Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ: 12 дарсади кӯдакони тоҷик "расман вуҷуд надоранд"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Тибқи як пажӯҳиши созмони ЮНИСЕФ, 12 дарсади кӯдакони навзод дар Тоҷикистон бидуни қайд ва бе шаҳодатномаи таваллуд ба сар мебаранд.

Дар ҳоле, ки ҳамсолони Нигинаи 7-сола аллакай ҳарфҳои «Алифбо»-ро аз худ кардаанд, рӯзи ӯ дар хона ва мисли дигар кӯдакон бо бозиву даву тозҳо мегузарад. Чун фориғболии волидайн дар гирифтани шаҳодтаномаи таваллуд, боиси як сол аз мактаб дур мондани фарзанди онҳо шудааст.

Аммо волидайни Нигина, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, дар ин масъала ягон мушкил намебинанд ва мегӯянд, ҳанӯз ҳам барои гирифтани ин санад фурсат доранд. Салима Юсуфова, модари Нигина мегӯяд, «ман фарзандони худро дар хона таваллуд мекунам, ҳоло ҳамин духтарам ва боз як писари 2 солаам шаҳодатнома надорад. Чунки ҳамон вақт, яке аз шиносҳоямон ваъда дод, ки бароямон шиносномаи таваллуд гирифта медиҳад бо ҳамон на мо аз паяш шудем ва на ӯ. Бояд имсол духтарам мактаб мерафт, лекин ман гуфтам беҳтараш аз соли дигар равад. Насиб бошад, соли дигар аллакай ба ӯ шаҳодатнома мегирем.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим


Аммо Нигина танҳо навраси тоҷик нест, ки бидуни асноди сабти ном ба сар мебарад ва ҳатто мактаб рафта наметавонаду аз дигар имтиёзҳо бенасибанд. Ин аст, ки Нигина ва бародари 2-солааш аз ҷумлаи 12 дарсади кӯдаконест, ки ба иллати расман вуҷуд надоштанашон, яъне надоштани шаҳодатномаи таваллуд, аз гирифтани хадамоти тиббиву омӯзишӣ бе баҳра мондаанд.

Ин арқом ахиран аз сӯи ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли СММ дар пайи як пажӯҳиш мушаххас шуда ва маълум гардидааст, ки ҳатто дар хонаводаҳои доро низ ба гирифтани шаҳодатномаи таваллуди фарзанд, таваҷҷуҳ намекунанд. Тибқи гузориши тозаи ин созмон, дар баъзе манотиқи Тоҷикистон бо вуҷуди шароити хуб, саривақт шаҳодатномаи таваллудро намегиранд.

Лайло Моширӣ, раҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, «ин арқом аз таҳлили пизишки демографӣ, ки аз сӯи Кумитаи омори Тоҷикистон бо ҳамкории ЮСАИД анҷом ёфтааст, гирифта шуд ва ин нишон медиҳад, ки ба ҳар ҳол 12 дарсади кӯдакон вақте сабт нашудаанд, дар натиҷа ҳуввияташон мушаххас нест. Ҳамин ҳуввият надоштан метавонад ба он мунҷар шавад, ки онҳо натавонанд аз ҳуқуқҳояшон бархӯрдор бошанд.»

Ин пажӯҳиш нишон медиҳад, ки дар нисбати кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон кишваре боқӣ мемонад, ки кӯдакони бе санади таваллуд, нисбати деҳот дар шаҳрҳо зиёд будааст. Иллати ин равандро масъулони идораҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба бетаваҷҷӯҳии волидайн ва ҳам ба афзоиши бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон рабт медиҳанд. Ба гуфтаи ин масъулон, ба маҳзи он, ки шумори никоҳҳои сабтношуда меафзояд, мутаносибан кӯдакони чунин волидайн низ умдатан дар идораҳои сабти шаҳрвандӣ номнавис намешаванд.

Шаҳодат Ҳайдарова, сармутахассиси раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, аксаран волидайн танҳо замони ба боғча супоридани кӯдакон ва ҳатто аз ин ҳам дертар дар синни 7-солагӣ, вақти ба мактаб рафтани фарзандашон, ба ёди гирифтани шаҳодатнома меафтанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди хонум Ҳайдарова, волидайн муваззафанд, дар се моҳи аввали таваллуди фарзанд, ӯро расман сабт намоянд.

Вай афзуд, «барои гирифтани санади таваллуд қабл аз ҳама шиносномаи волидайн, маълумотнома аз зоишгоҳ ва шаҳодатномаи никоҳ талаб карда мешавад. Аммо мутаассифона бинобар он, ки аксарияти онҳо қайди расмии никоҳро надоранд ва шаҳодатномаи заруриро пешниҳод карда наметавонанд, ҳамин мушкил ба вуҷуд меояд. Дар ин баробар занҳое, низ кам нестанд, ки намехоҳанд номи падари фарзандашонро ифшо кунанд, чун вай оилаи худро дорад. Хулоса, сабабҳо хеле зиёданд. Аз тарафи дигар, раванди муҳоҷират низ таъсири худро гузоштааст ва баъзан занон интизор мешаванд, ки кай шавҳаронашон аз Русия омада фарзандашонро дар қайд мемонад, чунки вай ин иҷозаро ба онҳо намедиҳад ва ҳамин интизорӣ то 5-6 сол давом мекунад.»

Ҳарчанд волидайн барои дарёфти зоднома ба ниҳодҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ бо таъхир муроҷиат мекунанд, вале ба ҳар сурат ин дархости онҳо қонеъ карда мешавад. Аммо ба гуфтаи Шаҳодат Ҳайдарова, дар ин ҳолат саргардонии волидайн ба маротиб бештар шуда ва онҳо маҷбур ҳастанд, ки ба хотири риоя накардани муқаррарот ҷарима низ пардохт кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд то ду рӯз талаб ва наздики 20 сомонӣ масраф мешавад.

Зимнан, тибқи омори расмӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ тавассути шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба беш аз 191 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон зоднома дода шудааст, ки дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,5 дарсад зиёд будааст.
XS
SM
MD
LG