Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Горди президентии Туркия барҳам дода шуд


Горди раёсати ҷумҳури Туркия. Акс аз бойгонӣ.

Горди раёсати ҷумҳури Туркия. Акс аз бойгонӣ.

Нахуствазири Туркия гуфтааст, ки мақомҳои он кишвар дар вокуниш ба табаддулоти нокоми ҳафта гузашта, ният доранд Горди раёсати ҷумҳуриро барҳам диҳанд.

Оқои Йилдирим дар баёнияе эълом кард, ки Горди раёсати ҷумҳури Туркия дигар вуҷуд нахоҳад дошт, зеро ки ба гуфтаи вай, "на ҳадафе дорад ва на ниёзе ба он ҳаст."

Нахуствазири Туркия рӯзи 23 июл гуфтааст, ки "мо тасмими худро гирифтаем. Ҳеҷ ниёзе ба Горди президентӣ нест. Ҳеҷ далеле ҳам надорад, ки идома дошта бошад. Горди раёсати ҷумҳурӣ барҳам хоҳад хӯрд."

Ба гуфтаи Биналӣ Йилдирим, аъзои Горди президентӣ аз ҷумлаи касоне буданд, ки дар ҷараёни табаддулоти нокоми низомӣ вориди шабакаи телевизионии TRT шуданд. Онҳо муҷрии барномаро маҷбур карданд, ки баёнияи табаддулотгаронро барои бинандагони бихонад.

Аз ҳудуди 2500 нафар сарбозу афсари Горди раёсати ҷумҳури Туркия ҳадди ақал 283 нафар ба иттиҳоми ширкат дар табаддулоти нокоми ҳафтаи гузашта боздошт шудаанд.

Рӯзи шанбеи дар идомаи поккорӣ ва барканориҳои густурдаи сартосарӣ дар Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури он кишвар, фаъолияти беш аз ҳазор мактаби хусусӣ ва 15 донишгоҳро қатъ кард. Ҳамаи ин ниҳодҳо аз сӯи ҳукумати Туркия муттаҳам ба робита бо Фатҳуллоҳ Гулен ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, нерӯҳои амниятии Туркия дар идомаи вокуниши ҳукумат ба табаддулоти нокоми низомиён, яке аз аъзои хонаводаи Фатҳуллоҳ Гуленро боздошт кардаанд. Тибқи гузоришҳо, ҳамчунин яке аз "дастёрони баландоя"-и Фатҳуллоҳ Гулен низ боздошт шудааст.

Фатҳуллоҳ Гулен, ки ҳоло дар Амрико зиндагӣ мекунад, аз муҳимтарин ва бонуфузтарин чеҳраҳои мухолифи Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба шумор меравад. Пас аз шикасти табаддулоти низомиён дар Туркия, ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон ӯ ва ҷунбиши "Хидмат"-ро муттаҳам кард, ки ин кудаторо роҳандозӣ кардаанд. Аммо Фатҳуллоҳ Гулен ин иттиҳомро рад кардааст. Ҳукумати Туркия ҳамчунин ҷунбиши "Хидмат"-ро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ ҷой додааст.

Гуфта мешавад, ки дар таърихи навини Туркия низомиён чаҳор бор даст ба табаддулоти давлатӣ заданд ва сетои онҳо муваффақ буданд. Охирин кудатои низомӣ соли 1997 сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG