Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банкоматҳо фаъол шуданд, навбатпоӣ хотима ёфт

Дар Тоҷикистон кори банкомат ё мошинҳои ироакунандаи пулҳои нақд ба муштариёни бонкҳои дучори мушкилшуда - “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дубора фаъол шуд. Бонки миллӣ ҳам дар хабари расмиаш гуфт, ки муштариён метавонанд ҳаҷми муайяни пулҳои худро рӯзона аз сурат-ҳисобҳои худ дарёфт кунанд.

Банкоматҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” рӯзона дар ҳудуди 100 то 600 сомонӣ (муодили тахминан 12 то 80 доллар) пули нақдро тавассути корти бонкӣ ба муштариён пешкаш мекунанд. Бархе муштариён ин миқдор пулро барои хароҷоти ҳамарӯзаи худ нокофӣ меҳисобанд ва мегӯянд, дар гузашта метавонистанд ба маротиб бештар пули нақдро ба даст оваранд. Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯянд, ки “додани пули нақд тавассути банкоматҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар тамоми ҷумҳурӣ шурӯъ шуда, хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкҳои зикршуда дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ барқарор шудааст”.
Дар поёни соли 2016 ҳукумат ба вазорати молия амр дод, ки ба бонкҳои дучори мушкилшуда дар ҳаҷми 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ (тахминан 490 миллион доллар) коғазҳои қиматнок бидиҳад, то дар раҳоӣ аз бӯҳрон ба ин муассисаҳо кӯмак шавад.


Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG