Пайвандҳои дастрасӣ

Литсейҳои туркӣ аз байн рафтанд, ё танҳо номашон иваз шуд?


Бинои литсейи муштараки тоҷикиву туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол

Бинои литсейи муштараки тоҷикиву туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол

Ҳукумати Тоҷикистон литсейҳои туркиро расман ба "Литсей барои хонандагони болаёқат" табдил дод. Оё, бо ҳамин, муассисаҳои таълимии як замон маъруф аз байн рафтанд, ё фақат номашон иваз шудааст?

Ҳукумати Тоҷикистон бо имзои як қарор литсейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ, марбут ба ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюленро, ки аз муассисаҳои таълимии бонуфуз ба ҳисоб мерафтанд, расман ба "Литсей барои хонандагони болаёқат" табдил дод. То кунун шаш литсейи муштараки тоҷикӣ-туркӣ дар Душанбеву Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Қӯрғонтеппа фаъол буданд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки бо иваз шудани ном сатҳи таълим дар литсейҳои, инак, собиқи туркӣ низ ҳифз хоҳад шуд, ё бо баробари номашон аз миён хоҳанд рафт?

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки талош хоҳанд кард, то сатҳи таълим дар ин муассисаҳоро дар шакли пешинаашон нигоҳ доранд ва агар зарур ояд, аз хориҷа омӯзгорони ҳирфаиро барои кор даъват хоҳанд кард. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки қарори навро имзо гузоштааст, Вазорати маориф ва илми кишвар вазифадор карда, ки ҳоло "масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии ин муассисаҳо"-ро ҳал кунад.

Аз ин пеш масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буданд, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ литсейҳои туркии марбут ба

Фатҳуллоҳ Гюлен

Фатҳуллоҳ Гюлен

​ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен ба "мактабҳои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" табдил хоҳад шуд. Ба қавли онҳо, тамоми харҷи ин мактабҳо чун дар гузашта аз ҳисоби пули таҳсили хонандагон ҷамъоварӣ мешавад.

Нуриддини Саид, вазири маориф ва илм, ҳанӯз 20 май дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина бо созмони "Шалола", ки фаъолияти тамоми литсейҳои туркӣ дар кишварро идора мекунад, ба мувофиқа расида, дар ҳоли таҳияи санадҳои ҳуқуқиянд. ​Абдуҷаббор Алиев, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ҳатто таълими забони туркӣ аз нақшаи таълимии ин муассисаҳо берун карда шудааст.

Ҳарчанд вазири моариф ва илм ба он таъкид мекунад, ки сифати таълим дар ин мактабҳо тағйир нахоҳад ёфт, аммо аксар мусоҳибони мо дар ҳамин сатҳ нигаҳ доштани сифати таълим ва нуфузи мактабҳои муштараки тоҷикӣ-туркиро дар гумон медонанд. Ба қавли ҷавононе, ки бо низоми таълими ин мактабҳо огоҳанд, эҳтимол бо давлатӣ шудани литсейҳои туркӣ ва табдил шудани ному мақоми онҳо, сифати таълим дар ин мактабҳо ҳам дигар шавад. Дар ҳоле ки бино ба иттилои манобеи мо аз ҳоло гурӯҳи омӯзгорони хориҷии литсейҳои туркӣ аз кор рафтаанд.

Табдили номи литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон баъд аз як хабари рӯзномаи туркии "Daily Sabah" дар моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифт. Ин нашрия навишт, Раҷаб Таййиб Эрдуғон -- раисиҷумҳури Туркия аз раҳбарони чанд кишвар, аз ҷумла сарони Озарбойҷон, Сенегал, Габон, Косово, Конго, Қазоқистон, Сомалия, Ҷопон ва Тоҷикистон хостааст, ки фаъолияти мактабҳои зери ҳимояти ҳаракати "Хизмет"-ро, ки раҳбарии онро рӯҳонии фирорӣ Фатҳуллоҳ Гюлен ба дӯш дорад, маҳдуд намоянд. Гюлен, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, аз сӯи ҳукумати исломгарои Туркия ба фаъолиятҳои “ғайриқонунӣ” ва талоши сарнагун кардани ҳукумати мунтахаби он кишвар муттаҳам мешавад. Иддаое, ки баъдан мақомоти Тоҷикистон онро рад карда ва гуфтанд, ивази номи литсейҳои туркӣ тасмими онҳост, на хости Эрдуғон.

Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуд. Баъдан соли 2003 мӯҳлати шартномаи мазкур то 10 соли дигар, яъне то соли 2013, тамдид карда шудааст. Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон шаш литсей дошта ва ҳамчунин сарпарастии литсейи байнулмилалии Душанберо бар ӯҳда дорад. Нахуст фаъолияти ин литсейҳо хайриявӣ буд ва баъдан нархи таҳсил дар ин литсейҳо то ба 1000 доллар барои як соли хониш боло бурда шуд.

Дар мавриди фаъолияти ин литсейҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон андешаҳо гуногун буд. Бархе аз донишмандон ин литсейҳоро барои густариши андешаҳои пантуркистиву туркпарастӣ айбдор мекарданд ва ҳатто дар саҳифаҳои матбуоти мустақили Тоҷикистон даъватҳо барои бастани фаъолияти ин мактабҳо ба нашр расида буд. Вале бархе аз соҳибназарони дигар бар инанд, ки сифати таълим дар ин литсейҳо хеле хуб аст ва шогирдон дар мактабҳои тоҷикӣ мисли ин литсейҳо имкони гирифтани дониши хубро надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG