Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Туркия сарнавишти Эрдуғонро ҳал мекунад


Рӯзи якшанбеи 7 июн дар Туркия интихоботи парлумоние баргузор хоҳад шуд, ки дар он аз ташкили ҳукумати нав дида, сарнавишти раисиҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон масъалаи муҳимтар хоҳад буд.

Раъйдиҳандагони турк 550 узви Маҷлиси кабири миллӣ ё парлумонро интихоб мекунанд, вале дар паси парда Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия шадидан талош дорад, пирӯзии ҳалкунандаи ҳизби худро таъмин намояд. Бе ин Эрдуғон, нахоҳад тавонист, ба ҳадафи асосии худ -- табдили низоми нахуствазирӣ ба президентӣ даст ёбад. Барои ин ҳизби ӯ бояд аз се ду ҳиссаи курсиҳои парлумонро соҳиб шавад.

Агарчӣ дар рақобатҳои интихоботи парлумонии ҳафтуми июн дар Туркия 30 ҳизб ҳузур доранд, аммо чаҳор ҳизб -- Ҳизби адолат ва тавсеа бо раҳбарии Эрдуғон, Ҳизби демократи халқ, Ҳизби миллигароёни Туркия ва Ҳизби ҷумҳурӣ, нерӯҳои аслӣ дар ин интихобот ба шумор мераванд.

Тибқи назарсанҷиҳои мавҷуд дар бораи ин интихобот, натиҷаҳои ба дастомада фарқи зиёде аз интихоботи гузашта надоранд. Бар асоси ин назарсанҷиҳо, Ҳизби адолат ва тавсеа байни 40 то 45 дарсад, Ҳизби ҷумҳурӣ байни 25 то 29 дарсад, Ҳизби миллигарои Туркия байни 15 то 19 дарсадро ба даст хоҳанд овард. Аммо тағйири муҳим ва асосӣ дар интихоботи оянда, чигунагии ширкати курдҳо дар ин интихобот аст.

Раиси маркази омӯзишҳои иқтисодӣ ва сиёсати дохилӣ дар Истанбул Сиган Улген мегӯяд, ки Эрдуғон, ки дар моҳи августи соли гузашта дар интихоботи президентии он кишвар ба пирӯзӣ расид, ҷонибдори тағйири низоми парлумони ба президентӣ аст, мехоҳад бахши умдаи ҳукуматро дар ихтиёр бигирад. Дар асоси қонуни Туркия, салоҳиятҳои раиси ҷумҳури он кишвар бештар рамзӣ мебошанд.

Ҳизби адолат ва тавсеаи Туркия дар ҳоли ҳозир 311 курсиро дар парлумони он кишвар дар ихтиёр дорад. 125 курсии дигар дар ихтиёри Ҳизби мухолифи ҷумҳурӣ қарор дорад. Курсиҳои дигар миёни аҳзоби хурд ва афроди мустақил тақсим шуданд.

Ҳизби Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз соли 2002 ба ин тараф дар Туркия қудратро дар даст дорад. Таҳлилгарон чанд омили уфти маҳбубияи Эрдуғон ва ҳизби ӯро номбар мекунанд. Иттиҳоми густурда доир ба фасод, иқтисоди заъифи Туркия ва сатҳи баланди бекорӣ дар ин кишвар, ки наздики 11, 3 дарсадро ташкил медиҳад ва дар панҷ соли ахир аз ҳама нишондиҳаниди баланд аст, аз ҷумлаи иттиҳомот алайҳи ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон мебошанд

Обрӯи Эрдуғон дар натиҷаи андешидани тадобири сахт алайҳи тазоҳуркунандагон дар Истанбул дар робита ба лоиҳаи аз байн бурдани парки Ғозӣ дар пойтахт доғдор шуд. Дар миёни ин тадобири шадид, қабул кардани қонунҳои сахтгирона аст, ки ба пулис имкон медиҳад, алайҳи тазоҳуркунандагон аз силоҳ кор бигиранд ва онҳоро бидуни ҳукми суд боздошт бикунанд,

Ба гуфтаи коршиноси турк Сиган Улген, рушди босуръати ҳизбҳои хурд, аз ҷумла Ҳизби курдгарои демократи халқ бо раҳбарии Салоҳиддин Демиртош ба талошҳои ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа дар ба даст овардани аксарияти курсиҳо дар парлумон халал мерасонад. Ба навиштаи Associated Press, дар замони Демитоши 42 сола, ки як адвокат ва ҳомии ҳукқуи инсон мебошад, Ҳизби курдгарои демократи халқ нуфузи худро берун аз минтақаҳои курднишин ҳам тавсеа дод

Дар интихоботҳои гузашта курдҳо ба сурати номзадҳои мустақил дар интихобот ширкат мекарданд, ва агарчи муттаҳам мешуданд, ки аз сӯи созмони Абдуллоҳ Оҷалон ҳимоят мешаванд, аммо бо вуҷуди ин ҳама вориди парлумон мешуданд. Аммо барои интихоботи оянда курдҳои Туркия тасмим гирифтанд, ки ба шакли ҳизби сиёсӣ вориди интихобот шаванд ва номзадҳои мустақил надошта бошанд.

PKK ҳам эълон кардааст, ҳеҷ курде ҳаққ надорад ба ғайр аз Ҳизби демократи халқ ба дигарон раъй бидиҳад. Ҳадаф аз ин баёния ин аст, ки курдҳо набояд ба аъзои курди Ҳизби адолат ва тавсеа, ки худро дар минтақҳои курднишин номзад кардаанд, раъй бидиданд. Ин кор барои барои курдҳо метавонд як қимори сиёсии бузурге бошад, ки натиҷаи он бо касби ҳудуди 55 дарсдаи курсиҳои парлумони оянда аст ё аз даст додани ҳама курсиҳои худ.

Зеро тибқи Қонуни интихоботи Туркия ҳар ҳизби ки вориди муборизаи интихоботи мешавад, бояд ҳадди ақал 10 дарсади маҷмуи кулли оро дар сатҳи кишварро ба даст оварад ва дар ғайри он орои он ба нисбати саҳми ҳар як аз аҳзби пирӯз дар интихобот, байни онҳо тақсим хоҳад шуд. Ин қимори сиёсӣ ба он маъност аст, ки дар сурати ба даст наовардани 10 дарсади оро дар ҳамаи Туркия аз сӯи Ҳизби демократи халқ, орои он байни Ҳизби адолат ва ҳизбҳои боқимонда тақсим хоҳад шуд, ки дар натиҷа саҳми ҳизби Эрдуғон аз ҳама бештар хоҳад буд ва натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2011 такрор хоҳад шуд.

Аммо дар сурати пирӯзии Ҳизби демократи халқ бо пеш аз 10 дарсади оро, Ҳизби адолат ва тавсеа бо мушкилоти асосӣ рӯбарӯ хоҳад шуд ва на фақат наметавонад ҳадафи Эрдуғон барои тағйири низоми сиёсиро амалӣ насозад, балки ҳатто қодир нахоҳад буд, ба танҳои кобинаи ояндаро ташкил диҳад.

Ҳизби адолат ва тавсеа аз соли 2002 то ба ҳол яккатози майдони сиёсии Туркия буда ва тавонистааст ба танҳоӣ ҳукуматро тайи ин солҳо ташкил диҳад. Бисёре аз коршиносон дар Туркия ба ин назар ҳастанд, ки ба даст овардани даҳ дарсади оро аз сӯи Ҳизби демократи халқ, дар ин интихоботи оянда мушкил аст, аммо чунин иттифоқе сурат бигирад, метавонад муодилаи сиёсии дохили Туркия ва берун аз онро тағйир бидиҳад.

Ин аст, ки Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия ва раҳбари Ҳизби адолат ва тавсеа аҳзоби мухолифро муттаҳам кард, ки "бар алайҳи Ҳизби адолат ва тавсеа бо якдигар муттаҳид шудаанд." Акнун аҳзоби мухолиф бар расидани курдҳо ба 10 дарсади "тиллоӣ"-и оро умед бастаанд ва роҳи истодан дар баробари Ҳизби адолат ва тавсеаро аз ин тариқ ҷустуҷӯ доранд.

Ба навиштаи таҳлилгари турк Сиген Улген, ду сенарияи имконпазири ташкили эътилофи Ҳизби адолат ва тавсеа вуҷуд дорад. Яке ин, ки бо Ҳизби миллигарои Туркия эътилоф ба миён ояд, ки мухолифи сулҳ бо курдҳо ҳаст ва ин сенарияи бештар ба воқеият наздик мебошад.

Аммо сенарияи дувум ташкили эътилоф миёни Ҳизби тавсеа ва адолат бо Ҳизби ҷумҳури мебошад. Ба гуфтаи ин таҳлилгари турк, агар ҳизби Эрдуғон бо Ҳизби ҷумҳурӣ эътилоф намояд, ин оғози анҷоми талошҳои вай барои барқарор кардани низоми президентӣ дар Туркия мебошад.

XS
SM
MD
LG