Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Ишқобод ба Остона дар иртибот ба ҳаводиси марзӣ


Марзи Туркманистон ва Афғонистон.
Марзи Туркманистон ва Афғонистон.

Вазорати умури хориҷии Туркманистон дар иртибот ба баёнияи Остона дар мавриди ҳаводис дар марзи ин кишвар бо Афғонистон, эътироз кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Туркманистон дар иртибот ба баёнияи Остона дар мавриди ҳаводис дар марзи ин кишвар бо Афғонистон эътироз кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Туркманистон (ВУХ), “дар ҷараёни нишасти хабарии муштараки руасои ҷумҳурии Русия ва Қазоқистон дар рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ, ҷониби Қазоқистон зимни арзёбии вазъият дар Осиёи Марказӣ дар мавриди баъзе ҳаводисе, ки гӯё дар марзи Туркманистону Афғонистон иттифоқ афтодааст, ибрози назар кард”.

Ишқобод ин хабарро “ғайривоқеъӣ” хонда ва аз чунин баёнияи ҷониби Қазоқистон ташвиши ҷиддӣ иброз доштааст. Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон омадааст, мавқеъи расмии ин кишвар дар мавриди ин масъала дар матбуот ва ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баён шуда ва Ишқобод умедвор аст, ки “дар оянда Қазоқистон ба ҳангоми арзёбии рӯйдодҳои Туркманистон, аз иттилооти воқеъӣ кор мегирад”.

Зимнан, рӯзи гузашта дар нишасти хабари муштараки Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев ҳаводиси Сурияро таҳдиде барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонда ва гуфта буд: “Мо аз ҳаводисе, ки дар марзҳои Туркманистон рух доданд, хабар дорем. Аз ин лиҳоз мо (бо раиси ҷумҳури Русия) ғояи таъсиси форуми “Ислом алайҳи терроризм”-ро пешниҳод кардем”.

Эътирози Ишқобод пас аз чанд рӯзи хабари расонаҳо дар бораи тасмими давлати Туркманистон барои эъзоми воҳидҳои низомӣ ва техникаи ҷангӣ ба вилоятҳои Марӣ (Марв) ва Лабап мунташир шуд. Бино ба ин иттилои расонаҳо, ҳоло ҳудуди 70 дарсади техникаи ҷангии Туркманистон дар марзҳои ин кишвар бо Афғонистон мустақар шудаанд.

Ҳамчунин, манобеъи наздик ба ҳукумати Туркманистон хабар додаанд, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар дар рӯзи 5 октябр вазъият дар марз бо Афғонистон баррасӣ шуда ва дар бораи таҳкими ин марз ва созмон додани тамриноти низомӣ дар манотиқи марзӣ тасмим гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG