Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Туркманистон ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон гардид.

Футболбозони навраси туркман дар бозии ниҳоӣ, ки шоми 19-уми сентябр дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон бо ҳузури 20 ҳазор тамошобин баргузор шуд, бар мунтахаби Русия бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дастаи ғолиб бо Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон, медалҳои тилло ва 20 ҳазор доллар сарфароз гашт. Бояд гуфт, ки мунтахаби наврасони Туркманистон барои дувумин бор паиҳам Ҷомро ба даст оварданд.

Футболбозони навраси Русия барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва 10 ҳазор доллар мукофотонида шуданд. Ба дастаи Узбакистон, ки барои ҷойи севум бар тими Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 6:0 ғолиб омад, медалҳои биринҷӣ ва 5 ҳазор доллар супурда шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи Тоҷикистон, ки бидуни имтиёз дар гурӯҳи “А” дар мақоми охирин қарор гирифт, рӯзи 18-уми сентябр барои ҷойҳои 7-8-ум бо тими Кувайт, ки дар гурӯҳи “В” дар зинаи охирин ҷойгир шуд, рақобат кард. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ Кувайт бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад ва мақоми 7-умро касб кард.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки аз ҳисоби шогирдони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (РШВСМ) оид ба футбол ташкил ёфта буд, дар ҳамаи 4 бозӣ шикаст хӯрд ва дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон дар зинаи охирин - 8-ум қарор гирифт.

НАТОИҶИ БОЗИҲО
10-уми сентябр
Русия – Тоҷикистон – 7:0
Беларус – Узбакистон - 1:2

11-уми сентябр
Қирғизистон – Кувайт – 1:1
Туркманистон – Эрон – 6:2

12-уми сентябр
Тоҷикистон – Узбакистон – 0:7
Русия – Беларус – 1:0

13-уми сентябр
Эрон – Кувайт – 2:1
Туркманистон – Қирғизистон -5:0

14-уми сентябр
Беларус – Тоҷикистон – 2:1
Узбакистон – Русия – 0:2

15-уми сентябр
Эрон – Қирғизистон -2:3
Кувайт – Туркманистон -0:5

17-уми сентябр
1/2 финал
Русия – Қирғизистон – 7:1
Туркманистон – Узбакистон – 4:0

18-уми сентябр
Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум
Тоҷикистон – Кувайт – 1:1 (аз рӯи силсилаи пеналтӣ - 2:4)

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
Беларус – Эрон – 6:2

19-уми сентябр
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
Қирғизистон – Узбакистон – 0:6
ФИНАЛ
Русия – Туркманистон – 1:2

Антон Удалов (Русия) беҳтарин бозигари мусобиқот, инчунин, Михаил Сидоров (Русия) беҳтарин дарвозабон, Диан Талхатов (Узбакистон) беҳтарин ҳимоятгар, Ихлос Сафармамедов (Туркманистон) беҳтарин нимҳимоятгар, Вадим Ни (Қирғизистон) беҳтарин ҳамлагар эътироф шуданд . Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фарҳод Муҳаммадов, Михаил Титов (ҳарду аз Туркманистон), Владислав Сарвели (Русия), Саидҷамол Давлатҷонов ва Ҷамшед Юсуфов (ҳарду аз Узбакистон), ки ҳар кадом 4-голӣ задаанд, бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG