Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои дохил шудан ба мактаби хонандагони болаёқати Душанбе имсол аз 11 000 хонандаи синфи 6 имтиҳон гирифтаанд. Аз байни онҳо танҳо 95 нафар толибилми ин муассисаи таълимӣ хоҳанд шуд.

Масъулони мактаби хонандагони болаёқати Душанбе, ки дар заминаи собиқ литсейи туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол таъсис ёфтааст, мегӯянд, барои дохил шудан ба ин мактаб аз 11 000 хонандаи синфи 6 имтиҳон гирифтаанд ва аз байни онҳо ба даври дуюм фақат 560 нафар роҳ ёфтаанд, ки ҳоло аз миёни онҳо танҳо 95 нафар ҳаққи таҳсил дар ин муассисаро ба даст хоҳанд овард.

Насимҷон Туманов, мудири мактаби хонандагони болаёқати Душанбе рӯзи 17 июн дар сӯҳбати ихтисосие бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин 11 000 тақрибан 2411 нафар худ барои дохил шудан ба мактаби онҳо ҳуҷҷат супурда, бақияро дар ҷараёни мониторинги саросарии муштарак бо вазорати маориф имтиҳон гирифтаанд: «Рӯзи 14 июн даври дуюми имтиҳон доир шуд ва натиҷагириаш ҳанӯз анҷом наёфтааст. Мо дар ин давр 560 нафарро имтиҳон кардем ва 95 тани онҳоро мегирем. Мо аз синфи 7 ба таълими шогирдон шурӯъ мекунем бо забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ.»

Мудири мактаби хонандагони болаёқати Душанбе мегӯяд, дар мактаби нав ҳамон низоми таълимии литсейҳои туркӣ ҳифз хоҳад шуд ва онҳо талош доранд, то ҳамаи 9 омӯзгори хориҷии литсей дар инҷо бимонанд: «Аз рӯи нақшаи нави таълимӣ шумораи фанҳое, ки ба забони англисӣ дарс дода мешаванд, аз 7 фанни замони литсей ба 9 фан расонда шуд. Фанҳои дақиқ - физика, химия, алгебра, геометрия, ботаника, биология, Science(Илм), экология ва асосҳои фанновариҳои иттилоотӣ, яъне улуми компютерӣ ба забони англисӣ дарс дода мешаванд ва фанҳое, чун ҳуқуқ, Инсон ва ҷомиа, забон ва адабиёт ва тарбияи ҷисмонӣ– ба тоҷикӣ. Забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ таълим дода мешавад. Дар барнома забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ таълим дода мешавад ва таълими алифбои ниёгон ҳам ҳаст дар синфи 7.”

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон моҳи майи соли равон эълон кард, ки литсейҳои туркиро, ки таҳти пуштибонии ширкати «Шалола» амал мекарданд, барҳам медиҳад ва дар заминаи он мактабҳои хонандагони болаёқат таъсис дода мешаванд. Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон шаш литсей дошт ва ҳамчунин сарпарастии литсейи байналмилалии Душанберо бар ӯҳда дошт.

"Шалола" аз муассисаҳои таҳти нуфузи ҳаракати дар Туркия пурнуфузи “Хизмет” дониста мешавад. Муассис ва роҳбари ҳаракати “Хизмет” рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гулен аст, ки аз солҳои 90 дар Амрико ба сар мебарад. Ӯ ибтидо аз ёрони раҳбари кунунии Туркия Раҷаб Эрдуғон ном бурда мешуд, вале дар солҳои охир бо ҳукумат мушкил пайдо кард ва ӯро ба ташкили гурӯҳҳои террористӣ ва як «ҳукумати параллелӣ аз ҳисоби шогирдони мактабҳояш айбдор карданд.

Соли гузашта як додгоҳи Туркия ҳатто ҳукми ҳабси Гуленро содир кард. Дар пайи ин, мактабҳои марбут ба ҳаракати «Хизмет» дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Озарбойҷон, Габон ва Сенегал баста шуданд ва як нашрияи Туркия навишт, ки раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз мақомоти Косово, Конго, Қазоқистон, Сомалия, Ҷопон ва Тоҷикистон низ хостааст, то фаъолияти мактабҳои Гуленро «маҳдуд» кунанд.

ВАЗИРИ МАОРИФ: "ДИГАР ЛИТСЕЙИ ТУРКӢ НЕСТ" (АЗ БОЙГОНӢ)

Таҳсил дар литсейҳои туркӣ ибтидо бепул буд, вале баъдан пулакӣ шуд ва дар ин авохир нархи як моҳи таҳсилаш ба 750 сомонӣ (бидуни андоз аз арзиши изофа) расид. Аммо нархи таҳсил дар мактаби нав шояд назар дар давраи литсейи туркӣ биафзояд. Насимҷон Туманов гуфт, аз як тараф, сабаби ин боло рафтани нархҳо ва қурби асъор аст ва аз тарафи дигар, инки як қисми хароҷоти литсейро ширкати “Шалола” мепӯшонд ва ҳоло, баъди рафтани ин ширкат, бори харҷи мактаб пурра ба гардани худи ин муассиса ва вазорати маориф меуфтад. Аммо ӯ гуфт, нархи нави таҳсил танҳо баъди мувофиқа бо вазорати маориф ва Оҷонсии зиддиинҳисорӣ дақиқ хоҳад шуд.

Литсейи Ҳоҷӣ Камол аз хушномтарин мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ба шумор мерафт ва шогирдонаш дар соли таҳсили 2014-2015 дар Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 14 медал – 5 нишони тило, 8 нуқра ва 1 биринҷӣ – ба даст оварда буданд. Насимҷон Туманов мегӯяд, онҳо умедворанд, ки мактаби нав ин номи баландро ҳифз хоҳад кард: “Мо кӯшиш мекунем, ки беҳтару хубтар шавад, чунки дар мактаби мо як системаи таълимии ҷойнишаста вуҷуд дорад ва мо корро аз рӯи ҳамон система идома медиҳем.”

Аммо табдили литсейи туркӣ ба мактаби хонандагони болаёқат бархе аз волидони онҳоеро, ки инҷо таълим мегиранд, дар ташвиш андохтааст. Яке аз волидон бидуни бурдани ном дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳарчанд пули таҳсили солонааш дар як сол то ба 1700 доллар расида буд, боз ҳам шароити таҳсил дар литсей хуб буд. Лекин агар ҳоло системааш нофаҳмост, аз омӯзгорони қаблӣ касе намонаду боз пули зиёдтар талаб кунанд, кӣ розӣ мешавад? Мактаби президентӣ ҳоло одам надораду...”

Як хонандаи литсейи Ҳоҷӣ Камол низ ба Озодӣ гуфт, бархе аз ҳамсабақони ӯ баъди табдили он ба мактаби хонандагони болаёқат аз ин мактаб рафтанианд, чунки ба ояндаи ин мактаб итминон надоранд.

Аммо Бижан Муҳиддинов, толибилми синфи 12 мегӯяд, бо вуҷуди ҳама сарусадоҳо ӯ дар ин мактаб мемонад: “Литсейи туркӣ тавре буд, ҳамон тавр мемонад. Аз мактаб рафтани муаллимони пешина ин маъноро надорад, ки сифати таҳсил паст мешавад. Система ҳамон система мемонад. Фақат инки муаллимон шояд бираванд аз инҷо. Байни бачаҳо ин гапҳо ҳаст, ки сифати таҳсил паст мешавад, вале ман ин хел фикр намекунам. Муаллимони тоҷик бо ҳамон система кор карда метавонанд, чунки бисёрии онҳо худ литсейи туркиро хатм кардаанд ва одат кардагианд ба ин система.”

Фаъолияти литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон аз соли 1993 баъди бастани як шартномаи 10-сола бо ҳукумати ин кишвар оғоз мегирад. Дар соли 2003 ин шартнома барои 10 соли дигар тамдид шуд. Вале баҳси тамдиди дигарбораи шартнома бо ширкати “Шалола” тақрибан аз соли 2013 ба ин тараф қариб 2 сол тӯл кашид ва дар ниҳоят бо эълони “мувофиқа” бо ширкати “Шалола” дар бораи табдили литсейҳои он ба мактабҳои хонандагони болаёқат, ки зери назари вазорати маориф ва илми Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард, анҷом ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG