Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

K+: "Мавҷи моро аз қаламрави Тоҷикистон мезананд"


Роҳбарияти шабакаи моҳвораии телевизиони К+ рӯзи 5 июл бо пахши як изҳорот иддао кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳадафмандона монеъи пахши барномаҳои ин шабака мешаванд.

Дар изҳороте, ки тавассути пойгоҳи интернетии respublika-kz.info нашр шудааст, гуфта мешавад, ки задани мавҷи К+ дар моҳвораи Hotbird (13) аз қаламрави Тоҷикистон аз 2 июл шурӯъ шуда, аз таърихи 4 июл шиддат гирифт.

Масъулони шабака гуфтаанд, баъид аст, ки чунин задани мавҷи моҳвора, ки ба иддаои онҳо, ба ғайри К+ ба пахши барномаҳои шабакаҳои дигари фаъол дар фазои иттилоотии АвроОсиё низ латма расондааст, бидуни иҷозати мақомоти расмии Тоҷикистон сурат гирифта бошад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки мавҷи К+ дуруст дар соатҳое зада мешавад, ки барномаҳо бо забони тоҷикӣ, аз ҷумла бо ширкати раҳбари ҷунбиши мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев пахш мешуданд.

Чанд моҳ боз К+ силсилаи барномаҳо бо забони тоҷикиро, ки аз сӯи мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон таҳия мешаванд, нашр мекард. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки мавҷҳои К+ аз қаламрави Тоҷикистон зоҳиран аз 4 пойгоҳ-манораи телевизионӣ ва антеннаҳои дигари Кумитаи радиову телевизион, аз антеннаҳо ва аз қаламрави ширкати «Тоҷиктелерадиоком», аз пойгоҳи антеннаҳои воқеъ дар наздикии шаҳраки Орзуи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ва аз гурӯҳи антеннаҳои мавсум ба «Орбита» зада мешаванд.

Раҳбарияти К+ ин амалро ғайриқонунӣ ва мухолифи паймони байналмилалӣ дар масоили иттилоот ва коммуникатсия номида, хостори қатъи чунни рафтор ва маҳдуд кардани озодии баён шудааст.

Аммо муовини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон Самад Ҳикматов рӯзи 5 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин иддаои мақомоти телевизиони К+ асос надорад, зеро дар Тоҷикистон имкони фаннии қатъи барномаҳои моҳвораӣ имконпазир нест. Ба гуфтаи оқои Ҳикматов, ҳанӯз Тоҷикистон тавони қатъи каналҳои моҳвораӣ вуҷуд надорад.

Аммо барномаҳои моҳвораии телевизиони К+ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар хориҷ аз кишвар низ дастнорас шудааст. Ба гуфтаи манобеъи Озодӣ, дар берун аз Тоҷикистон низ барномаҳои ин шабака аз рӯзи 2 июл ба ин сӯ пахш намешаванд.

Қаблан низ, барномаҳои К+, ки тавассути моҳвораи Hotbird пахш мешуд, тақрибан аз зӯҳри 28 май аз эфир ғайб зад. Ин иттифоқ дуруст ба дунболи пахши ду барномаи як соатӣ ва як барномаи нимсоатӣ бо ширкати раҳбари ҷунбиши Ватандор Додоҷон Атовуллоев рух дод. Ин иттифоқ дар зеҳни бисёриҳо дар Тоҷикистон гумонеро эҷод кард, ки шояд пахши барномаҳои ин шабакаи телевизионӣ бо дахолати мақомоти Душанбе қатъ шудааст. Дар ин рӯзҳо дастрасӣ ба шабакаи интернетии К+ ва ҳам ба торнамои маъруфи Ютюб ҳам дар Тоҷикистон маҳдуд шуда буд.

Аммо масъулони К+ он дафъа ғайб задани барномаҳои ин шабака аз моҳвора ва Интернетро ба зарурати тағйири чорчӯби кор ва “кӯчондани серверҳо” рабт дода буданд.
XS
SM
MD
LG