Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ДИ ба Машарипов барои ҳамлаи Истанбул се зан туҳфа кардааст"


Гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Узбакистон барои ҳамлаи хунини шаби Соли наваш дар Истанбул, ки даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, се зан туҳфа кардааст. Ба иттилои нашрияи туркии "Ҳуррият", 16 январ аз манзиле, ки Машариповро дар ноҳияи Эсенюрти Туркия боздошт карданд, се зани дигар - Дина А. аз Сенегал, Алӣ Ҷамил Муҳаммад аз Ироқ ва Ойиша М. аз Сомалӣ низ дастгир шудаанд.

Шаҳрванди Узбакистон дар суҳбат бо пулис иқрор кард, ки ҳамроҳи ин се зан ақди никоҳ бастааст. Ҳангоми боздошт аз манзили ӯ ҳамчунин ду туфангча, 197 ҳазор доллар, дрон ва симкорт пайдо шуда, бино ба фарзияи мақомоти турк, ин пулҳоро Машарипов бар ивази ҳамла ба клуби шабонаи Reinaи Истанбул дарёфт кардааст.

Вай дар бозпурсӣ иқрор кардааст, ки нақша дошт, шаби Соли нав дар майдони "Тақсим"-и Истанбул амали террористӣ анҷом диҳад. Вале ба иллати ташдиди чораҳои амниятӣ ӯ тасмим гирифтааст, ба клуб ҳамла кунад.

"Reina барои анҷоми амалиёт муносиб буд, вале намуди дохилии онро ман намедонистам. Дар ин бора ба нафаре, ки аз ӯ амр мегирифтам, хабар додам. Баъдан "амир" аз Раққаҳ ба ман навори дохили биноро фиристод. Пас аз тамошо ва хуб омӯхтани дохили клуб ба Зейтинбурну рафта, силоҳу маводи тарканда гирифта, ҳамла кардам", - изҳор доштааст Машарпов.

Баъди ҳамла шаҳрванди Узбакистон бо ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Раққаҳ тамос гирифтааст ва онҳо ваъда додаанд, ки ӯро аз Туркия берун хоҳанд овард. Вале Машарипов натавонист сари вақт Туркияро тарк кунад ва дар натиҷаи як амалиёти махсус дар Эсенюрт боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG