Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 000 $ - барои куштани имоми “гапногир”


Мақолаи "Yeni shafak" дар бораи қотилони Абдуллоҳ Бухорӣ
Мақолаи "Yeni shafak" дар бораи қотилони Абдуллоҳ Бухорӣ

Матбуоти Туркия менависад, ки як афсари хадамоти амниятии Узбакистон ба қотили рӯҳонии узбак Абдуллоҳ Бухорӣ, 200 000 доллар "ҳаққи хидмат" додааст.

Нашрияи туркии “Yeni Shafak” рӯзи 25 феврал дар як матлаб таҳти унвони “Tetıkçiye 200 bın dollar” ( “200 000 доллар ба тирандоз”) бо такя ба маълумоти тафтишотӣ навишт, ки Собир Шукуров ном афсари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба Элдор Аслан, гумонбари асосӣ дар қатли рӯҳонии мухолифи узбак Мирзоғолиб Ҳамидов, маъруф ба Абдуллоҳ Бухорӣ 200 ҳазор доллар додааст.

Абдуллоҳ Бухорӣ бар асари як сӯиқасд рӯзи 10 декабри соли 2014 дар маҳаллаи Зайтурбуруни шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд.

Ин акс аз наворест, ки лаҳзаи қатли рӯҳонии узбакро сабт кардааст. Акс аз "Yeni Safak"
Ин акс аз наворест, ки лаҳзаи қатли рӯҳонии узбакро сабт кардааст. Акс аз "Yeni Safak"

Ҳамдӣ Кучукуғлу, муаллифи мақола дар “Yeni Shafak” ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, “ҳанӯз як моҳ қабл аз ин ҷиноят Собир Шукуров дар Анталия бо Элдор Аслан мулоқот карда буд. Сипас онҳо дар бораи нархи ин куштори фармоишӣ ба тавофуқ расиданд. Нархи ин куштор 200 000 доллар муқаррар шуд. Дар ҷараёни мурофиа баъзе ҷузъиёт рӯи об баромад ва маълум шуд, ки Умид Аминов бо лақаби “Тигран Каплан” ин 200 000 долларро қисм ба қисм ба суратҳисоби бонкии машъуқаи қотил гузарондааст.”

Ба гуфтаи ин хабарнигори огоҳ аз ҷараёни тафтиш ва мурофиаи парвандаи қатли Абдуллоҳ Бухорӣ, дар маҷмӯъ барои ташкили сӯиқасд ба ҷони ин рӯҳонии мухолиф гурӯҳи иборат аз 20 нафар аз Русияву Украина ба Туркия омада буданд. Ӯ мегӯяд, маҳз Собир Яъқубович Шукуров, ки ба ин гурӯҳ рабт дошт ва гумонбар дар ташкили сӯиқасд ба ҷони Абдуллоҳ Бухорӣ шумурда мешавад, Элдор Аслани 35-соларо барои иҷрои ин сӯиқасд интихоб кардааст.

Ҳамдӣ Кучукуғлу бо такя ба баёноти Элдор Аслан дар додгоҳ мегӯяд, ки ӯ ҳанӯз севуним моҳ қабл аз куштани имом Бухорӣ бо Собир Шукуров тавассути марде бо номи Султон шинос шуда буд. Рӯзи 14 ноябри соли 2014 Шукуров ва Аслан дар Анталия мулоқот карда, сипас бо як мошини кироя ҳамроҳ ба Анқара рафтаанд.

Ҳуҷҷати ронандагии Собир Шукуров
Ҳуҷҷати ронандагии Собир Шукуров

Собир Шукуров баъди кушта шудани Абдуллоҳ Бухорӣ дар меҳмонсарое дар минтақаи Оқсаройи Истамбул дастгир шуд. Аз ӯ ҳангоми кофтукоб ҳуҷҷати ронандагиеро пайдо кардаанд, ки дар Узбакистон дода шудааст. Элдор Аслан низ дар боздошт аст, вале Умид Аминов тавонистааст фирор кунад.

Ҳоло мурофиаи парвандаи қатли Абдуллоҳ Бухорӣ дар додгоҳи минтақаи Боқиркӯйи шаҳри Истамбул идома дорад. Дар ин додгоҳ ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Умид Аминов, мулаққаб ба “Тигран Каплан”, нафаре, ки 200 000 доллар “ҳаққи хидмат”-и қотили ин рӯҳониро ба ҳисоби бонкии машъуқаи Элдор Аслан гузарондааст, дар ғайбаш ҳамчун ташкилкунандаи сӯиқасд ба таъмини молии қотил айбдор мешавад.

Абдуллоҳ Бухорӣ
Абдуллоҳ Бухорӣ

Абдуллоҳ Бухорӣ, ки дар синни 38 кушта шуд, соли 1976 дар оилаи рӯҳонӣ дар ноҳияи Шаҳрихони Андиҷон ба дунё омадааст. Вай 8 сол пеш ба Туркия ҳиҷрат кардаву дертар шаҳрвандии Туркияро низ ба даст овардааст. Абдуллоҳ Бухорӣ дар минтақаи Зайтунбуруни Истамбул 8 мадраса боз карда буд, ки дар онҳо шаҳрвандони Туркия, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таълим мегирифтанд.

Бо оғози нооромиҳо дар Сурия ин рӯҳонӣ шадидан зидди режими Башор Асад садо баланд мекард. Аммо баъд аз нашр шудани наворҳои бераҳмиҳои гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ин имом лаҳни худро тағйир дод ва қатли ҳазорон нафар мусулмонро аз тарафи "Давлати исломӣ" маҳкум кард.

Абдуллоҳ Бухорӣ дар мавзъизаҳояш аз сиёсати ҳукумати Узбакистон бахусус дар масоили динӣ сахт интиқод мекард. Чанде қабл аз кушта шуданаш ӯ дар Интернет навореро нашр кард, ки дар он мегуфт, он атбои Узбакистон, ки барои шунидани мавъизаҳои ӯ ба Истамбул меомаданд, баъди бозгашт аз сӯи мақомоти амниятии президент Ислом Каримов таҳти таъқибу фишор қарор дода мешаванд.

Ин нахустин мавриде нест, ки мақомоти амниятии Узбакистон ба ташкили сӯиқасд алайҳи мухолифони ҳукумати Каримов дар хориҷ айбдор мешаванд.

Обидхон-Қорӣ Назаров
Обидхон-Қорӣ Назаров

Дар моҳи феврали соли 2012 Обидхон-Қорӣ Назаров, як рӯҳонии дигари мунтақиди ҳукумати Узбакистон дар Шветсия ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт ва то ҳол таҳти табобат қарор дорад. Соли гузашта додгоҳи Шветсия Юрий Жуковский ном шаҳрванди Узбакистонро бо ҷурми қатли ин рӯҳонӣ ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Муфаттиши ин парванда чандин бор гуфтааст, ки дар пушти сӯиқасд ба ҷони Обидхон-Қорӣ мақомоти Узбакистон истодаанд.

Дар поёни соли 2015 Муҳаммад Солиҳ, яке аз раҳбарони мухолифини узбак, ки низ дар Истамбул ба сар мебарад, аз хунсо шудани як талоши сӯиқасд ба ҷонаш хабар дод. Ӯ гуфт, муҳофизони биное, ки ӯву хонаводааш дар ин шаҳри Туркия ба сар мебаранд, афроди машкукро дар атрофи бино дида, ба пулис хабар додаанд ва ҳамаи онҳоро дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG