Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наворе дар Ютуб дипломати тоҷикро ба қасди таҷовуз муттаҳам мекунад


Дар шабакаи Ютуб наворе пахш шудааст, ки дар он зоҳиран Туркманистон як дипломати тоҷикро ба қасди таҷовуз ба номуси як духтари, ба гуфтаи онҳо, "ноболиғ" муттаҳам кардааст. Ин духтар ҳамчун донишҷӯи курси чаҳорум муаррифӣ шудааст.

Дар як наворе, ки рӯзи 20-уми август дар Ютуб нашр шуд, таҳиягарон барои исботи дурустии иддаои худ сабтеро овардаанд, ки ҳамчун сӯҳбати телефонии дипломатҳои тоҷик дар Душанбе ва Ишқобод пешниҳод шудааст. Садои муҷрии ин навор тағйир дода шудааст.

Ин гузориш, ки зоҳиран аз бурузи як ҷанҷоли дипломатӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дарак медиҳад, ба забони русӣ аст ва аз тарафи шахсе бо номи "Андрей Семенов" ба Ютуб роҳ ёфтааст. Семенов дар ин шабака танҳо ҳамин наворро пахш кардааст.

Дар ҳоле ки навор бо рамзҳои телевизиони давлатии Туркманистон пахш шудааст, вале манобеи бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯянд, ин видео дар телевизиони "Ватан" пахш нашудааст.

Баъзе кормандони сафоратро гӯш мекунанд, назорат мекунанд, ки ба чӣ кор машғул ҳастанд...

​Дар ин навор иддао мешавад, ки дипломатҳои тоҷик дар Душанбе ва Ишқобод масъалаи котиби сеюми сафоратро, ки ба талоши таҷовуз муттаҳам шудааст, дар гуфтугӯҳои телефонӣ баррасӣ кардаанд. Ҳарчанд маълум нест, ки ин гуфтугӯи телефонӣ кай ва чӣ тавр сабт шудааст, вале аз рӯи нақли гӯяндаи навор ин суҳбатҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ сурат гирифтаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли ҷорӣ Маҳмудҷон Собиров, сафири Тоҷикистон дар Туркманистонро "ба далели ба нафақа баромадан" аз мақомаш озод карда буд. То ҳанӯз мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон холист. Ба иддаои гӯяндаи навор, барканории Маҳмудҷон Собиров ба ҳодисаи қасди таҷовуз дар Чорҷӯи Туркманистон бармегардад.

Дар ин навор, ба иддаои муаллифонаш, Хуршед Раҳимов - котиби дувуми сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон бо Маҳмудҷон Собиров ва “Шарифхон” ном корманди Вазорати умури хориҷӣ роҳҳои ҳалли ин мушкилро дар миён гузоштааст. Ӯ дар суҳбат бо Маҳмудҷон Собиров гуфтааст, беҳтар аст, худи сафир бо муовини вазири хориҷаи Туркманистон суҳбат карда, ин масъаларо ҳал кунад.

Ӯ мегӯяд, зоҳиран котиби севуми сафорат «дар хона бо духтаре ба даст афтодааст» ва бояд ба ҷониби Туркманистон фишор овард, ки ӯро боздошт накунанд, «вагарна шармандагӣ хоҳад шуд». Воқеияти ин навор ва, инчунин, иттиҳом алайҳи дипломати тоҷик собит нашудааст ва мақомоти Тоҷикистон низ то ҳол дар ин бора вокуниш накардаанд.

Акбаршоҳ Искандаров, сафири собиқи Тоҷикистон дар Ишқобод, рӯзи 22 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, сабти суҳбатҳои телефонии дипломатҳо дар кишварҳои мизбон ҳарчанд расмӣ нест, вале аз касе ҳам пӯшида нест. Ӯ мегӯяд, аммо дар замони сафирии ӯ чунин иттифоқе наафтода буд.

"Баъзе кормандони сафоратро гӯш мекунанд, назорат мекунанд, ки ба чӣ кор машғул ҳастанд. Аммо дар замони Туркманбошӣ бо мо ягон кор надоштанд. Мо бо Туркманбошӣ аз қабл муносибати хуб доштем," - гуфт ӯ.

Ин навор, инчунин, иддао мекунад, ки моҳи майи соли 2015 мошини дипломатҳои тоҷик бо маводи мухаддир боздошт шудааст ва он замон ҷониби Тоҷикистону Туркманистон ин мавзуъро хушӣ ба хушӣ ҳал кардаанд. Навор мегӯяд, ин дафъа низ қазия метавонист, ки бо оромӣ ҳал шавад, вале ин дафъа гӯё хабарро ҷониби Тоҷикистон берун овардааст ва ин хабар ба сайти мухолифони тоҷик дар хориҷа афтодааст.

XS
SM
MD
LG