Пайвандҳои дастрасӣ

Путин: Туркия аз кори кардааш пушаймон хоҳад шуд


Владимир Путин дар паёми солонааш гуфт, Русия суқути ҳавопаймои ҷангиаш аз сӯи Туркияро фаромӯш нахоҳад кард.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 3 декабр дар паёми солонааш ба ҳарду маҷлиси парлумон ва ба мардум гуфт, Русия суқути ҳавопаймои ҷангиаш аз сӯи Туркияро фаромӯш намекунад ва Туркия аз коре ки кард, пушаймон хоҳад шуд. Путин гуфт, посухи Маскав ба ин қазия танҳо бо таҳримоти иқтисодӣ маҳдуд нахоҳад шуд.

Путин гуфт: "Агар касе фикр кунад, ки бо анҷоми ҷинояти ҷангии нангин ва куштани одамони мо танҳо бо помидор халос мешаванд ваё бо чанд маҳдудият дар риштаи сохтмону риштаҳои дигар, онҳо хеле сахт хато мекунанд. Мо боз на як бору ду бор ба ёдашон хоҳем расонд, ки онҳо чӣ карданд. Ва онҳо боз чандин бор аз кардаашон пушаймон хоҳанд шуд."

Путин масъулияти суқути ҳавопаймои СУ-24 дар таърихи 24 ноябр дар марзи Туркия бо Сурияро ба дӯши “як бахши доираҳои ҳокими Туркия” бор кард ва гуфт, Русия “масъулияти пурра” барои кушта шудани низомиҳояшро ба дӯши ҳамин доираҳо мегузорад, на ба дӯши тамоми мардуми, ба гуфтаи Путин, “хайрхоҳ ва меҳнатдӯст”-и Туркия.

Путин бори дигар раҳбарони Туркияро ба пуштибонӣ аз террористҳо айбдор кард. Ӯ гуфт: “Мо медонем, ки кӣ дар Туркия ҷайби худро пур мекунад ва ба террористҳо низ имкони пул кор кардан фароҳам овардааст.”

Путин ҳамчунин гуфт, "фақат Аллоҳ медонад, ки Туркия чаро даст ба ин кор зад" ва дар натиҷа, ба таъбири ӯ, "Туркияро Аллоҳ ба ин рӯз расонд."

Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 3 декабр гуфт, Туркия шавоҳиде дар даст дорад, ки Русия дар тиҷорати ғайриқонунии нафт бо "Давлати исломӣ" даст дорад. Эрдуғон дар паӣми телевизиониаш гуфт, "мо дар даст шавоҳид дорем. Мо онҳоро барои дунё боз хоҳем кард."

Як рӯз пеш Эрдуғон иддаои низомиҳои Русияро, ки раҳбарияти Туркия ва шахсан ӯву аҳли хонаводаашро ба даст доштан дар тиҷорати нафт бо ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” айбдор карданд, “тӯҳмат” номид. Эрдуғон, ки рӯзи 2 декабр дар Донишгоҳи Доҳа, пойтахти Қатар сӯҳбат мекард, гуфт, “ягон нафар, аз ҷумла Русия, ҳақ надорад ба Туркия тӯҳмат бизанад.”

Эрдуғон ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи Доҳа

Эрдуғон ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи Доҳа

Эрдуғон бори дигар такрор кард, ки агар Русия далеле дар бораи даст доштани ӯ дар тиҷорати нафт бо “Давлати исломӣ” ва таъмини терроризм биорад, омода аст, аз мақомаш истеъфо бидиҳад. Эрдуғон қабл бо изҳори омодагӣ ба истеъфо аз ҳамтои русаш Владимир Путин суол карда буд, ки агар далели даст доштани вай дар таъмини терроризм собит нашавад, оё худи Путин омода ҳаст, ки ба истеъфо биравад?

Эрдуғон ҳамчунин гуфт, хостори боз ҳам бад шудани равобити Туркия бо Русия нест, вале “агар Русия ин хатти машши худро идома диҳад, мо ҳам маҷбур мешавем иқдом кунем.”

Ситоди кулли артиши Русия рӯзи 2 декабр бо баргузории як нишасти хабарӣ, далелҳои, ба гуфтаи низомиҳои рус, “собиткунанда” дар бораи дар таъмини терроризм даст доштани раҳбарони Туркияро намоиш дод. Бино ба иддаои низомиҳои Русия, ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” “нафти кишварҳои Сурияву Ироқро медузданд” ва ба Туркия мефурӯшанд. Дар Туркия, тавре генералҳои рус иддао карданд, тиҷорати нафт таҳти назорати хешовандони президенташ Эрдуғон қарор дорад.

Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов дар ин нишасти хабарӣ гуфт, яке аз писарони Эрдуғон машғули интиқоли нафт мебошад. Антонов зоҳиран Билол – писари сеюми раисиҷумҳури Туркияро дар назар дорад, ки молики ширкати нафтии BMZ Group Denizcilik аст. Бино ба маълумоти ироакардаи вазорати дифои Русия, ин ширкат ба ҳамлу нақли нафти “Давлати исломӣ” машғул аст.

Анатолий Антонов ҳамчунин аз домоди Эрдуғон – Барот Албайрақ ёдовар шуд, ки дар ҳукумати нави Туркия мақоми вазири энергетикаро дорад. Низомиҳои рус инро низ як намунаи фасоди идорӣ дар сатҳи олии раҳбарияти Туркия унвон карданд.

Аммо бо вуҷуди изҳороти батакрор дар бораи вуҷуди “далелҳои собиткунанда” дар нишасти хабарии ситоди кулли артиши Русия ба ҷуз аз чанд акси моҳвораӣ ва харитае, ки ба гуфтаи онҳо, се масири асосии қочоқи нафт аз сӯи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” ба самти Туркияро нишон медиҳанд, далели дигаре ба хабарнигорон ироа нашуд.

Ин радубадалҳои навбатии лафзӣ байни мақомоти Русияву Туркия дар паманзари танишҳои шадидест, ки равобити ин ду кишвар дар рӯзҳои охир дучор шудаанд. Ин танишҳо аз қазияи суқути ҳавопаймои СУ-24-и артиши Русия дар марзи Туркия бо Сурия оғоз мегирад. Дар пайи суқути ин ҳавопаймо дар таърихи 24 ноябр як халабони рус ҳангоми фуруд омаданаш дар қаламрави Сурия аз тири чирикиҳо кушта шуд.

Туркия мегӯяд, ҳавопаймои русӣ, ки дар амалиёти низомии кишвараш дар Сурия ширкат дошт, баъди вурудаш ба ҳарими ҳавоии Туркия ва дар пайи сарфи назар кардани ҳушдорҳои батакрор зада шуд. Русия исрор меварзад, ки ҳавопаймояш дар ҳарими ҳавоии Сурия суқут дода шудааст.

Президенти Русия Путин суқути ин ҳавопайморо “ханҷар аз пушт” номид ва ахиран гуфт, Туркия зоҳиран ба хотири ҳимоят аз фоидаҳое, ки аз тиҷорати нафти қочоқӣ бо созмони “Давлати исломӣ” ба даст меорад, чунин иқдом кардааст.

Маскав тақозо дорад, ки Анкара барои суқути ин ҳавопаймо расман узр бихоҳад. Аммо сарони Туркия батакрор гуфтаанд, ки дар қазияе ки ҳақ ба ҷониби онҳост, узр нахоҳанд пурсид.

Дар пайи сарпечии Туркия аз узрхоҳӣ Маскав таҳдид кард, ки алайҳи Туркия як силсила таҳримоти иқтисодиву дипломатӣ ҷорӣ мекунад.

Русия алакай эълон кардааст, ки аз соли нав равуои бидуни визаро барои шаҳрвандони Туркия лағв ва истихдоми шаҳрвандони Туркия барои кор дар корхонаҳову ширкатҳои Русияро манъ мекунад. Ҳукумати Русия ахиран рӯйхати маҳсулоти асосан кишоварзии Туркияро нашр кард, ки воридоташон низ аз 1 январ манъ мешавад. ИН “рӯйхати сиёҳ” маҳсулоте, чун аз гӯшти мурғ ва мурғи марҷон, гулҳои мехчагул, помидору томат, пиёз, карам, брокколи, бодирингу корнишон, афлесун, мандарин ва анвоъи дигари меваҳои ситрусӣ, ангур, себ, нок, шафтолу, зардолу, олу, земляникаву клубника ва намаки сохти Туркияро дар бар мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG