Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба ширкати Амрико дар музокироти Сурия мухолифат кард


Эрон ба пайвастани Иёлоти Муттаҳида ба гуфтушуниди сулҳи Сурия мухолифат кард. Мухолифати Эрон дар ҳолест, ки ду миёнҷии дигари сулҳ, Туркия ва Русия мегӯянд, Иёлоти Муттаҳида дар музокироти Остона, ки 23 январ оғоз ёфт, бояд иштирок кунад.

"Мо онҳоро даъват накардаем ва мухолифи ҳузури онҳоем", - гуфт вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф. "Дар ин марҳила мо бояд бо гурӯҳи сеҷониба пеш равем", - гуфт Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 18 январ ба хабаргузории France Press. "Ҳамагуна густариш хатари нокомиро ба бор меорад", - гуфт Баҳром Қосимӣ.

Баъд аз пирӯзии чашмгири нерӯҳои ҳукумати Сурия дар шарқи Ҳалаб, истеҳкоми шӯришгарон дар тӯли низоъ, Русия, Эрон ва Туркия барои оғози раванди гуфтушунид дар байни тарафҳои даргир иқдом карданд. Эрону Русия пуштибонҳои калидии президенти Сурия Башор Асад ва Туркия тарафдори гурӯҳҳои шӯришгар унвон шудаанд.

XS
SM
MD
LG