Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чанде аз тарафдорони Бокаев ва Аян


Пулиси Қазоқистон рӯзи 23 октябр нагузошт, то бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар дар ҳамраъйӣ бо Макс Бокаев ва Талгат Аян тазоҳурот барпо кунанд. Ин ду нафар ба "барангехтани адоват, паҳни маълумоти бардурӯғ ва нақзи тартиби ташкилу баргузор кардани гирдиҳамоӣ" айбдор мешаванд.

Кормандони пулис иштирокдоронро дар муҳосира гирифта, чаҳор раҳбари эътирозгаронро дастгир кардаанд. Ду иштирокчии гирдиҳамоӣ баҳори соли равон низ бо айби нақзи қонуни тартиби ташкили гирдиҳамоиҳо 15 рӯз ҳабси маъмурӣ шуда буданд.

Онҳо қабл аз таҷаммӯи эътирозии 21 май дастгир шуданд, ки қарор буд, зидди ислоҳоти замин дар Қазоқистон баргузор шавад. Ислоҳоти мазкур азхудкунӣ ва ба иҷора додани заминҳои корамро ба хориҷиён иҷозат медод, ки баъди этирозҳои густардаи сокинон дар мавриди иҷрои он моратория эълон карданд.

Парвандаи Бокаев ва Аянро ҳоло додгоҳи Атирауи Қазоқистон баррасӣ дорад. Онҳо моҳи майи соли равон, баъди густардатарин тазоҳуроти зидди ислоҳоти замин дар Қазоқистон дастгир шуданд. Ин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон мегӯянд, парвандаашон ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG