Пайвандҳои дастрасӣ

Мактаби хонандагони болаёқат ба ҷойи литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон


Нуриддини Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон

Нуриддини Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон

Нуриддини Саид, вазири маориф ва илм гуфт, аз сентябри соли ҷорӣ тамоми литсейҳои туркӣ дар кишвар ба "мактабҳои хонандагони болаёқат" табдил шуда, таълими забони туркӣ низ лағв мегардад.

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ литсейҳои туркии марбут ба ҳаракати Фатҳуллоҳ Гулен ба "мактабҳои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" табдил хоҳад шуд. Ба қавли онҳо, тамоми харҷи ин мактабҳо чун дар гузашта аз ҳисоби пули таҳсили хонандагон ҷамъоварӣ мешавад.

Нуриддини Саид, вазири маориф ва илм, низ рӯзи 20 май дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина бо созмони "Шалола", ки фаъолияти тамоми литсейҳои туркӣ дар кишварро идора мекунад, ба мувофиқа расида, дар ҳоли таҳияи санадҳои ҳуқуқиянд. Аммо вазири маориф ва илм гуфт, онҳо талош хоҳанд кард, сифати таълим дар ин мактабҳои маъруфи туркӣ коҳиш наёбад.

"Ният дорем, бо шаҳрвандони Туркия, ки аз табиатшиносӣ, физиака, кимиё ва математика дар ин мактабҳо дарс мегуфтанд, қарордод

баста, аз нерӯи онҳо истифода кунем. Ҳатто аз Бангладеш, Покистон ва Русия низ мутахассисонро даъват карданӣ ҳастем, ки ба забони русӣ ва англисӣ ба ҷавонони мо дарс гӯянд,"--афзуд Нуриддини Саид.

Абдуҷаббор Алиев, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ҳатто таълими забони туркӣ аз нақшаи таълимии ин муассисаҳо берун карда шудааст. Алиев илова кард, "ин муассисаҳо, ки муштарак буданд, таълими забони туркӣ ба нақшаи таълимӣ ворид шуда буд, ҳоло дигар вазорат зарурати дар нақшаи таълимӣ будани ин фанро намебинад."

Насим Туманов, мудири мактаби муштараки тоҷикию туркии ба номи "Ҳоҷӣ Камол" дар Душанбе мегӯяд, аз ин гапу хабарҳо огоҳанд, аммо ба таври расмӣ дар ин бора санаде нагирифтаанд. "Фақат дар мулоқоташ вазир бо мо ҳамин чизҳоро зикр карда буд ва ин таклиф ҳам аз ҷониби намояндагони ширкат ва ҳам вазорати моариф шуда буд, вале ҳоло мо дар даст ягон ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи ин тағйиротро надорем,"-гуфт ӯ.

Ҳарчанд вазири моариф ва илм ба он таъкид мекунад, ки сифати таълим дар ин мактабҳо тағйир нахоҳад ёфт, аммо аксар мусоҳибони мо дар ҳамин сатҳ нигаҳ доштани сифати таълим ва нуфузи мактабҳои муштараки тоҷикӣ-туркиро дар гумон медонанд. Ба қавли ҷавононе, ки бо низоми таълими ин мактабҳо огоҳанд, эҳтимол бо давлатӣ шудани литсейҳои туркӣ ва табдил шудани ному мақоми онҳо, сифати таълим дар ин мактабҳо ҳам дигар шавад.

Хуршед, хатмкардаи яке аз литсейҳои туркӣ гуфт, "системаи таълими фанҳои дақиқ бо забони англисӣ ва дигар шеваи кори ин матаб аслан беҳтарин буд. Агар ин мактабҳоро ҳам тағйир додан мехоҳанду маҳаллӣ мешаванд, бояд ин низом нигаҳ дошта шавад, агарчӣ таҷрибаи якчанд соли ахир нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди зиёд шудани литсейҳои хусусии маҳаллӣ, боз ҳам кори мактабҳои туркӣ дигар аст."

Абдуазими Абдуваҳҳоб

Абдуазими Абдуваҳҳоб

Абдуазими Абдуваҳоб таҳлилгари ҷавони тоҷик, мегӯяд, ба он мувофиқ аст, ки ин мактабҳо назорат шаванд, чун ба андешаи ӯ мактабҳои туркӣ, фаротар аз як мактабанд ва ба тариқати мазҳабӣ рабт доранд. Аммо, ба назари ӯ, ҳам ҳукумати Тоҷикистон бояд, сифати таълим дар ин мактабҳоро нигоҳ бидорад, вагарна онҳо аз мактабҳои одӣ тафовут нахоҳанд дошт.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи туркии "Daily Sabah" дар шумораи 19 майи худ навишт, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон -- раисиҷумҳури Туркия аз раҳбарони чанд кишвар, аз ҷумла сарони Озарбойҷон, Сенегал, Габон, Косово, Конго, Қазоқистон, Сомалия, Ҷопон ва Тоҷикистон хостааст, ки фаъолияти мактабҳои зери ҳимояти ҳаракати "Хизмет"-ро, ки раҳбарии онро рӯҳонии фирорӣ Фатҳуллоҳ Гюлен ба дӯш дорад, маҳдуд намоянд. Фатҳуллоҳ Гюлен, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, аз сӯи ҳукумати

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

исломгарои Туркия бо раҳбарии Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ба фаъолиятҳои “ғайриқонунӣ” ва талоши сарнагун кардани ҳукумати мунтахаби он кишвар муттаҳам мешавад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон қаблан ҳини сафарҳои хориҷии худ ба раҳбарони чанд кишвар ин паёмро расонида буд, ки ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлан қасди барканории ҳукумати мунтахабро дорад ва ҳукумати Туркия ба фаъолияти онҳо мувофиқ нест. Оқои Эрдуғон гуфта буд, ки ин ҳаракат зери ниқоби таълиму тарбия, фаъолиятҳои ғайриқонунӣ пеш мебарад.

Вале на ҳама кишварҳо, аз ҷумла муттафиқони суннатии Туркия даъвати Эрдуғонро барои бастани мактабҳои туркӣ пазируфтанд. Ин масъала дар сатҳи баландтарини ҳукумати Албания ҳафтаи гузашта баррасӣ шуд ва мақомоти ин кишвар гуфтанд, мактабҳои туркиро ба ҳеҷ сурат намебанданд. Зиёда аз ин, ба гуфтаи сиёсатмадори маъруф ва собиқ мушовири президенти Албания Илир Кулла, ин мактабҳо дар давоми 25 соли фаъолияташон дар қаламрави ин кишвар собит карданд, ки ба шогирдон баландтарин сифати таълимро фароҳам меоранд. "Мо бояд воқеъбин бошем. Давлати Албания қонунҳоро эҳтиром мекунад. Дар давоми 25 соли фаъолияти мактабҳои туркӣ дар ин кишвар собит шуд, ки ин мактабҳо донишҳои сифатан олиро пешниҳод мекунанд. Ин мактабҳо молиёт пардохт карда, мувофиқи қонунҳои ин кишвар амал мекунанд", гуфт ӯ. Бен Блуши, муовини раиси ҳизби ҳокими сотсиалистӣ дар вокуниш ба ин даъват гуфтааст: "Албания як вилояти Туркия нест. Ба навиштаи todayszaman.com, Блуши гуфтааст, ки танҳо ташкилоти аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ ба ҳайси созмонҳои байналмилалии террористӣ эътирофшударо мешавад террористӣ гуфт. Вай инчунин гуфтааст, ки ҳеҷ як президенти давлати дигар наметавонад дар ҷараёни боздид аз як кишвар чунин дархостеро аз мақомот пеш гузорад.

Вале Озарбоҷон – яке аз муттаҳидони Туркия пас аз сафари чанд вақт қабли Эрдуғон, фаъолияти ин мактабҳоро қатъ карда буд ва Габон ва Сенегал ҳам ба фаъолияти ин мактабҳо поён дода буданд. Дар моҳи январ соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки қарордоди фаъолияти ин мактабҳоро тамдид нахоҳад кард. Кишварҳои Косово, Конго, Қазоқистон, Ҷопон ва Сомалиа ҳам раванди бастани мактабҳои туркии вобаста ба ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюленро оғоз карданд.

Фатҳуллоҳ Гюлен

Фатҳуллоҳ Гюлен

Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуд. Баъдан соли 2003 муҳлати шартномаи мазкур то 10 соли дигар, яъне то соли 2013, тамдид карда шудааст. Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон шаш литсей дошта ва ҳамчунин сарпарастии литсейи байналмилалии Душанберо бар ӯҳда дорад. Нахуст фаъолияти ин литсейҳо хайриявӣ буд ва баъдан нархи таҳсил дар ин литсейҳо то ба 1000 доллари амрикоӣ барои як соли хониш боло бурда шуд.

Дар мавриди фаъолияти ин литсейҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон андешаҳо гуногун аст. Бархе аз донишмандон ин литсейҳоро барои густариши андешаҳои пантуркистиву туркпарастӣ айбдор мекунанд ва ҳатто дар саҳифаҳои матбуоти мустақили Тоҷикистон даъватҳо барои бастани фаъолияти ин мактабҳо ба нашр расида буд. Вале бархе аз соҳибназарони дигар бар инанд, ки сифати таълим дар ин литсейҳо хеле хуб аст ва шогирдон дар мактабҳои тоҷикӣ мисли ин литсейҳо имкони гирифтани дониши хубро надоранд.

Ширкати "Шалола", ки раҳбарии литсейҳои тоҷикӣ-туркиро дар Тоҷикистон ба зимма дорад, аз муассисаи зери нуфузи ҳаракати дар Туркия пурнуфузи “Хизмет” дониста мешавад. Муассис ва роҳбари ҳаракати “Хизмет” рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гулен аст, аз солҳои 90−ум дар Амрико ба сар мебарад. Ӯ ибтидо аз ёрони раҳбари кунунии Туркия Раҷаб Эрдуғон ном бурда мешуд, вале дар солҳои охир бо ҳукумат мушкил пайдо кардааст.

Дар авохири соли гузашта як додгоҳ дар Истамбул ҳукми ҳабси Гюленро содир кард ва аз пулиси байналмилалӣ -- Интерпол хост, ки ӯро ба рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯ ворид кунад. Додситонии Туркия ӯро ба ба ташкили гуруҳҳои террористӣ ва ниҳодҳои ҳамсони ҳукумат, яъне ба таъсиси як ҳукумати параллелӣ аз ҳисоби шогирдони мактабҳояш, муттаҳам мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG