Пайвандҳои дастрасӣ

Суруди президенти Туркманистон - дар Китоби Гиннес


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Расонаҳои расмии Туркманистон аз шомил шудани як таронаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Китоби Гиннес хабар додаанд.

Суруди "Ба пеш, танҳо ба пеш, кишвари дӯстдоштаам - Туркманистон", ки аз ҷониби Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон таҳия шуда, онро дар толор беш аз 4 ҳазор нафар якҷоя сароидаанд, ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. Ҷаноби Бердимуҳаммадов ин сурудро на ба таври зинда, балки дар шакли сабтшуда иҷро кардааст.

Дар ин замина шабакаи расмии телевизиони Туркманистон хабар додааст. Ин суруд дар толори консертии шаҳри Марв, ки аз сӯи Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ (ТУРКСОЙ) дар соли 2015 пойтахти фарҳанги ҷаҳони турк эълом шудааст, садо додааст.

Шайдо Субашӣ - Гемиҷӣ, ки худро дар ин консерт намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес муаррифӣ кард, гуфт, ин суруд ба унвони рекорди ҷаҳонӣ дар ин китоб сабт шудааст. Субашӣ - Гемиҷӣ раисиҷумҳури Туркманистонро бо ин дастовард табрик гуфта ва ба ӯ шаҳодатномаи рекорди ҷаҳониро тақдим кардааст.

Аммо масъулони Китоби рекордҳои Гиннес то ҳол шарҳ надодаанд, ки ин таронаи Бердимуҳаммадов барои кадом ҷанбаи фавқулоддааш рекорди ҷаҳонӣ эълон шудааст. Дар сомонаи расмии Китоби Гиннес низ иттилои расмие дар бораи ҳамчун рекорди ҷаҳонӣ сабти ном шудани таронаи президенти Туркманистон нест.

Дар консерте, ки дар шаҳри Марв дар толори ба шакли юрти бузург бунёд гардида баргузор шудааст, сарояндагон аз кишварҳои узви ТУРКСОЙ ширкат доштанд.

Соли гузашта дар шабакаи Ютуб наворе пайдо шуд, ки дар он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба сифати Ди-Ҷей (DJ) ҳузур пайдо кард. Дар он навор дида мешавад, ки чигуна Бердимуҳаммадов дар барномаи консертии солинавӣ сари дастгоҳи танзими мусиқӣ нишаста ва бо овозхонҳо ҳамовозӣ мекунад. Қабл аз ин, дар охирҳои соли 2011 дар Ютуб наворе пайдо шуд, ки президенти Туркманистон суруди навиштаи худро иҷро мекард.

Аммо сурудхонӣ танҳо ҳунари Бердимуҳаммадов нест. Дар авохири моҳи майи соли ҷорӣ дар озмуни байналмилалии китобҳо дар шаҳри Мински Белорус китоби ӯ бо номи “Номи нек фанонопазир аст” муаррифӣ гардид, ки ба бобояш бахшида шуда буд. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Туркманистон, ин китоби бадеию ҳуҷҷатӣ буда, ҳодисаҳои он дар яке аз деҳаҳои Туркманистон мегузарад. Ин роман ба забонҳои туркманию русӣ мунташир шудааст.

Ҳамчунин, рӯзи 7 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон китоби "Растаниҳои шифобахши Туркманистон"-и Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯнамоӣ шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG