Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозмондаҳои ҷасади посбони Анварпошшоро ба Туркия мебаранд


Акси Анварпошшо аз бойгонӣ
Акси Анварпошшо аз бойгонӣ

Наздикони Фориқ Афандӣ ният доранд бозмондаҳои ҷасади ӯро дар зодгоҳаш ба хок супоранд.

Хешу ақрабои Фориқ Афандӣ, посбони шахсии Анварпошшо, фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Туркия дар ҷанги авали ҷаҳон мехоҳанд, ки дар фурсати наздик бозмондаҳои ҷасади ӯро ба Туркия бурда ба хок супоранд.


Фориқ Афандӣ, Анварпошшо, Давлатманд, ки зидди барқарории сохти Шӯравӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза меҷангиданд, моҳи марти соли 1922 дар як даргирӣ бо Артиши Сурх дар мавзеи Оби дараи ноҳияи Балҷувон кушта шуданд. Ин се нафар аз ҷониби сокинони маҳаллӣ пинҳонӣ дар мавзеи Чаган ба хок супурда шуданд.

Соли 1998, пас аз 78 соли кушта шудани ин се тан, наздикони Анварпошшо устухонҳои ӯро ба Туркия бурданд. Ҳоло наздикони Фориқ Афандӣ низ чунин тасмиме гирифтанд. Зайдулло Музаффаров, як сокини деҳаи Шехон мегӯяд, ӯ дар бораи кушта шудан ва маҳалли гӯр кардани ин се шахсият маълумоти пурраро аз бобояш гирифтааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, гӯри ин се танро бобояш канда ва ба фарзанду наберагон барои “рӯзи мабодо” дар ин маврид маълумот додаст. Ҳоло ҳам барои бурдани устухонҳои посбони Анварпошшо наздиконаш ба ӯ муроҷиат кардаанд.

Музаффаров: Омаданд, гуфтанд, ки ё устухонҳояшро мебарем ва ё иҷозат диҳанд, дар ҳамин ҷо марқадаш месозем. Бояд ҳамин моҳҳо ба як хулоса бирасанд, ки усутхонҳои Фориқро мебаранд ва ё на. Ба онҳо дар бурдани устухонҳои Анварпошшо кӯмак карда будам, зеро кам касе дар бораи дар куҷо гӯру чуб шудани онҳо маълумоти пурра дошт. Бобои Толибам, ки дар 122-солагӣ мурд, нақл мекард, ки дуртар аз деҳаи Зувайр, мавзеи Чаган, ки Давлатманд ҳам мегӯянд, онҳо дар фалон ҷо гӯронида шудаанд ва Анварпошшо дар байн ҳаст. Ба
Зубайдулло Музаффаров
Зубайдулло Музаффаров
он ҷо роҳ нест ва фақат бо аспу хар рафтан мумкин аст. Ҳама ҷо ҷангал аст. Наздикони Анварпошшо аз деҳаҳои ҳамсоя кӯмак пурсиданд. Бобоям нақл мекард, ки инҳо дар Чаган кушта шуданд ва мо онҳоро пинҳонӣ оварда дар ин ҷо гӯр кардем.

Озодӣ: Оё нишондоди Шумо ҳангоми ҷустуҷӯи ҷасади Анварпошшо дуруст баромад ва бо чӣ далел онро исбот карданд, ки ҳамин ҷасад ҷасади ӯ ҳаст?

Музаффаров: Қариб як моҳ он ҷо машғул шуданд. Пиёда мерафтем ва пиёда меомадем. Гуфтам, ки ҳамин ҷоро канед ва мувофиқи гуфтаи бобои ман ҷасади Анварпошшо дар байн ҳаст. Онҳо кофтанд. Худашон дар бораи Анвар маълумоти кофӣ доштанд. Вақте устухонҳо баромад ва онҳо аз наздик онро диданд, бо забони худашон чизе гуфтанд ва ҳамаашон хурсанд шуданд. Нишонаи асосиашон ин буд, ки Анвар дар Германия ду дадони оҳанин карда будааст ва ҳамин чиз пайдо шуд. Аз ҳамин нишона ӯро шинохтанд. Мардум ҳам ин ҷасадҳоро эҳтиром мекарданд.

Озодӣ: Ба кадом хотир?

Музаффаров: Бобоям нақл мекард, ки ягон кори бад дар ҳақи мардуми оддӣ накарда буданд. Онҳо зидди кофирҳо меҷангиданд, барои ҳамин мардум нағзашон медид.

Озодӣ: Гуфтед, ки то он ҷо роҳ нест, пас устухонҳои Анварро бо чӣ то раҳи мошин оварданд?

Музаффаров: Бо хари ман... Аввал маслиҳат карданд, ки мисли одами зинда устухонҳояшро ширеш карда, дар тобут ҷой дода мебаранд, аммо аз он ҷо ин кор намешуд. Баъд, устухонҳоро аз чилики пой сар карда, то косахонаи сар, алоҳида алоҳида дар қутиҳо навишта андохтанд. Ин ҷо ҳамроҳашон, археологу таърихчиву духтур доштанд. Устухонҳои Анварро дар як қуттӣ гузоштанд, ки 5 килову 700 грам баромад. То пеши мошин дар болои хар гирифта овардам.

Озодӣ: Барои ободии ин мавзеъ ё нигоҳубини гӯри Давлатманду Фориқ наздикони Анварпошшо коре карда буданд?

Музаффаров: Бале, обод карда буданд. Атрофро санг, девору панҷара гирифтанд, вале онҳоро хирсҳо канда партофтанд. Ҳозир тамоман нообод аст.

Озодӣ: Анварпошшоро наздиконаш бурданд ва мегӯед, наздикони Фориқ низ талоши бурдан ё обод кардани гӯри бобояшонро доранд. Наздикони Давлатманд чӣ?

Музаффаров: Наздикони Давлатманд, набераҳояш ҳама дар ҳамин ноҳияи Ховалинг зиндагӣ мекунанд. Дар ҳақиқат як бор ҳамон набераҳояш омада зиёрат карданд, дигар умуман онҳоро надидам. Лекин мо кадом вақте ки гузарем, дар ҳақи Давлатманд дуо мекунем. То бурдани устухонҳои Анварпошшо мо гирди гӯри Давлатмандро бо навдаи дарахтон маҳкам карда будем, ки хароб нашавад.

Озодӣ: Ҳангоми кофтани гӯри Анварпошшо чи чизи ҷолибе мушоҳида кардед?

Музаффаров: Як археолог косахонаи сари Анварро аз замин бардошт, ки ба нохост, афтид. Бовар кунед, ҳамаи ҳайати гурӯҳ ба сари ӯ дод гуфтанд ва зуд ӯро аз кор берун карданд. Яъне, ба устухони авлодашон туркҳо ин қадар эҳтиром доштаанд. Аммо ваъдаҳои зиёд карданд, вале ба ваъдаашон вафо накарданд.

Озодӣ: Чӣ ваъда?

Музаффаров: Гуфтанд, ки дар ин ҷо боғи дӯстӣ мекунем ва роҳҳоро обод мекунем, аммо накарданд. Аммо авлодони Фориқ ваъда карданд, ки то сари гӯр роҳ соз мекунем. Онҳо бояд то моҳи август биёянд, ба ман ҳамин хел ваъда доданд.

Озодӣ: Аз нақли бобоят Давлатманд ҳам турк буд, ки бо ин туркҳо ҳамроҳ шуд?

Музаффаров: Не, боябом шоҳид будааст, ки Давлатманд бо онҳо бо тарҷумон гап мезадааст. Давлатманд аз Ховалинг буд ва дар Ховалинг турк нест. Онҳо, ки бар зидди кофирон меҷангиданд, Давлатманд бо онҳо ҳамроҳ шуд. Давлатманд аз тоҷикони Ховалинг буд. Дар наздикиҳои Балҷувон дар ду-се деҳа турк ҳаст, аммо дар Ховалинг туркҳо нестанд.
XS
SM
MD
LG