Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркманистон 58-умин зодрӯзи президенти ин кишвар Қурбогулӣ Бердимуҳаммадовро дар саросари кишвар таҷлил карданд.

Дар Туркманистон 58-умин зодрӯзи президенти ин кишвар Қурбогулӣ Бердимуҳаммадовро дар саросари кишвар таҷлил карданд. Аксар барномаҳои телевизиони давлатии Туркманистон рӯзи 29 июн ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуд. Дар пойтахт шаҳри Ашқобод боғи наверо ифтитоҳ карданд, ки пур аз муҷассамаҳост, вале маълум нест бар ивази чанд пул сохта шудааст. Дар ин рӯз ҳамчунин як ҷашнвораи ҳафтаинаи фарҳангӣ анҷом шуд, ки дар ҷараёни он ду китоби наве муаррифӣ шуд, ки дар муқовааш исми муаллиф Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов навишта шудааст. Ин китобҳо “Фарҳанги туркманӣ” ва “Бахшӣ – муждарасони хушбахтии мардум” ном доранд. Моҳе пеш аз ин дар маркази Ашқобод пайкараи нави 21-метраи президент Бердимуҳаммадов қомат афрохт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG