Пайвандҳои дастрасӣ

Ба назар мерасад, ки тоқати мардуми Туркманистон ҳам тоқ шудааст. Даҳсолаҳо онҳо дар баробари режими мустабид аз сабурӣ кор мегирифтанд ва аммо амри ахири раисҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар бораи боло бурдани қимати бензин оташи хашми дар дилҳо нуҳуфтаро аланга дод.

Замони раёсати раҳбари пешин Сафармурод Ниёзов мардум ба ивази сабурии худ аз имтиёзҳои зиёд бархурдор буданд ва онҳо барои газ, об, неруи барқ, нон ва намак маблағе пардохт намекарданд. Соли 1992 Сафармурод Ниёзов эълом дошт, ки чун кишвараш аз захоири табиӣ бой аст ва хазинаи кишвар аз содироти газ пур мешавад, мардум бояд аз меваҳои истиқлол баҳравар шаванд ва бо амри раисҷумҳур қимати бензин дар кишвар ҳамагӣ ҳашт сент барои як литр муқаррар шуд, ки ин пойинтарин қимат дар минтақа маҳсуб мешуд.

Ва аз ин рӯ, тасмими раисҷумҳури нав барои ба карат боло бурдани қимати бензин барои аҳолӣ боис ба эътирозу ғазаби мардум гардид. Як зани сокини устони Марв ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мардуми аз амри президент ба хашмомада бунгоҳҳои фурӯши бензинро ба оташ кашиданд. “Дар вилояти Марв ду бунгоҳи фурӯши бензин ба коми оташ рафт. То болоравии қимат дар ин бунгоҳҳо издиҳоми бузурги мардум ҷамъ меомад. Онҳо шабу рӯзи тулонӣ дар навбат буданд, то ки бензини арзон харидорӣ кунанд”.

То ҳафтаи гузашта қимати як литр бензин дар Туркманистон ба қимати арзонтарин нон баробар буд. Ва аммо бо амри раисҷумҳур аз ин баъд ронандагон метавонанд, ки дар як моҳ 120 литр бензини ройгон дарёфт кунанд, ронандагони мошинҳои боркаш ва автобусҳо то 200 литр ва мотосиклронҳо то 40 литр. Ва аммо онҳое, ки ба бензини аз меъёр бештар ниёз доранд, бояд барои ҳар литри иловагӣ 60 сент пардохт кунанд.

Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди ин болоравӣ қимати бензин дар Туркманистон ҳамоно арзонтарин дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Бигирем, дар Тоҷикистон қимати як литр бензин болотар аз як доллар аст ва аммо сокинони кишвар аз имтиёзи дарёфти ройгони ин маводи сӯхт маҳруманд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ҳамзамон бо болоравии қимати бензин, раҳкиро дар автобусҳои Туркманистон низ ду баробар афзоиш ёфт ва аз 5 ҳазор манат ё як доллар ба 10 ҳазор манат ё ду доллар расид. Гуфта мешавад, ки қимати маводи озуқа низ дар мағозаҳои кишвар боло рафтааст.

Ва аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, ки иқтисоди бозоргонӣ барои ҳама кишварҳо як раванди воқеист ва раҳбари Туркманистон ҳам ба ҷуз боло бурдани нархи бензин, ки аз қимати ҷаҳонӣ ба карат пойин аст, дигар чорае надошт.

XS
SM
MD
LG