷумҳур, аз ҳамлаи худ ба постгоҳи 12-ум пушаймонӣ кард.
Мулло Абдураҳим Каримов, фармондеҳи собиқ ИНОТ, ки то ба ҳол ин ҳамларо ба дастаи ӯ рабт медиҳанд, рӯзи 4 июл дар мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён расман барои ин ҳамла узр пурсид. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба қитъаи марзбонии 12 бо фармони раҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамла кардааст: «Оппозитсия, яъне Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамин супоришҳоро медод, ки ҳамин корҳоро кунед. Ман фармондеҳи ҲНИ будам. Бар зидди Тоҷикистону бар зидди ину он гурӯҳ меҷангидем. Тасмимро роҳбарият мегирифт ва ман аслан аз ҳадафҳои ин ҳамла хабар надоштам.»

Дар ҳамин ҳол, масъулини ҲНИ мегӯянд, Мулло Абдураҳим аз аҳдофи ҳамла хуб огоҳ буд ва медонист, ки бояд чӣ кор кунад. Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ва он замон аз масъулони ИНОТ мегӯяд: «Раисҷумҳур хуб эълон дошт, ки ба қитъаи марзбонии 12-ро маҳз Мулло Абдураҳим ҳамла кардааст. Ҳеҷ кас ӯро маҷбур накарда буд. Вай он замон мегуфт, ки чун ман аз Кӯлобам, ин минтақаи ман аст ва ба ҷуз ман ҳеҷ кас ҳаққи ҳамла ба онро надорад.»

Фарзияи наверо дар бораи ҳадафҳои ҳамла ба қитъаи марзбонии 12-и Русияро Виктор Дубовитский, корманди Пажӯҳишгоҳи таърихи Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Вай мегӯяд, ҳадаф аз ҳамлаи ИНОТ ба қитъаи марзии 12 ба манзури таъсис додани як давлати мустақили исломии Тоҷикистон буд, ки ҷомиаи ҷаҳонӣ бояд онро мешинохт ва бо он муомила мекард: «Аз ин хотир, қитъаи марзбонии 12-ро мухолифин ҳамчун нуқтаи заъфи марзӣ ба баррасӣ гирифта, тариқи он интиқоли размандагон ба манотиқи душворгузари кӯҳистонии Тоҷикистонро андешида буданд.»

Бо вуҷуди баҳсҳои ахире, ки сари ҳамла ба қитъаи марзбонии 12-и неруҳои марзбони Русия ҳоло ба вуҷуд омадаанд, коршиносон мегӯянд, ин ҳодиса як гардиши куллие дар ҷанги дохилии Тоҷикистон буд, ки Русияро маҷбур кард, то нирӯинизомии мухолифини тоҷикпро эътироф карда, ҳукумати Тоҷикистонро водор ба музокирот бо ин мухолифин кунад.

Маҳз баъди ҳамин ҳамла Евгений Примаков, раҳбари вақти идораи ҷосусии Русия бо як сафари нимамахфие барои мулоқот бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Афғонистон рафт. Соли 1994 дар Маскав нахустин давраи музокироти сулҳи тоҷикон шурӯъ шуд, ки бисёриҳо мегӯянд, хишти аввалаш дар ҳамон ҳамлаи хунини 13 июли соли 1993 ба қитъаи 12-уми минтақаи марзии Маскав гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG